Нашрияи Омӯзгор

Оила ва зинаҳои тарбия

Сана: 2018-05-18        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Оила дар кишвари мо таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Ташкили оила, ки он ба сифати хурдтарин ниҳод дар ҷомеа шинохта шудааст, аз ҳар шаҳрванд тақозо мекунад, ки дар ҳалли масоили пешорӯ тадбирандеш, пурмасъулият ва дар муомилаву муносибат огоҳ бошанд.

Волидайн низ бояд аз ин шева кор гиранд ва дар тарбияи авлоди худ тавре муносибат кунанд, ки онҳо дар роҳи росту мустақим муваффақ шаванд. Мутаассифона, ин тарзи кор на дар ҳамаи хонаводаҳои мо риоя мешавад. Теъдоди оилаҳое, ки дар он ҳамдигарфаҳмию ҳурмату эҳтиром умуман вуҷуд надорад, дар замони муосир кам нест. Масъулияти ин ҳама нобасомониҳо боз ҳам ба дӯши падару модароне таҳмил меёбад, ки аз фарҳанги оиладорӣ огоҳӣ надоранд. Худашон ба тарбияти фарогир ниёзманданд. Натиҷаи ҳамин аст, ки фарзандонашон дар рӯҳияи ноустуворӣ ва фармоннопазирӣ камол меёбанд. Ноҷӯриҳои ҳаёти хонаводагӣ, аз қабили рашку ҳасад ва ранҷу шиканҷаи аз ҳад беш занонро дар кӯчаи сарбастае афканда, дар айни ҳол онҳоро дар ҷустуҷӯи роҳи халосӣ ба мушкилот мувоҷеҳ намудааст. Гузашта аз ин, зан ҳама шикасту рехтҳоро таҳаммул мекунад. Оила  дар ҳама ҳолат аз давлат ҳимоят мешавад. Ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи давлат сарпарастони хонаводаро мебояд, ки дар тарбияи фарзандон босалоҳият ва пурмасъулият бошанд, то ки ба ин васила насли корсозу зиндагифаҳмро ба миллат тақдим намоянд. Зеро ояндаро метавон имрӯз сохт, аз пешиниён сабақ бояд омӯхт ва ба пасояндагон насли солиму сиҳатмандро ба ёдгор гузошт.

 

Асолат МЕЛИКОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №83-и  шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш