Нашрияи Омӯзгор

Эй забон, ҳам ганҷи бепоён туӣ!

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 Суҳбат бо доктори илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён

 

 – Устоди муҳтарам! 22-юми июли соли 1989 дар натиҷаи талабу пофишориҳо ва эътирози табақаҳои гуногуни кишвар, ба вижа, зиёиён ниҳоят Қонуни ҶТ «Дар бораи забони тоҷикӣ» қабул карда шуд. Заминаҳои асосии худогоҳии миллат ва дар зимн, мақоми давлатӣ гирифтани забонро дар чӣ мебинед? Сабабу омилҳои таърихии он чӣ буд?

– Дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои навадуми асри гузашта ҷомеаи моро як навъ рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ фаро гирифта буд. Маҳз ҳамин ҳолат ва ба таъриху тамаддуни миллии худ рӯ овардани аксари рӯшанфикрон ва аҳли зиё боиси он гардид, ки ба мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Аҳли зиёи кишвар ба хубӣ эҳсос карда буданд, ки то забони тоҷикӣ дар низоми сиёсию иҷтимоии кишвар мақоми хос пайдо накунад ва аз ҷониби давлат мавриди ҳифз қарор нагирад, тақвияти худогоҳии миллӣ ва эҳёи анъанаву суннатҳои ниёгон ғайриимкон мегардад. Чунки дар муддати қариб 70 соли сиёсати Шӯравӣ ба забонҳои миллӣ ва мақому манзалати онҳо чандон таваҷҷуҳ зоҳир карда намешуд. Чунин муносибат ба раванди рушди забонҳои миллӣ дар қаламрави Шӯравӣ монеаҳои зиёде эҷод карда буд. Яъне забонҳои миллӣ дар раванди ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ чандон мавқеъ надоштанд, низоми ҳуҷҷатгузорӣ дар аксари муассисаҳои давлатӣ ба забони русӣ татбиқ мешуд, дар кӯчаву хиёбонҳо ва нақлиёти ҷамъиятии пойтахт бештар забони бегона мавқеъ дошт. Ҳамаи ин омилҳое буданд, ки барои дар замони эҳёи худшиносии миллӣ барои таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони тоҷикӣ» заминаҳои воқеӣ фароҳам меоварданд. Албатта, зимни муҳокима ва қабули қонуни мазкур андешаҳои мухолиф ва монеаҳои зиёде низ садди роҳ мешуданд. Вале афкори худшиносию худогоҳии миллӣ, таъриху фарҳанг ва адабиёти зиёда аз ҳазорсолаи миллати тоҷик, ки зинатафзои адабиёти умумибашарӣ гардида буд, аҳли зиё, аз ҷумла, олимону адибони варзидаи кишвари моро дар канор гузошта наметавонист. Ин буд, ки бо иродаи қавӣ ва бо баҳсу талошҳои зиёди илмӣ зиёиёни кишвар зимомдорони вақтро барои қабули чунин як қонуни дорои арзиши баланди миллӣ розӣ карда тавонистанд. 

– Дар марҳилаи баъдӣ иҷро ва таъмини нуктаҳои асосии қонуни забон ба таври бояду шояд сурат нагирифт. Шояд ваҷҳи ин ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ буд? Ё ин масъала омилҳои дигар ҳам дорад?

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони тоҷикӣ» замоне қабул гардида буд, ки ҳанӯз ҳукумати Шӯравӣ пойбарҷо буд ва онҳое, ки дар низоми сиёсию давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбар кору фаъолият мекарданд, аксаран дастпарварон ва сарсупурдаҳои сиёсати Шӯравӣ буданд ва ба арзишҳои миллию таърихӣ ва хотираи таърихии миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо чандон таваҷҷуҳ зоҳир намекарданд. Тибқи назари онҳо, миллати тоҷик зодаи Инқилоби Октябр ва давлати Шӯравист. Иддае аз роҳбарони кишвар бо забони тоҷикӣ ба таври озод суҳбат карда наметавонистанд. Албатта, татбиқи чунин як қонун, ки эҳёгари забону фарҳанги миллӣ бошад, барои чунин сиёсатмардон чандон аҳамият надошт. Дар зимн яке аз омилҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ ҳамин надоштани ғурури миллии роҳбарони вақти кишвар буд.

Бе шакку шубҳа, ҷанги хонумонсӯзу таҳвилие, ки ба сари миллати тоҷик дар аввали солҳои истиқлолият омад, то андозае раванди татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони тоҷикӣ»-ро суст кард. Дар ин маврид ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, марзу бум ва аҳолии мамлакат аз бузургтарин омилҳои мондагории кишвари мо дар саҳифаҳои таърих буд. Хушбахтона, марди ҷасуру меҳанпарвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлату давлатдориро ба даст гирифта, миллату сарзамини тамаддунофари тоҷикро аз парокандагӣ, ҷангу пайкор, нестшавӣ раҳонид.

– Мову шумо хуб медонем, ки дар солҳои баъдиҷангӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи Қонуни забон ва риояи меъёрҳои сарфию наҳвӣ дар ҷомеа аз тарафи шаҳрвандон Комиссияи вижаи забон ва истилоҳотро таъсис дод, ки дар он забоншиносони зиёд ба фаъолият пардохта буданд. Кори ин комиссияро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Тавре ки медонем, баъд аз қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони тоҷикӣ» барои татбиқи он дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон як комиссияи бонуфузе таъсис ёфт, ки масъулияти онро олимони варзидаи забоншинос ба уҳда доштанд. Комиссияи мазкур бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд вобаста ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии замон корҳои шоёнеро ба анҷом расонид. Бояд таъкид кард, ки маҳз тавассути кӯшишҳои ин комиссия раванди ҳуҷҷатгузорию ҳуҷҷатнигорӣ дар низоми идории кишвар ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуд. Бо вуҷуди набудани маблағ ва вазъи баъдазҷангии кишвар кормандони Комиссияи татбиқи забон дар мамлакат корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.

– Мусаллам аст, ки аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду такомули забон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. 5 октябри соли 2009 Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» бо таҳриру иловаҳо қабул гардид ва дар ин миён Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки далели гуфтаҳои болост. Нақши Пешвои миллатро дар такомулу пешрафт ва таҳаввули рушди забон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи забони тоҷикӣ ба ҳайси яке аз унсурҳои муҳими истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи хоссае зоҳир мекунанд. Дар аксари суҳбату мулоқотҳо, паёмҳову суханрониҳояшон Сарвари мамлакат ҳамеша даъват менамоянд, ки ба забони тоҷикӣ арҷу эҳтиром гузошта шавад ва ҳамбаста бо донистани забонҳои гуногуни хориҷӣ донистани забони тоҷикиро муҳим мешуморанд. Дар баробари ин, Пешвои миллат ба рушду инкишофи забони тоҷикӣ дар масири таърих таваҷҷуҳ карда, китоби арзишмандеро бо номи «Забони миллат – ҳастии миллат» таълиф кардаанд. Ин далели он аст, ки роҳбари меҳандӯсту забонпарвари тоҷик худ ба таҳлил ва таҳқиқу пажӯҳиши забони тоҷикӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, дигаронро низ барои боз ҳам бештару хубтар муайян кардани паҳлуҳои гуногуни забони тоҷикӣ ҳидоят менамоянд.

  Дар баробари ин, дар замони муосир маҳз тавассути суханрониҳои Пешвои муаззаму маҳбуби кишвар забони тоҷикӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои гуногуни байналмилалӣ садо дод ва аҳли башар бори дигар аз форамию гӯшнавозии ин забони хушобуранг огаҳӣ пайдо кард.

Дар замони истиқлолият бо ибтикори Сарвари мамлакат дар назди Ҳукумат Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис ёфт, ки ин ниҳоди давлатӣ татбиқкунандаи сиёсати давлату ҳукумат доир ба забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  Ҳамчунин, дар замони нав ба Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки ҳадаф аз тасвиби ин санадҳо он буд, ки имлои забони тоҷикӣ ба табиати забони тоҷикӣ мувофиқ гардонида шавад.

– Тайи солҳои охир бисёр мегӯянду менависанд, ки дар масъалаи ҳифзу нигаҳдошти асолати забон, покию тозагии он хараҷу мараҷи зиёде ба чашм мерасад. Қоидаҳои имло, таркибу иборасозиҳо, махлут гардонидани забон, тақлид ба шеваҳои эронию афғонӣ ба сатҳи кӯчабозорӣ расондани навишти калимаҳои гуфтории дур аз салосату фасоҳати забони тоҷикӣ ва амсоли инҳо чун сели хатарзо забони ноби тоҷикиро фаро гирифтааст.  Ва воқеият низ бозгӯйи ҳамин вазъи нохуб аст. Ҳамин тавр не?

– Дуруст аст. Ҷалолуддини Балхӣ фармудааст:

Эй забон, ҳам ганҷи бепоён туӣ,

Эй забон, ҳам ранҷи бедармон туӣ.

Бо вуҷуди он ки забони тоҷикӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мавриди пуштибонӣ ва таваҷҷуҳи хос қарор гирифтааст, ҳанӯз ҳам дар навиштор ва гуфтори баъзе аз соҳибзабонон камбудию норасоиҳо ва ғалатҳо ба назар мерасанд, ки ин ба омилҳои гуногун вобастагӣ дорад. Яке аз ин омилҳо китоб нахондан аст. Шояд онҳое, ки дар гуфтору навиштори худ ба ғалатҳо роҳ медиҳанд, аз нозукиҳову фасоҳату балоғат ва расоии сухани тоҷикӣ чандон огаҳӣ надоранд ва ё ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дуруст нахондаанд ва мисли ин, аз қабили омилҳоеанд, ки боиси рух додани ғалатҳо гардида истодаанд.  

– Навишти беғалат ва дурусти шиору лавҳу овезаҳо дар пештоқи идораву  корхона ва марказҳои савдо низ аз мушкилоти дигар дар мавриди риояи қонуни забон мебошад.  Дар ин ҷода аз кадом воситаҳои муассир истифода бояд бурд, то камбудиҳо рафъ шаванд?

– Дар ҳақиқат, дар ин самт ғалатҳо хеле зиёд ба назар мерасанд. Риоя нагардидани меъёрҳои имло дар шиору овезаҳо дар хиёбонҳо ва шоҳроҳҳои кишвар, дар пештоқи корхонаҳои гуногун ва марказҳои савдо хеле зиёд аст, ки ин боиси коста гардидани ҳусни забони тоҷикӣ мегардад. Чунин ғалатнависиҳо далели сатҳи саводнокии соҳибони корхонаву муассисаҳои зикршуда мебошад. Аксари ғалатҳо аз надонистани вазифаҳои одии бандаки изофӣ ва фарқ карда натавонистани он аз пасванди –ӣ, бандаки феълию хабарии - ӣ аст. Баъзеҳо калимаҳоро тавре ки талаффуз мекунанд, ҳамон тавр менависанд, масалан, санбуса (ба ҷойи самбӯса) ва ғ.

– Дар саҳифаҳои интернет ва фейсбук баҳс перомуни номи забон доман паҳн кардааст. Бархе онро забони тоҷикӣ мегӯянд, гурӯҳе пофишорона талаб доранд, ки он забони форсӣ ном бурда шавад. Ин бигӯ - магӯ ва баҳс чӣ медиҳад? Асли ҳақиқатро дар ин қазия дар чӣ мебинед?

– Ин баҳс нав нест. Агар ба саҳифаҳои матбуоти охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта назар кунем, чунин андешаҳоро мушоҳида мекунем. Баҳсҳои имрӯза вижагии дигар касб кардааст. Яъне имрӯз чунин андешаҳо ҷанбаи шабакавӣ гирифта, тавассути сомонаҳои гуногуни интернет мавриди баҳс қарор мегиранд ва як навъ манфиатҳо низ дар афкори баҳсбарангезандагон ба назар мерасад. Онҳое, ки бештар ҷонибдори забони форсианд, чаро дар гузоришҳои худ аз забони дарӣ ёд намекунанд? Дар мавриде, ки забони мо баъд аз футуҳоти араб дар замони Сомониён дарӣ ном гирифта буд, яъне дар як маврид таърихи забон ва рушди он сарфи назар мегардад.

Таърихи ҳама гуна забон ба марҳалаҳои он алоқамандии зич дорад. Дар олам забонҳои зиёде мавҷуданд, ки дар раванди инкишофи худ ба забони мустақил табдил ёфтаанд. Забони тоҷикӣ низ чун падидаи иҷтимоӣ дар асоси рушди таърихӣ дар баробари забонҳои форсию дарӣ ба забони мустақил табдил ёфтааст. Раванди дуршавии забонҳо ва ё аз ҳам ҷудошавию мустақил гардидани онҳо низ заминаи иҷтимоию таърихӣ дорад. Чунин як падида барои забонҳои форсию дарию тоҷикӣ аз асри 15, баъд аз муборизаҳои мазҳабӣ оғоз гардидааст. Яъне забони тоҷикӣ на дар замони Шӯравӣ, балки аз асри 15 инҷониб чун забони мустақил дар заминаи забонҳои форсию дарӣ, ки бунёди ягонаи таърихӣ доранд, шинохта шудааст. Агар ба сабку услуб ва тарзи баёни адибони баъд аз асри понздаҳи Мовароуннаҳр назар кунем, дармеёбем, ки дар ифодаи воҳидҳои забонӣ баъзе фарқиятҳо ба назар мерасад, ки ин пажӯҳиши вижаеро тақозо менамояд.

Забони тоҷикӣ имрӯз забони расмию давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва чун дигар забонҳои олам муаррифгари ин миллат ва ин сарзамини ободону шукуфон мебошад.    

– Дар муассисаҳои таълимӣ яке аз воситаҳои муассири забономӯзӣ барои хонандагон китоби дарсӣ маҳсуб меёбад. Вобаста ба забони китобҳои дарсӣ баҳсҳои зиёд миёни омӯзгорону олимон  идома дорад. Дар робита ба забони китобҳои дарсӣ  чӣ андеша доред? 

– Барои он ки раванди таълим дуруст сурат бигирад, забони китобу дастурҳои таълимӣ бояд ба хонанда ва ё донишҷӯ дастрас бошад. Яъне матни пешниҳодшуда дар асоси талаботи педагогию психологӣ ва меъёрҳои имлоию луғавии муайянгардидаи забон бояд таҳия гардад.

Хушбахтона, имрӯзҳо бо ибтикори Вазорати маориф ва илм комиссияи махсуси ташхиси китобҳои дарсӣ таъсис дода шудааст ва баъд аз пешниҳод ва хулосаҳои ин комиссия китобҳои дарсӣ ба чоп тавсия мешаванд. Метавон гуфт, ки навиштаҳои китобҳои дарсӣ ба хонандаи имрӯзи тоҷик фаҳмою рӯшан аст.

Дар ҳама давру замон саҳми адибону рӯзноманигорон дар ташаккул ва тозагии забон барҷаста мебошад. Аҳли илму фарҳанг, адибону рӯзноманигорон пешоҳангони рушди забон дар ҷомеа ба шумор мераванд. Забон бо навиштан ва гуфтан зинда аст. Забоне, ки бо он чизе навишта намешавад ва ё бо он муоширати байни одамон таъмин намегардад, аз байн меравад. Бинобар ин, саҳми ҳар як фарди эҷодкор дар такомули забон назаррас аст. Бе осори хаттӣ забон гунг мегардад, вазифаи асосии худро дар ҷомеа аз даст медиҳад.

– Дар замони ҷаҳонишавӣ, ки хатарҳои зиёде ба фарҳанг, аз ҷумла, забон дорад, аҳли қалами кишвар кадом корҳоро бояд ба сомон расонанд?

– Ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир ҳам таъсири манфӣ ва ҳам мусбат дорад. Агар соҳибони забон дар ин раванд ба рушду инкишофи забон, таҳлилу таҳқиқи он, ба низоми техникию технологӣ ворид кардани дастовардҳои забони миллии худ таваҷҷуҳ зоҳир накунанд, ин ба забон таъсири манфӣ расонида, боиси аз байн рафтани забон ва ё бо ягон забони дигар омехта шудани он мегардад. Яъне равандҳои ҷаҳонишавӣ забонро фурӯ бурда, онро ба нестӣ мебаранд. 

Агар дар замони рушду инкишофи имрӯзаи техникию технологияи муосир ва олами иттилооту иртибототи қариб идоранашаванда соҳибони забон, давлатмардон, роҳбарияти сиёсӣ барои ба низоми техникию технологӣ ворид сохтани комёбиҳо ва тамоми дастовардҳои таърихӣ ва муосири миллат, пайкараи электронии забони тоҷикиро бо фарогирии тамоми осори зиёда аз ҳазорсола бисозанд, забонро дар низоми идораи ҳукумати  электронӣ ба роҳ монанд, ба забоншиносии компютерию иттилоотӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунанд, барои сохтани барномаҳои гуногуни ғалатгирии электронӣ мусоидат намоянд, тамоми осори илмию адабиро вориди пайкараи забони тоҷикӣ гардонанд, мондагории забони тоҷикӣ дар саҳифаҳои минбаъдаи таърих таъмин мегардад ва ғарқи олами ҷаҳонишавӣ намегардад.

Ба андешаи мо, забонеро, ки мудҳиштарин ҳаводиси таърихӣ онро зудуда натавонист, равандҳои ҷаҳонишавӣ низ аз байн бурда наметавонанд. Вале ба гурӯҳи забонҳое, ки теъдоди гӯяндагонашон дар кишвари мо кам мондааст, ҷаҳонишавӣ таъсири амиқи худро мерасонад ва баъд аз чанд сол хавфи нестшавӣ ба онҳо таҳдид мекунад.

Мусоҳибон

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш