Нашрияи Омӯзгор

Забон ва сухан

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 857        Шарҳ: 0

Мувофиқи барномаи такмилёфтаи забони тоҷикӣ ба таълими мавзӯи «Забон ва сухан» ҳамагӣ 1 соат ҷудо шудааст. Албатта, дар ин вақти маҳдуд мурод ҳосил намешавад, аммо мо, омӯзгорон, донишҳои дар синфҳои поёнӣ гирифтаи шогирдонро ба инобат гирифта, захираи  дониши шогирдонро бо риояи усули бахотирорӣ ғанӣ мегардонем.

Аҳли синфро ба гӯшаи «Забони тоҷикӣ» дар долон мебарам, ки он аз ҷиҳати фарогирии мавзӯъ рангин аст. Талабагон дар синфҳои пешин бо баъзе шеърҳо дар васфи забон ошноянд. Барои муҳаббати шогирдонро фаҳмидан дар ҳудуди 5 дақиқа байтбараки озод мегузаронам. Дар назди лавҳа хонандагон бо низоми муайян ба байтбарак ҳусни оғоз мебахшанд.

Талабаи I.                                                                                

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Талабаи II.

Чу шеъри Рӯдакӣ зебост,

Чу мусиқӣ фараҳафзост.

Дар олам аз ҳама ширин

Забони модарии мост.

Ҳамин тариқ, чанд муҳаббатномаи шоирон аз тарафи шогирдон қироат карда мешавад. Байтбарак ҷамъбаст мегардад, мо ба синф бармегардем.  Ҳама омодаи шунидани сухани муаллим оид ба баёни мавзӯи наванд.

Тавассути сабти телефонӣ суханони Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро мешунавонам: «Поку беолоиш нигаҳ доштани забон ва асолату шевоии онро ҳифз кардан қарзи фарзандии ҳар яки мову шумост».

Пас аз шунидани суханҳои таъкидию насиҳатомези Пешвои миллат мехонам:

Имрӯз, ки соҳиби забонем, хушем,

Рӯсурх миёни мардумонем, хушем.

То ҳаст забони модарӣ ҳамраҳи мо,

Фарзанди ҳалоли модаронем, хушем.

Баъди тавзеҳи ин қитъа мавзӯи «Забон ва сухан»-ро оғоз мекунам.

Мефаҳмонам, ки сухан ёру мададгор ва баъзан ба бахшандаи озор аст.

Аз шогирдон мепурсам, ки чаро чунин аст. Шарҳ медиҳанд онҳо  мувофиқи фаҳмишу дарки худ. Аҳлона ба суханони якдигар илова мекунем, онҳоро шарҳ медиҳем. Андешаҳои хонандагонро ҷамъбаст менамоям. Аҳли синф баробар мехонанд:

Шунидам, ки бошад забони сухан

Чу алмоси буррову теғи куҳан.

Сухан  бифканад минбару дорро,

Зи сӯрох берун кашад морро.

Таркибҳои «алмоси бурро», «теғи куҳан»-ро мефаҳмонам, хонандагонро даъват мекунам, ки дар атрофи ҳамин мазмун  мисолҳо оранд.

Ҷавобҳои онҳо: Бо сухани   ширин мор аз хонааш мебарояд. Сухани нек мисли доруст ва монанди инҳо.

Таъкид мекунам, ки  ҳамеша хушгуфтор бояд буд, зеро:

Замона гуфт маро, хашми хеш дор

нигаҳ,

Киро забон на ба бандаст, пой дар

банд аст.

Мулоҳизаҳои дигарон шунида мешаванд. Мавзӯъ бо хонандагон ба тариқи саволу ҷавоб, ки яке аз талаботи таълими салоҳиятнок  ба шумор меравад,  ҷамъбаст гардида, машқи китоби дарсӣ мавриди таҳлил қарор дода мешавад.

Аз рӯи луғати поварақи китоб матне аз эҷодиёти Унсурулмаолии Кайковус оид ба забондонӣ барои андешаю мулоҳиза пешниҳод карда мешавад.

Талабагон матнро мехонанд, аз рӯи луғат мавзӯъ ва муҳтавои асарро мефаҳманд ва хулоса мекунанд. 

Вазифаи хонагӣ вобаста ба мавзӯъ супорида мешавад.

 

Дилафрӯз Валиева,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш