Нашрияи Омӯзгор

Муҳаббат ба забони модарӣ

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

Яке аз вазифаҳои муҳим дар ҷараёни таълиму тарбияи насли наврас дар онҳо парваридани ҳисси муҳаббату эҳтиром нисбат ба забони модарист. Дар ин самт омӯзгор ба он бояд муваффақ шавад, ки хонандагон ба омӯзиши забони модарӣ шавқу завқи зиёду устувор пайдо кунанд.

Онро самимона дӯст доранд. Меҳру муҳаббат ва шавқу завқ дар ҷодаи омӯзиши амиқи забони модарӣ ба хонандагон ҳидоятгару нерубахш мешаванд. Шоире вобаста ба ин мазмун гуфтааст:

Шавқ агар раҳбар шавад,

Ҳар лаб суханпарвар шавад.

Махсусан, дар синфҳои ибтидоӣ ҳар чӣ бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи шогирдон ба забони модарӣ муҳим аст. Чунонки мегӯянд, меҳре, ки дар хурдӣ дар дили кас пайдо мешавад, пойдор мемонад. Табиати хурдтаракон ҳамин аст, ки чун ба чизе дил банданд, ҳамеша бар хаёли он ҳастанд. Муҳаббат ба забони модариро бояд дар дили ҳар як шогирд ба таври мустаҳкаму безавол ҷой дод. Барои ин омӯзгор аз василаҳои гуногун истифода мебарад. Чанде аз онҳоро номбар мекунем: азёд кардани шеърҳо дар ситоиши забони модарӣ, тавзеҳи гуфтаҳои бузургон дар васфи забони тоҷикӣ, намоиши суратҳои манзаравӣ ва китобҳо дар мавзӯи бузургдошту ташреҳи забони тоҷикӣ, луғатомӯзӣ ва тартиб додани ҷумлаҳои пурмаъно бо истифодаи пораҳои назмӣ, зарбулмасалу мақолҳо ва санъатҳои сухан.

Хушбахтона, дар ситоиши забони тоҷикӣ шеърҳои зиёде гуфта  шудаанд. Баргузидаи онҳо (мувофиқ ба синну сол) барои истифода дар дарсҳо хеле муфид хоҳад буд. Шогирдони синфҳои ибтидоӣ табиатан  ба каломи мавзун таваҷҷуҳ доранд ва шеърҳои  равону дилнишин ва самимиро зуд азёд мекунанд ва бо шавқу  завқ  месароянд. Масалан, ҳамагӣ се-чор маротиба батакрор хондани шеъри «Забони модарӣ»-и Нозирҷон Боҳирӣ, ки ду банди аввалашро дар зер намуна меоварем, кофист, то онро шогирдон дарҳол азёд намоянд:

Қадимию ҷавонӣ ту,

Хушоҳангу равонӣ ту,

Чу баҳри бекаронӣ ту,

Ба дурри маънӣ конӣ ту,

Забони модарии мо!

Забони модарии мо!

Забони Саюдию Ҳофиз,

Забони Рӯдакӣ ҳастӣ.

Ба мо илму адабомӯз

Зи даври кӯдакӣ ҳастӣ.

Забони модарии мо!

Забони модарии мо!

Дар дарсҳо омӯзонидани луғат ба шогирдон бояд як омили доимии омӯзиш ва таблиғи  забони модарӣ бошад. Шогирдони мо ҳар қадар бештар луғат омӯзанд, ҳамон қадар дилбастагиашон ба лафзи модарӣ хоҳад афзуд ва низ  забону баёнашон рангину ғанӣ хоҳад шуд.

Луғатомӯзӣ дар ҳамаи дарсҳо бояд мавқеъ дошта бошад, зеро зимни омӯзиши ҳар мавзӯъ аз фанҳои гуногун калимаҳое истифода мешаванд, ки барои хонандагон нав ва нофаҳмоянд. Ба шогирдон аз рӯзҳои аввали таҳсил бояд таъкид кард, ки донистани ҳар забоне шараф аст, вале заминаи омӯзиши ҳамаи забонҳо хуб омӯхтану донистани забони модарӣ мебошад.

Қамарбону Нарзиева,

омӯзгори синфҳои

ибтидоии мактаби

№24-и ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш