Нашрияи Омӯзгор

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст!

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

Олимон кайҳо таъкид ва собит кардаанд, ки  ҷомеа бидуни забон ва забон бидуни ҷомеа вуҷуд дошта наметавонад. Яъне забон ва ҷомеа бо ҳам пайванди қавӣ доранд ва аз ин рӯ, забон ҳодисаи ҷамъиятӣ шинохта шудааст. Он баробари рушду такомули ҷомеа равнақ меёбад ва ҳар чӣ бештару мукаммалтар ниёзмандиҳои иртиботии одамонро бароварда месозад.

Ҳамчунин, муҳаққиқон муқаррар кардаанд, ки забон ҳамбаста бо тафаккур аст ва ҳар қадар  тафаккур такомул ёбад, ҳамон қадар забон фарогиртар, ғанитар, тавонмандтар мешавад. Ҷамъиятӣ будани забон бар он асос меёбад, ки тавассути он мардум бо ҳам муошират мекунанд.  Фаҳмидани якдигар, мубодилаи афкор, дарёфти иттилоот, расонидани ахбор, ифодаи дурусту саҳеҳи фикр тавассути муошират даст медиҳад. Забоне воситаи хуби муошират шуда метавонад, ки таркиби луғавии комил ва сохти грамматикии устувор дошта бошад. Пажӯҳишгарон муайян кардаанд, ки ҳоло дар ҷаҳон беш аз 5000 забон барои муоширати мардум хидмат мекунанд. Доираи фаъолияти ин забонҳо ва нерумандию ғановаташон дар сатҳи гуногун аст. Густаришёфтатарин ва тавонотарин забонҳои дунё, ки бо онҳо дар кишварҳои гуногун беш аз 50 млн одам гуфтугӯ мекунанд, дар аҳди мо инҳоянд: хитоӣ, испанӣ, англисӣ, арабӣ, ҳиндӣ, португалӣ, банголӣ, русӣ, ҷопонӣ, лоҳинда  (Панҷоби Ғарбӣ), яваӣ, корейӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, телугу, маратҳӣ, туркӣ,  урду, ветнамӣ, тамилӣ, италиявӣ, форсӣ, малайӣ. Барои мисол, бо забони хитойӣ, ки дар 35 давлати ҷаҳон паҳн шудааст, 1 млрд 302 млн одам сухан мегӯянд. Бо забони русӣ, ки дар 17 кишвари олам  нуфуз дорад, 171 млн нафар ҳарф мезананд. Забони форсӣ, ки забони тоҷикиро ҳам бо он пайванд медонанд, дар 30 мамлакати дунё мавқеъ пайдо кардааст ва бо ин забони тавоно 60 млн 600 ҳазор одам гуфтугӯ менамоянд. Забони модарии мо  (тоҷикӣ) ҳамбастагӣ бо забони форсию дарӣ дорад ва беш аз ҳазор сол дар қаламрави Мовароуннаҳру Эрону Хуросон (аз аҳди Сомониён) забони расмии муоширату коргузорӣ ва забони иртиботи байналмилалӣ ба шумор мерафт. Бо ин забон асарҳои барҷастае офарида шудаанд, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд ва тавоноии забони тоҷикиро собит месозанд. Дар дарозои 70  соли даврони Шӯравӣ забони тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон набуд, ки ин боиси то андозае лакнат ёфтани эътибору қудрат ва манзалати он гардид. Танҳо соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои соҳибмақому эътиборманд шудани забони тоҷикӣ ва рушди пурвусъати он шароит фароҳам овард. Соли 1989  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони тоҷикӣ» қабул шуд ва забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дарёфт, вале ин қонун номукаммалию  духӯрагиҳои зиёд дошт ва истиқлоли комили забони тоҷикиро таъмин карда натавонист. Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Қонуни забон дар таҳрири нав ба тасвиб расид, ки акнун он ба посдору такягоҳи воқеии забони тоҷикӣ табдил ёфт ва имсол соли даҳум аст, ки дар қаламрави кишвар фаъолона амал менамояд. Истиқлолият ва мақоми давлатӣ ба такомул ва ҳар чӣ бештар ғанӣ гардидани забони тоҷикӣ мусоидат карданд. Пеш аз ҳама, таркиби луғавии забонамон такомул ёфт ва аз бисёр олудагиҳо орӣ гашт. Калимасозӣ дар заминаи суннатҳои миллӣ равнақ пазируфт ва боиси рангину дилнишин гаштани бисёр ифодаю таркибу ибораҳо шуд.

Ба шарофати истиқлол забони тоҷикӣ ба паҳнои ҷаҳон (ҳамчун забони расмии давлати  мустақил) баромад, аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ (аз ҷумла, аз минбари СММ) садо дод ва доираи истифодааш фарох гашт…

Ҳамасола дар  Тоҷикистон 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мешавад. Ба ин муносибат дар саросари мамлакат тантанаҳо баргузор мегарданд. Ин, пеш аз ҳама, ифодагари ҳисси баланди ифтихори миллии халқи тоҷик, баёнгари шукргузории тоҷикон аз истиқлол ва кишвари озоди  хеш ва далели қаноатмандии ҳамагонӣ аз мартабаи волои забони модарӣ-тоҷикист. Мо, соҳибзабонон, бо ифтихор садо баланд мекунем:

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон                     

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ!

 

Гулсара Назарова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №15-и ноҳияи Файзобод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш