Нашрияи Омӯзгор

Сифати таълим баланд мегардад

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

Соҳаи маориф дар сиёсати давлатӣ меҳварӣ буда, пайваста ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим аз ҷониби Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон тадбирҳои судманд андешида мешавад.

Ҳамин аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ низоми муносибати босалоҳият ба таълим ҷорӣ шудааст, ки ба ташаккули зеҳн ва фаъолияти мустақилонаи хонандагон мусоидат менамояд. Дар низоми мазкур барои фаъол гаштани ҳамаи хонандагон ба дарс замина фароҳам оварда мешавад ва дар меҳвари дарс хонанда қарор мегирад.  Ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ кӯшиш менамоям, ки бо методу усулҳои самарабахш ба хонандагон дар азхуд намудани мавзӯъҳои дарсӣ ёрӣ расонам ва озодии баёнашонро таъмин намоям. Бояд дар раванди дарс ҳамаи хонандагонро водор намоем, ки перомуни мавзӯи гузашта мустақилона андешаашонро бигӯянд, гарчанде он нодуруст бошад, зеро истиқлоли хонандагон дар раванди дарс имкон медиҳад, ки онҳо барои азхуд намудани маводи таълимӣ пайваста талош намоянд. Ҳамчунин, барои фаъол намудани хонандагон омӯзгорро мебояд фаротар аз барномаи таълимӣ адабиёт мутолиа намояд ва бо мисолҳои воқеӣ ҳар як дарсро ба хонанда бифаҳмонад.

Низоми мазкур ба хонандагон имкон медиҳад, ки дар баробари фаро гирифтани мавзӯи дарсҳо аз маъниву моҳияти он амиқан огоҳ шаванд.  Масалан, дар баробари азёд намудани порчаи шеърӣ хонанда бояд маънои онро дарк намояд ва бо фаҳмишу дарки хеш шарҳу тавзеҳу бахшад. Ин омил ба рушди ҷаҳонбиниву нутқи хонандагон заминагузор аст. ҳангоми дарс дар синф кӯшиш намудан зарур аст, ки аз хонандаи сустхон то аълохон - ҳама мулоҳизаҳои хешро баён намоянд. Баҳсу мунозира ва таҳлили андешаи ҳамдигар аз дигар ҷанбаи муассири дарс ба ҳисоб меравад.

Низоми мазкур хонандагонро водор менамояд, ки мунтазам дар пайи омӯзишу мутолиа бошанд. Дар ин давра ба хонандагон мутолиаи асарҳои бадеиеро, ки ба синну соли онҳо мувофиқ аст, пешниҳод намудан айни муддаост.

Хурсандиовар аст, ки дар заминаи ҷорӣ гардидани муносибати босалоҳият аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар силсилаи асарҳои нависандагону шоирони классику муосир ва адибони барҷастаи ҷаҳонӣ бо теъдоди зиёд ба нашр расиданд ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардиданд. Албатта, ин бесабаб нест, зеро рушди нутқи шифоҳӣ ва  ҷаҳонбинии васеи хонандагон ба мутолиаи пайвастаи осори бадеӣ вобаста буда, масъулияти омӯзгоронро дар китобхон намудани насли наврас бештар менамояд.

Дарвоқеъ, ислоҳоту дигаргуниҳое, ки дар соҳаи маориф амалӣ мешаванд, дар баланд гардидани сифати таълим ва ташаккулу таҳаввули ҷаҳонбинии хонандагон таъсири мусбат мерасонанд.

 

Гулчеҳра САЙФУДДИНОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

 гимназияи №1 барои хонандагони

болаёқати шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш