Нашрияи Омӯзгор

Сухан, к-он аз сари андеша н-ояд…

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар яки мо бо захираи муайяни луғот, ки аз хурдӣ аз волидайн омӯхтаем, ба остонаи мактаб қадам мегузорем.

Омӯзиши мураттаб ва муттасили забон аз нахустин дарси муаллим сар мешавад ва мо аз «Алифбо» шурӯъ намуда, тадриҷан ба олами пурасрору пурэъҷози сухан ворид мешавем.

Ба андешаи ман, сабақи омӯзгор низ дар ин самт бағоят нақши калон мебозад. Ҳар як ҳаракати омӯзгор, оҳанги гуфтор, тарзи талаффуз, ваҷоҳат ва ҳатто, симои ӯ ҳангоми суханронӣ аҳамият пайдо мекунад. Ҳамин тавр, раванди суханомӯзию суханвариро ба ду давра-оила ва мактаб ҷудо кардан мумкин аст.

Ин ҷо мо давраҳои омӯзиши расмиро дар назар дорем. Дар асл бошад, он то охири умр идома меёбад.

Дар муҳити  оила мо-калонсолон бояд ҳангоми суханронӣ хушгуфтор бошем. Хатоҳои фарзандонро дар вақти гуфтугӯ ислоҳ намоему дар замирашон завқи суханвариро бедор намоем.

Ман худ шоҳидам, ки фарзандони дар оилаҳои бофарҳанг тарбияёфта хушахлоқу сухандонанд.

Зинаи дувуми суханомӯзӣ мактаб аст. Кӯдак хеле ҳассос аст. Ба ҳар як  ҳаракати муаллим диққат медиҳад ва тақлид мекунад. Бинобар ин, омӯзгор бояд дар муомила, муносибат, муошират бо хонанда хеле мулоҳизакор бошад.

Аз мушоҳидаҳои худ омӯзгоронеро медонем, ки дар муомила бо шогирдон дағал буда, ҳатто, ба онҳо лақаб мегузоранд, волидайнашонро масхара месозанд. Бехабар аз он, ки лақаби гузаштаи онҳо умре дар номи хонандаи бечора боқӣ мемонад. Ин тоифаи омӯзгорон «забони адабии тоҷикӣ ихтисоси ман нест»-гуфта, бо лаҳҷа ҳарф мезананд.

Шоир дар ин хусус дуруст фармудааст:

Сухан, к-он аз сари андеша

н-ояд,

Навиштанрову гуфтанро

нашояд.

Идимад Иброҳимзода,

омӯзгори мактаби №20,

ноҳияи Мир Сайид

Алии Ҳамадонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш