Нашрияи Омӯзгор

Ҳаҷв дар публитсистикаи устод Айнӣ

Сана: 2018-05-18        Дида шуд: 758        Шарҳ: 0

Устод Садриддин Айнӣ аз ҷумлаи равшанфикронест, ки дар давраи бисёр ҳассос тавонист, ки баҳри исботи куҳанбунёд будани  миллат тоҷик бо асари мондагори худ - «Намунаи адабиёти тоҷик» бар зидди пантуркистон  мубориза барад ва собит намояд, ки миллати тоҷик таърихи ғанӣ дошта, аз қадим давлатдору соҳибтамаддун аст.

Соли ҷорӣ ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ 140 сол пур шуд. Ба ин муносибат  дар ҷумҳурӣ даҳҳо  конфронсу ҳамоишиҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ баргузор ва асарҳои зиёд иншо гардиданд, ки ба шинохти бештари устод Айнӣ мусоидат мекунанд. Яке аз ин гуна асарҳо «Назаре ба публитсистикаи устод Айнӣ» мебошад, ки ба қалами докторони илми филология, профессорон Аъзамҷон Азимов ва Мурод Муродӣ  тааллуқ дорад.  Китоб маҷмӯи пажӯҳишҳои илмии муаллифонро дар бораи осори публитсистии устод Айнӣ, ки тӯли солҳои гуногун дар маҷаллаву рӯзномаҳо ба нашр расидаанд, фаро гирифтааст. Оид ба публитсистикаи устод Айнӣ муҳаққиқони зиёде асарҳо офаридаву аз паҳлуҳои гуногун эҷодиёти ӯро арзишдоварӣ намудаанд. Мо хуб медонем, ки устод Айнӣ дар баробари нависандагӣ бо матбуот ҳамкории қавӣ дошт ва мактаби аввалини ӯ матбуот маҳсуб меёфт ва аввалин асарҳои худро низ тавассути матбуот манзури хонандагон гардонидааст. Ин ҷанбаи фаъолияти ӯ то охири умр идома ва густариш ёфт.  Дар муқаддимаи китоби муҳаққиқон зикр шудааст, ки «бо ташкили низоми матбуоти тоҷик доманаи ҳамкорӣ ва фаъолияти публитсистии устод Айнӣ вусъат пайдо кард. Бо вуҷуди ба кори нависандагӣ пайваста машғул будан, ӯ аз ҳамкорӣ бо нашрияҳои даврӣ даст накашид, балки ҳамчун ҳомии адабу фарҳанги тоҷикон ва дӯстдори ватан тавассути нигоштаҳои публитсистии худ дар роҳи болобурди ҳаёти маънавию иҷтимоии мардум қарор дошт».

Китоби мазкур  силсила-мақолаҳои пажӯҳишгаронро, ки дар давраҳои гуногун эҷод шудаанд, дар бар гирифтааст. Маҷмӯа аз ду қисм иборат буда, дар бахши аввал пажӯҳишҳои А.Азимов ва дар қисми дуюм аз М.Муродӣ ҷой гирифтааст. Дар бахши аввал, ҳамчунин, чор мақолаи устод Айнӣ - «Тарақии матбуот дар Иттифоқи Шӯроҳо», «Кори ташкилот ва маорифи Тоҷикистон», «Муносибати тоҷикони кӯҳистон ба Ҳукумати Шӯроӣ» ва «Ҷавоб ба мунаққиди беном», ки муаллиф аз нашрияи «Овози тоҷик» дастрас намудааст, ба хотири он ки дар осори публитсистии китобшудаи устод Айнӣ дохил нагардидааст, пас аз шарҳу баррасиҳо айнан ҷой дода шудааст.

Мақолаҳои  муҳаққиқ Аъзам-ҷон Азимов «Устод Айнӣ ва маҷаллаи «Шуълаи инқилоб», «Публитсистикаи устод Айнӣ дар рӯзномаи «Овози тоҷик», «Матбуот аз нигоҳи устод Айнӣ»,  «Мактабу маориф дар публитсистикаи устод Айнӣ», «Назаре ба саргаҳи публитсистикаи устод Айнӣ» ва «Муҳтавои  як мақолаи ҷавобии устод Айнӣ» мебошанд. Профессор Мурод Муродӣ дар мақолаҳои «Як назари иҷмолӣ ба публитсистикаи Садриддин Айнӣ», «Айнӣ нахустмуқарриз», «Тафсили фикр дар публитсистикаи С.Айнӣ», «Айнӣ ва матбуот», «Ҳамкории пурфайз», «Назаре ба мавқеи ҳаҷв дар «Ёддоштҳо»-и С.Айнӣ», «Ҷаллодони Бухоро» - асари публитсистӣ», «Унсурҳои асотирӣ дар публитсистикаи ҳаҷвии С.Айнӣ», «Забон ва фарзонафарзандони тоҷик» ва «Айнӣ ва забони китобҳои дарсӣ» аз дигоҳи тоза фаъолияти публитсистии  устод Айниро мавриди пажӯҳиш  қарор додааст. Муҳаққиқ мавзӯъҳоеро мавриди таҳқиқ қарор додааст, ки консепсияи  нави ғоявии осори публитсистии устод Айниро равшан менамояд. Яке аз ин гуна масъала ҳаҷв дар осори устод мебошад, ки ба таври бояду шояд то ҳанӯз мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор нагирифтааст. Дар мақолаи «Назаре ба мавқеи ҳаҷв дар «Ёддоштҳо»-и С.Айнӣ» зикр шудааст: «С.Айнӣ дар сохтани ҳаҷву танз дар «Ёддоштҳо» натанҳо аз кинояву таъриз, пичингу ришханд, балки аз муболиға фаровон истифода мебарад. Баъзан муаллиф муболиғаро ба иғроқ мерасонад. Аммо муболиғаҳои муаллифи «Ёддоштҳо»  аксарият муболиғаҳои ҳақиқианд, ки барои кушодани моҳияти воқеаҳо нақши калон  мебозанд».

Аз мундариҷаи мақолаҳо дарк кардан мумкиин аст, ки асари мазкур аз чанд паҳлу фаъолияти публитсистиии устодро равшан менамояд ва хонанда амиқан дарк менамояд, ки устод Айнӣ барои бедории шуури мардум, таъсиси матбуоти тоҷик, забони тоҷикӣ, тарбияи рӯзноманигорон, забони китобҳои дарсӣ ва дигар масъалаҳои мубрами давр хизмати шоиставу мондагор кардааст.

Китоби мазкур барои муҳаққиқон, аспирантону унвонҷӯён, ходимони васоити ахбори омма ва доираи васеи хонандагон муфид  хоҳад буд.

 

Насриддин Охунзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш