Нашрияи Омӯзгор

«Маснавихон»-ҳои беҳтарин муайян шуданд

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

Дар гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади дар рӯҳияи худшиносиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас, афзун намудани ҳурмату эҳтироми онҳо нисбат ба фарҳанги волои ниёгон, ташвиқу тарғиби мероси адабии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ густариши маънавиёти хонандагон ва дарёфти истеъдодҳои нав озмуни шаҳрии «Маснавихонӣ» баргузор гардид.

Дар озмун 33 нафар ғолиби даври мактабии озмуни «Маснавихонӣ» аз тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.

Ҷойи аввал насиби хонандагони синфи 6 –и мактаби №21 Маҳиноз Шомирзозода ва толибаи синфи 11-и литсейи «Рустамов» Насиба Ҳамроҳбоева гардид. Муҳассилини мактаби №12 Муҳаммадамин Аюбов, мактаби №26 Нигина Қаландарова ва мактаби хусусии «Пӯлодов» Мирзобаҳодур Муъминов мақоми дуюмро соҳиб гардиданд.

Хонандагони мактаби №16 Назокат Орифова, мактаби №7 Миҷгона Умарзода ва мактаби №25 Рухшона Ҳошимова ба ҷойи сеюми озмун шарафёб гардиданд.

Барои иштироки фаъолона дастпарварони мактабҳои рақамҳои 9,11, 15, 20, 24 ва гимназияи «Кавсар» барои иштироки фаъолона соҳиби сипосномаҳо гардиданд.

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш