Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ҳаракати олимпӣ

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

Вақте ки мо ба мактаби Президентии ноҳияи Кӯшониён омадем, биноҳои боазамату муҳташамро, ки дар шафати якдигар қад афрохтаву аз дур таваҷҷуҳи ҳар шахсро ба худ  ҷалб мекарданд, ба мушоҳида гирифта, ҳамзамон, аз тамошои саҳни гулкорӣ ва боғи бавусъати дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, кӯлҳои обаш нилфом ва шоҳчароғҳои ду канори роҳ кӯфтагии роҳро дигар ҳис накардем ва ба худ андешидем, ки воқеан, хонандагони ин даргоҳ хушбахттарин наслеанд, ки аз устодону омӯзгоронашон сабақи илму дониш мегиранд. Бо роҳбаладии корманди шуъбаи маорифи ноҳия аз зинаҳо боло шуда, ба дафтари кори директори муассиса Ориф Алимардонзода ворид гардидем. Дидем, ки ӯ бо чанде аз омӯзгорон суҳбат дошт. Сарвари таълимгоҳ моро гарм истиқбол гирифт.

- Беҳтарин корро анҷом додед, ки ба мактаби мо омадед, - гуфт ва афзуд, ки аз фаъолияти омӯзгорону устодон ва шогирдони таълимгоҳи мо иқдому ташаббусҳои онҳо ва фаъолияти назарраси муассиса  таассуроти нек ҳосил хоҳед кард.

Вақте ки фаъолияти худро панҷ сол қабл дар таълимгоҳ оғоз кардам, ба тартиби қабули муҳассилин дигаргунӣ ворид кардем, - мегӯяд директор. Дар баробари хонандагоне, ки ятими кулл мебошанду аз пардохти маблағи таҳсил озоданд, фарзандони омӯзгоронро низ ба ҳамин гурӯҳ шомил кардем. Ҳамчунин, хонандагоне, ки аз оилаҳои камбизоат  мебошанд, хонандагони синфҳои 5 – 11, ки соли таҳсилро бо баҳои аъло ва интизоми намунавӣ ҷамъбаст намудаанд, онҳое, ки дар олимпиадаҳои вилоятӣ ва фосилавӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, ҳаққи  маблағи таҳсилро панҷоҳ дар сад пардохт менамоянд. Мо ба масъалаи ҳавасмандгардонии хонандагони соҳибистеъдоду босавод ва омӯзгорони заҳматпеша диққати ҷиддӣ медиҳем. Аз ҷумла, хонандагоне, ки дар олимпиадаи анъанавии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои аввал гардидаанд, мутаносибан бо маблағҳои аз 700 то 1000 сомонӣ, дар олимпиадаи номӣ ва даставии ҷумҳурӣ иштирок ва соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардидаанд, аз 500 то 800 сомонӣ ва хонандагон, ки дар олимпиадаи сатҳи  байналмилалӣ ҷойҳои аввалро ишғол кардаанд, аз 800 то 1000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд. Бад – ин тартиб, омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаи вилоятӣ ҷойи аввалро сазовор мегарданд, бо маблағи аз 700 то 1000 сомонӣ, дар олимпиадаи анъанавии ҷумҳуриявӣ ҷой гирифта бошанд, аз 800, 1000 то 1500 сомонӣ, дар олимпиадаи номӣ ва даставӣ ҷойҳои сазоворро соҳиб шуда бошанд, аз 500 то 600 сомонӣ ва омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаи байналмилалӣ ба гирифтани медалҳо ноил гардида бошанд, аз 800, 1000 то 1500 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Аз нақли О.Алимардонзода маълум гардид, ки таълимгоҳи мазкур моҳи ноябри соли 2012 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шудааст. Мактаб дорои 660 ҷойи нишаст буда ҳамзамон,  дорои ду хобгоҳи замонавӣ мебошад. Айни ҳол дар таълимгоҳ 590 хонанда дар асоси шартнома ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 45 нафар омӯзгори соҳибихтисос таълим медиҳанд.

Ҳоло дар муассиса якчанд ҳуҷраҳои омӯзиши компютер мавҷуд аст, ки онҳо бо 74 компютер муҷаҳҳазанд. Ҳамчунин, аз ҳашт тахтаи электронӣ ва видеопроекторҳо дар раванди дарсҳо омӯзгорон истифода мекунанд. Ба вижа, масъалаи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ аз масъалаҳои меҳварию  умда дар фаъолияти омӯзгорону устодони ин фан маҳсуб меёбад. Ба таъкиди директор, дар асоси шартномаи дуҷонибаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ду муаллимаи забони русӣ ба муассиса фиристода шуданд, ки ба таълими фанни мазкур машғуланд. Дар умум, дар муассиса се кабинети технологияи иттилоотӣ ва ду кабинети лингофони мавҷуд аст. Мактаб ба шабакаи интернет пайваст буда, се почтаи электронӣ дорад.

Соли ҷорӣ аз 64 хонандаи синфи 11 – и муассиса 63 нафар аз қайди ММТ – и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд. Аз онҳо 56 нафар ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ, чор нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ду нафар ба донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар дохил шуда, таҳсилро бомуваффақият давом дода истодаанд. Сарвари таълимгоҳ афзуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил кардани корҳои беруназсинфӣ, омӯзиши касб ва омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо 20 маҳфили фаннӣ  амал мекунад, ки «Ихтироъкорони ҷавон», «Шоҳмотбозӣ», «Рӯзгордорӣ», «Футбол», «Тенниси рӯимизӣ», «Санъати сухан», «Забондон» (аз фанни забони англисӣ), «Омӯзиши асбобҳои миллӣ», «Ирфон ва адаб» ва амсоли инҳо аз ҳамин қабил ба шумор мераванд.

Таъмини хонандагон бо китобҳои дарсиву бадеӣ назаррас аст, вале норасоии китобҳои забони англисӣ (синфҳои 6- 10) ва физикаи синфи 8 эҳсос карда мешавад. Дар китобхонаи таълимгоҳ 5615 нусха китоби бадеӣ, ҳазор нусха китоби илмӣ – методӣ ва 450 нусха асарҳои  Президенти мамлакат мавҷуд мебошад. Шогирдони муассиса дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» иштирок карда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Хонандагони синфи 11 Баҳманёр Амондиллоев, синфи 7 Муҳаммадҷони Ҷалолиддин, Меҳрубони Фатҳулло ва синфи 6 Муҳаммад Давлатов дар озмуни мактабии «Китобхони беҳтарин» ғолиб дониста шуданд.

Дар муассиса бо талош ва ибтикори омӯзгорон якҷо бо хонандагон мунтазам чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву адабӣ гузаронда мешавад, ки озмунҳои «Иншои беҳтарин», «Канӣ, духтарон!», «Расми беҳтарин», «Рӯзномаи девории пурмуҳтаво», «Шаҳри ҳунармандон», аз ҳамин қабил ба шумор рафта, ҳамчунин, дар хобгоҳи таълимгоҳ маҳфилҳои саволу ҷавоб, викторинаҳои фаннӣ, озмуни шеърхонӣ баргузор мегардад.

- Мо ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда, робитаро  дар ин самт бо волидони хонандагон мустаҳкам намудаем, -мегӯяд директор ва тавзеҳ медиҳад, ки маҳз бо дастгирии падару модарон соли гузашта 89250 сомонӣ ба фонди муассиса  гузаронида шуд, ки ин маблағ барои таъмири асосии ҳуҷраву синфхонаҳо, катҳои хоби хонандагон, роҳравҳо, рангу бори бинои таълимгоҳ сарф гардид. Дар хусуси омодагии муассиса ба зимистон сарвари мактаб иттилоъ дод, ки имсол ба ин мақсад 350 тона ангишт, 15 куб ҳезум ва 200 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Мо аз боғи бавусъату сарсабзи таълимгоҳ, ки дар майдони 10  гектар доман паҳн кардааст, дидан карда, аз талошу заҳмати хонандагону омӯзгорон дар масъалаи шинондану сабз гардондани  ниҳолони мевадору сояафкан хурсанд гардидем. Баҳори ҳамин сол, ба тасдиқи  О.Алимардонзода, хонандагон зиёда аз 76 бех ниҳоли мевадиҳанда ва 480 бех гулу гулбуттаҳои гуногуни ороишӣ шинондаанд. Дар умум, теъдоди дарахтону ниҳолони мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳои ороишӣ ба 4,5 ҳазор мерасад. Аз  ҳосилу самари дарахтони зардолую олу, ноку гелос, олуболу, шафтолу, анор… ҳамасола даромади калоне ба даст меояд, ки дар ободонию азнавсозии муассиса сарф карда  мешавад. Дар хусуси проблемаю мушкилот ҳарф зада, сарвари муассиса зикр намуд, ки  толори варзишӣ таъмирталаб буда, қисми берунии биноҳои асосӣ ва хобгоҳҳои муассиса аз таъсири боду борон фарсуда шуда, ҷо-ҷо аз ҳам рехтаанд ва ба таъмири фарогир ниёз доранд. Ҳамчунин,  қубурҳои асосии системаи гармидиҳии мактаб бо гузашти солҳо куҳнаю фарсуда шудаанд.

-Нақшаҳои мо дар самти боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ва донишазхудкунии хонандагон калон аст,-меафзояд О.Алимардонзода. Бо вуҷуди он ки шогирдони муассиса дар олимпиадаю озмунҳои фаннӣ иштирок карда, сазовори  ҷойҳои намоён мегарданд, вале нишондиҳандаҳо дар ин боб моро қонеъ карда наметавонанд. Аз ин рӯ, дар ҳамбастагӣ бо Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ният дорем, ки дар таълимгоҳ Маркази тестиро таъсис диҳем.

 

 

Шодӣ  РАҶАБЗОД,

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»,

Душанбе – Кӯшониён -

Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш