Нашрияи Омӯзгор

Тоҷикон аз нигоҳи бузургон

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

Тоҷикон мардуми коршинос, меҳнатдӯст ва ҳунарманданд. Бештар ба кишоварзӣ, косибӣ ва тиҷорат машғуланд ва ба ҳаёти кӯчиёна таваҷҷуҳе  надоранд. Аксари онҳо босавод буда, сокинони тамаддунпарвари Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд.

Е.Мейендорф,

сиёсатмадор, с.1826

***

Чеҳраи тоҷикон зебо буда, онҳо қадбаланд, сафедпӯст, дорои мӯю чашмони сиёҳанд ва либоси шинам доранд. Умуман, зиндагии тоҷикон боназокат аст.

Н.Ханников,

шарқшинос, с. 1843

***

Манзили аслии зисти тоҷик шаҳр аст ва ӯ фақат  дар шаҳр хешро дар муҳити муътадили зист эҳсос мекунад. Тоҷикон ҳунармандони асиланд ва дар бисёр соҳаҳои ҳунар қариб рақибе надоранд. Онҳо мардуми боистеъдоданд.

А.Гребенкин,

афсари рус,  с.1872

***

***

Тоҷикон соҳибистеъ-доду коршинос буда, қодиранд шаклҳои мураккаби зиндагӣ ва фарҳанги олиро ташкил диҳанд. Ба онҳо танҳо қобилияти қотеъона ва устуворона ҳифз кардани манфиатҳояш намерасад.

А.Снесарев,

афсари рус, с. 1904

Дар миёни миллатҳои Осиёи Миёна тоҷи-кон мардуми аз ҳама босаводу бофарҳанг буда, кулли дастоварди соҳаи  кишоварзии минтақа натиҷаи заҳмати онҳост. Бунёдкори ҳамаи иншооти обёрӣ, ки ба водиҳо ҳаёт мебахшанд, тоҷиконанд.

И.Гейер,

муаррих, с.1901

 

***

Тоҷикон мардуми бовиҷдон, ростқавл ва меҳнатдӯстанд. Бо майлу рағбати баланд ба савдо,  санъат, илм, ҳунар машғул мешаванд ва истеъдоди олии кишоварзиву боғдорӣ доранд. Ва бо ин сифатҳои худ аз  дигарон ба куллӣ фарқ мекунанд.

А.Шишов,

табиб ва муаррих, с. 1910

***

Тоҷикон кишоварзони мумтоз, ҳунармандони гулдаст ва мардуми зиёии кишварҳои Осиёи Миёна ва берун аз он мебошанд. Аҷдоди онҳо-суғдиён, бохтариён, хоразмиён дар ташаккулу инкишофи тамаддуни минтақа ҳиссаи бузурге гузоштаанд. Онҳо бунёдгарони корезу  ҷӯйборҳои ҳаётбахш, шаҳрҳову ёдгориҳои беназир мебошанд.

В.Масалский,

профессор, с.1913

 

Фароҳамоварии

А.Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш