Нашрияи Омӯзгор

Забони модариро пос дорем

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 826        Шарҳ: 0

Агар мо, мардуми куҳанбунёд, имрӯз забони ширину шевою зиндаву поянда дорем, сабабаш он аст, ки табъи латиф ва боландае доштаем. Забони тоҷикӣ андеша, худогоҳӣ ва ҳувияту донишу фарҳанги моро таконбахш буда, рамзи ягонагӣ ва ваҳдати миллиамон мебошад.

Забонро нахуст модар ба фарзандаш ёд медиҳад ва то даме ки кӯдак ба гуфтани як-ду ҳарф оғоз мекунад ва оҳиста-оҳиста гуфтаҳояш маънӣ пайдо мекунанд, модар заҳмати зиёд мекашад. Модар кӯшиш мекунад, ки аз хурдсолӣ дар дили фарзандаш тавассути гуфтани сухани хубу воло меҳру муҳаббату самимиятро нисбат ба забону фарҳанг зиёд намояд, зеро суханомӯзи фарзанд модар аст. Воқеан, фарҳанги муоширати инсон аз гаҳвора ибтидо мегирад. Баъдан кӯдак чун ба остонаи мактаб қадам ниҳод, дар радифи модар омӯзгор муваззаф аст, ки шогирдашро бо ёд додани пораҳои шеърӣ, нақлу ҳикоятҳои бузургони олами шеъру адаб забони муошират бубахшад.

Ман ҳамчун омӯзгор ҳар рӯз пеш аз оғози дарс дар бораи тоза нигоҳ доштани забони модарӣ бо шогирдонам суҳбат карда, баъдан аз ҳар яки онҳо пораҳои шеърро, ки барои аз ёд кардан супориш дода будам, мепурсам. Ҳамчунин, аз китобҳои “Гулистон”, “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ, “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳикояҳои пандомези Муҳаммад Авфии Бухороӣ ҳикояҳои кӯчакро интихоб карда, барояшон супориш медиҳам, ки онҳоро бодиққат мутолиа кунанд, то забони гуфторашон тозаву рангин бошад. Мусаллам аст, ки дар забони тоҷикӣ дар баробари фасоҳату балоғати зебояш гӯишҳои гуногун мавҷуданд ва ҳар маҳал шеваи гуфтори худро дорад. Шогирдони ман ҳам аз минтақаҳои гуногуни кишваранд, ки шеваи гуфторашон аз забони адабӣ фарқ мекунад ва аз ин лиҳоз ба онҳо мефаҳмонам, ки дар мактаб, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман бо забони тозаи адабӣ муошират дошта бошанд. Китоби бадеиро барояшон пешниҳод мекунам, ки бо мутолиаи онҳо забони адабии тоҷикиро хуб ёд гиранд ва ба забони дағали кӯчагӣ такаллум накунанд. Боиси шодмонию хушҳолии мо, омӯзгорон, шуд, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” имрӯз дар миёни аҳли ҷомеа ва донишгоҳҳою мактабҳо ҷараён дорад. Он масъулияти моро бештар намуд. Ҳар рӯз вобаста ба китобҳои бадеие шогирдонам мехонанд, бо онҳо суолу ҷавоб мекунам, ки ин хеле самарбахш аст.

Ҳар сол 22 сентябр-ро дар Тоҷикистони азиз ҳамчун Рӯзи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷашн мегиранд, ки ин эҳтиром ва самимияти насли наврасро нисбат ба бузургонамон бештар мекунад. Бахшида ба ин ҷашни муборак ман бо шогирдонам ҳар сол маҳфиле баргузор менамоям ва онҳо аз эҷодиёти пурмуҳтаво ва пандомези падари шеъри тоҷикӣ пораҳои шеърӣ мехонанд.

Ҳамагон дар ин маҳфил, аз ҷумла, шеъри “То ҷаҳон буд аз сари одам фароз”-ро бо лаҳни зебо зери мусиқӣ тараннум менамоянд, ки хеле ҷолибу шуниданист ва муҳаббати хонандагонро нисбат ба забони модарӣ дучанд меафзояд.

Баъзе падару модарон шикоят аз он мекунанд, ки фарзандонашон ғалат менависанд, бо лафзи қабеҳ муошират мекунанд. Сабабаш, пеш аз ҳама, он аст, ки дар хона модар ба тарзи суханронии кӯдак таваҷҷуҳ накардааст, дар мактаб омӯзгор низ аҳамият надодааст ва ҳамин боис шудаст, ки баъзе фарзандони мо аз сарчашмаи пурфайзи забони тоҷикӣ ва фарҳанги ниёкон дур афтодаанд. Мо, омӯзгорон, бояд кӯшиш намоем, ки шогирдонамон забони покиза дошта бошанд, забони модариашонро дӯст доранд. Зеро гуфтаанд:

То наӣ соҳиби забони

хеш,

 Нашавӣ соҳиби ҷаҳони

хеш.

 

Замира МИРЗОЕВА,

омӯзгори мактаби №93, ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш