Нашрияи Омӯзгор

Ба сухан пухта шавад хоми ҳама

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

Дар ҳама давру замонҳо забон ҳамчун нишонаи  асосии шинохти миллат ва рукну пояи тамаддуну фарҳанг дониста шудааст. Донистани забон, сухан гуфтан ва озодона баён намудани  фикр аз  қобилияти баланди шахс  башорат медиҳад.

Сарчашмаи муҳими забондонӣ ин омӯзиш ва мутолиаи бардавоми осори бадеӣ ба шумор меравад. Ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ ва чорабиниҳои беруназсинфӣ ман дар бораи таърихи забони тоҷикӣ, донистани қоидаҳои имло ва тарзи дурусти талаффузи калимаҳо ба шогирон маълумот дода, бо забони ноби  модарӣ сухан  гуфтанро саодати  бузурги ҳар як фарди миллатдӯст меҳисобам. Барои равону фасеҳ  ва хушобуранг сухан  гуфтан бояд  шеъри бисёреро аз шоирони классики форсу тоҷик ва муосир аз ёд донист. Донистану аз бар кардани шеър  захираи луғавии касро ғанӣ гардонда, нутқи гуфтории ӯро сайқалу такмил медиҳад, Хондани асарҳои насрӣ низ ба инкишофи нутқ ва забондонии шахс таъсири судманд мерасонад. Дигар аз омили сухандону суханшинос гардидани хонандагон ин донистану аз худ кардани  луғат ба шумор меравад. Ба шогирдон  тавзеҳ медиҳам, ки шарти асосии сухан гуфтан ин кӯтоҳбаёнист. Бузургон низ беҳуда таъкид накардаанд, ки  айби  сухан дарозии он аст. Ба ин маънӣ Саъдии Шерозӣ низ хеле наку гуфта:

Сухан бисёр дону андаке гӯй,

Якеро сад магӯ, садро яке гӯй.

Дигар аз шартҳои сухан гуфтан андешидаву санҷида ва эҳтиёткорона ба забон овардани фикр  мебошад. Суханро тавре бояд ба забон  овард, ки   бар касе озор   нарасад, хотиреро ғамгин ва табъи сомеъро хира насозад.

Чунонки шоир фармудааст:

Сухан дониста гӯ, то дӯстро

душман нагардонӣ,            

Зи ҳарфи бетааммул ошно

бегона мегардад.

Дар воқеъ, донишмандию соҳибтафаккур будани ҳар шахс аз тарзи сухан кардан ва шеваи баёни ӯ маълум мегардад. Бедил дар ин бора фармудааст:

Бетамизиҳои мардум аз сухан

пайдо шавад,

Пистаи бемағз агар лаб во

кунад, расво шавад.

Гулдаста Азизгиева,

 омӯзгори мактаби №15,

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш