Ҳанӯз амиқу неку дар ёд дорад, ки ҳангоми дар ноҳияи Вахш фаъолият доштан, соли 1964 саъю талош ва ҷидду ҷаҳду кордонияшро ба назар гирифта, дар мактаби миёнаи рақами 126-и ноҳия ӯро сарвари таълимгоҳ таъйин намуданд. Устод Абдусалом Нозимов он ҳангом ҳамагӣ 27 сол дошт.
- Солҳои душворе буданд он солҳо, - мегӯяд устод ва меафзояд: - Дар мактаб ҷойи нишаст намерасид. Синфхонаҳо тангу куҳнасохт буданд. Аз ин рӯ, дар ҷамъомади падару модарон вазъиятро фаҳмонда, мададу дастгирии онҳоро дархост намудам. Ва маҳз бо ёрии сокинони деҳа синфхонаҳои иловагӣ бунёд намуда, ҳамзамон, майдончаи варзишӣ ташкил кардем. Абдусалом – амак 5 сол дар вазифаи директори мактаби номбурда хидмат карда, соли 1969 ба шаҳри Ваҳдат меояд. Азбаски соҳибтаҷриба ва мактабшиноси варзида буд, дар мактаби миёнаи рақами 17-и шаҳр ҳамчун ҷонишини директор оид ба бахши таълиму тарбия ба кор пазируфта шуд. Ба таъкиди амак, беҳтарин лаҳзаҳои умри вай дар таълимгоҳи рақами 129-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар деҳаи Лойоб ҷой гирифтааст, гузаштааст. Дар мактаби номбурда чун дар таълимгоҳи №151 (ҳоло №73)-и ноҳия А.Нозимов ба сифати директор фаъолият намуда, корҳои зиёдеро ба анҷом расондааст. Соли 1988 бо пешниҳоди устод ва дастгирии раёсати маорифи ноҳия муассисаи ибтидоии мазкур ба муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ табдил дода шуд. То он дам фарзандони сокинони деҳаи Лойоб зиёда аз 4 км роҳро тай карда, баъди хатми синфи 9 ба мактаби ҳамсоядеҳ рафта, таҳсилро идома медоданд.
Перомуни фаъолияти густурдаву самарабахши устод Абдусалом Нозимов шогирдони ӯ, аз ҷумла, омӯзгори ҳамин мактаб Зоирҷон Ёров зикр намуд, ки дар машғулиятҳои ҳаррӯзаи худ аз таҷрибаи пешқадами муаллими собиқадор ҳадафмандона истифода мекунад.
- Устод Абдусалом Нозимов ба синни 81 қадам гузошта бошанд ҳам, аммо аз мактаб ва устодону шогирдон дил канда наметавонанд. Ҳоло ҳам аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба хонандагон дарс мегӯянд. Ман, ҳамчун шогирди вафодори муаллим ба як машғулияти он кас дар синфи 9 аз фанни адабиёти тоҷик иштирок карда, таассуроти рангине ҳосил намудам.
Устод мавзӯи дарсиро, ки «Идеяи шоҳи одил ва маърифатпарвар дар «Хирадномаи Искандарӣ»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ном дошт, бо маҳорату касбияти баланд ба хонандагон фаҳмонида, аз тамоми усулу шеваҳои ҷадиди таълимию методӣ истифода карда, дарсро монанди маҳфили адабӣ рангину хотирмон гузарониданд, - гуфт омӯзгор Зоирҷон Ёров. - Ба солхӯрдагии хеш нанигариста, устод Абдусалом Нозимов ба дарсҳои омӯзгорони ҷавон даромада, ба онҳо маслиҳатҳои падарона медиҳад, камбудию норасоиҳояшонро нишон дода, ҳамзамон, муваффақиятҳояшонро хотирнишон месозад.
Хизматҳои мондагори устоди собиқадор, мактабшиноси варзида, сарвари кордон Абдусалом Нозимов бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ қадр карда шудааст. Ҳамчунин, устод соли 2004 соҳиби ордени «Шараф», дараҷаи II гардидааст.
- Лаҳзаи хотирмон ва фараҳфизо дар ҳаёти ман санаи 28 июни соли 2017 ба шумор меравад, - изҳор дошт устод А.Нозимов. - Он рӯз бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ман бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ гардидам.
Мо ба омӯзгори куҳансол, устод Абдусалом Нозимов, ки дар тарбияву ба камол расонидани шогирдони бешумор саҳми арзандаи худро гузоштаанд, тансиҳатӣ ва умри бардавом таманно мекунем .
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр