Нашрияи Омӯзгор

Мартабаи волои забони тавоно

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

Забони тоҷикӣ забонест ширину самимию гуворо ва хеле гӯшнавозу дилнишин. Меҳри онро ҳар як тоҷики асил чун сарвати беҳамтои маънавӣ дар дил мепарварад ва аз он ифтихор мекунад. Бо лафзи саҳеҳу беғалат ва санҷида сухан гуфтан худ нишонаи асосии эҳтиром ба забони модарӣ мебошад.

Меҳру муҳаббат ва эҳтирому садоқати худ-ро ба забони модарӣ ҳар кас ба шаклеву тарзе ифода менамояд. Беҳтарин воситаи арҷгузорӣ ба забони модарӣ, ҳамчунин, қироати ашъори меҳрбор ва гуфтори баландмазмун дар ситоиши он маҳсуб мешавад. Бисёр шахсиятҳои барҷаста дар васфи забони тоҷикӣ ва тавоноиву бузургии он суханони мондагор ва аз муҳаббат саршор гуфтаанд. Бештар аз ин, шоирон дар ашъори самимиятбори худ забони тоҷикиро мадҳу ситоиш бинмудаву мартабаашро баланд арзёбӣ кардаанд. Зимни ҳадиси маъруфе, забони тоҷикӣ забони аҳли биҳишт (дар радифи забони арабӣ) хонда шудааст. Ва шоире фармудааст:

Чу бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ,

Нагӯяд сухан ҷуз ба лафзи дарӣ.

Воқеан ҳам, забони тоҷикӣ бо собиқаи бостониаш, бо имконоти луғавиаш, бо обуранги лафзиаш, бо оҳанги дилнавозу шоиронааш, бо осори беназираш… шуҳрат дар саросари олам пайдо кардааст. Бештару муассиртар ва самимитар аз ҳама шоирон забони тоҷикиро ситоиш кардаанд. Дар адабиёти муоссири тоҷик шоире нест, ки шеъре дар ин мавзӯъ иншо накарда бошад. Дар миёни теъдоди бешумори ашъоре, ки дар мадҳи забони тоҷикӣ гуфта шудаанд, нигоштаҳои зерини шоирони тавонои миллатро метавон махсус таъкид кард: Убайд Раҷаб «То ҳаст оламе, то ҳаст одаме», Муъмин Қаноат «Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ», Лоиқ Шералӣ «Забонгумкарда», Бозор Собир «Забони модарӣ». Шеъри мазкури Убайд Раҷаб хеле самимиятбор асту зарбаи мардафкане ба бадхоҳони забони тоҷикӣ. Ин шеър дар байни тоҷикзабонони ҷаҳон истиқболи гарм пайдо кард ва ҳатто, бино ба иттилои сарчашмае, он вориди яке аз китобҳои дарсӣ дар Эрон шудааст. Шеъри Муъмин Қаноат забони тоҷикиро дар сатҳи баланд, бо хитобаҳои дилрас ситоиш мекунад. «Забонгумкарда»-и устод Лоиқ ҳамагонро ҳушдор медиҳад, ки бемеҳрӣ нисбат ба забони модарӣ фоҷиа мебошад, забони модариро ҳамеша, дар ҳама гуна ҳолат бояд арҷ гузошт ва эҳтиром кард. Шеъри «Забони модарӣ»-и Бозор Собир аз лиҳози собитгарии мақому мартабаи забони тоҷикӣ, бозгӯи муассири дирӯзу имрӯзи он дар сатҳи баланд аст. Шоираи тавонои тоҷик Гулрухсор низ дар васфи забони тоҷикӣ чанд шеъри пурмеҳру ифтихорбор гуфтааст ва қитъаи зерини ӯ садоқат ба забони модариро ба таври пуртаъсиру возеҳ ифода менамояд:

Бе забони модарӣ бемеҳанам,

Бе забони модарӣ бекишварам,

Бе забони модарӣ бемиллатам,

Бе забони модарӣ бемодарам.

Шоири номвари тоҷик Ҳақназар Ғоиб бо номи «Эй лафзи модарӣ!» шеъре дорад, ки саропо ифтихорбор аст ва хонандагонро ба азиз доштану эҳтиром намудани забони тоҷикӣ даъват менамояд:

Эй лафзи модарии ман! Эй лафзи

буди ман!

Ин бас, ки ман шинохтам аз

аслат Ориён.

Баски забони аҳли биҳиштӣ,

муқаддасӣ,

Ман дорам аз Худои бузургам

сари амон!

Ҳамаи шеърҳои шоирони тоҷик, ки ба бузургдошти забони тоҷикӣ бахшида шудаанд, аз шаҳди меҳру муҳаббат, самимият, ифтихор ва худшиносӣ сероб гардидаанд ва аҳамияти муҳими тарбиявӣ доранду насли наврасро дар рӯҳияи эҳтирому садоқат ба арзишҳои миллӣ, ки забони модарӣ аз ҷумлаи онҳост, мепарваранд.

Одинамоҳ РАҲИМОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №19-и ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш