Ҳангоми омӯзиши забони хориҷӣ дар машғулиятҳо ва ё дар корҳои беруназсинфӣ ба ташкил намудани корҳои мустақилона аҳамияти махсус дода мешавад.
Малакаҳои умумитаълимиро дар хонандагон ташаккул дода, майлу хоҳиши доимии такмил додани сатҳи забондонии онҳоро тарбия намудан зарур аст. Ба ин васила дар дарсҳо роҳу усулҳои гуногуни корҳои мустақилона ба роҳ монда мешаванд. Барои ин ба мисолҳо суратҳои ранга ва нақшаҳо бояд бештар такя кард. Маводи дидактикӣ ва сабти овозҳо низ хеле муфид аст. Ба хонандагон ёд додани истифодаи мустақилона аз луғат, китобҳои дарсӣ, маълумотномаҳои грамматикӣ, кишваршиносӣ ва инчунин, воситаҳои таълимӣ зарур аст. Истифодаи доимии ҳуҷраи лингофонӣ ва компютерӣ вақтҳои берун аз дарс барои корҳои мустақилонаи хонандагон, ташаккули талаффуз, нутқи шифоҳӣ ва техникаи хониш зарур аст. Корҳои беруназсинфиро вобаста ба синну соли хонандагон, майлу рағбат ва сатҳи забондонии онҳо ташкил кардан мебояд. Вазифаҳои асосии кори беруназсинфӣ аз такмил додани қобилияти нутқ, ки дар рафти машғулиятҳо ба даст оварда мешавад, иборат буда, хонандагонро ба худомӯзи тайёр менамоянд.
Яке аз шаклҳои корҳои беруназсинфӣ маҳфил ба шумор меравад. Маҳфилҳо ташаккули маҳорати нутқи шифоҳӣ, хониши матнҳои бадеӣ бо забонӣ хориҷиро таъмин менамоянд. Мазмуни корҳои беруназсинфӣ ба болоравии сатҳи забондонии хонандагон кумак намуда, майлу рағбати онҳоро ба забономӯзӣ бедор менамоянд. Хонандагонро бо ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, илмиву мадании халқҳои ҷаҳон ошно сохта, барои тарбияи онҳо таъсири муфид мерасонад.
Ҳангоми таълими забони хориҷӣ муҳимтарин сифатҳои ахлоқии инсон-ватанпарварӣ ва инсондӯстӣ тарбия карда мешаванд. Эҳсоси ҳамдилӣ бедор мешавад, зеро омӯхтани забони хориҷӣ ҳамчун воситаи муомилаи байниҳамдигарии хонандагону муаллим тавассути забони омӯхташаванда амалӣ мегардад. Хонандагон усулҳои меҳнати фикрӣ, мазмуну муҳтавои китобҳои таълимӣ, машқҳои лингофонӣ, сабти овоз, истифодаи маълумотномаҳои худназораткунӣ ва худислоҳкуниро аз худ менамоянд.
Муқаддас СУЛТОНОВА,
омӯзгори мактаби №15,
ноҳияи Шаҳринав
Иловакунӣ
Иловакунии фикр