Нашрияи Омӯзгор

Асари роҳнамо барои пажӯҳишгарон

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

Илм дар замони муосир мавқеи меҳварӣ касб намуда,   таълифи асарҳои пажӯҳишӣ ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт,  муаррифии фарҳанги миллӣ мусоидат менамояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ илми тоҷик шакл гирифтаву дар зимн асарҳои зиёде оид ба фарҳангу адабиёт, забоншиносиву журналистика ба вуҷуд омад. Вобаста ба методу усулҳои таҳқиқи кори илмӣ чандин дастури раҳнамо чоп шуда бошад ҳам, ҳанӯз дар ин самт паҳлуҳои норавшане мавҷуд аст.

Ҳамин омил ба таълифи асари наве сабаб гардид. Чанде пеш китоби доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мурод Муродов таҳти унвони «Метод ва методологияи таҳқиқи илмӣ» (Душанбе: Аржанг, 2019, 160 с.) ба нашр расид, ки дар он ба таври фарогир ҷанбаъҳои муҳими кори илмӣ нишон дода шудааст. Дар китоби мазкур моҳияти методология, асосҳои методологии маърифати илмӣ, маҷмӯи методҳои маърифати илмӣ, махсусиятҳои назарияи ВАО, хусусиёти методологии он, самтҳои асосии пажӯҳиши илмии муосир дар назарияи журналистика, сохтори методологии таҳқиқи диссертатсионӣ ва амсоли инҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст.

Китоб 3 бахшро фаро мегирад. Дар бахши аввал  нақши илм ва давраҳои асосии инкишофи он, марҳалаҳои асосии ташаккули донишҳои илмӣ доир ба таҳқиқи илми журналистика, фаҳмиши донишҳои илмӣ, методҳои маърифати илмӣ ва таҳқиқи ВАО, соҳаҳои таҳқиқоти илмии журналистика ва методҳои таҳқиқ ва паҳлуҳои гуногуни нозуку муҳими кори диссертатсионӣ ба таври барҷаста ба танзим дароварда шудааст.  Ин қисмат ҷанбаи назарии китобро фаро гирифта, муаллиф бо овардани мафҳумҳои илмӣ, давраҳои ташаккул ва банизомдароии илмро шарҳу тавзеҳ бахшидааст. Муаллиф дар ин қисмат ҳар як мафҳуми илмиро тафсир ва давраҳои инкишофи онҳоро муайян намуда, маълумоти энсиклопедиро пешорӯи хонанда мегузорад, ки донистани он барои ҳар як пажӯхишгар муҳим ба ҳисоб меравад.  Ҷанбаи илмии асар дар он зоҳир мегардад, ки муаллиф  барои нишон додани мавқеи илм мавзӯъро омӯзиш ва таҳқиқи кори илмиро  аз давраи пайдоиш то такомулу ташаккули он бо далелҳои муътамад, бо истифода аз осори муҳаққиқони рус мушаххас намудааст.  Ба таъкиди муаллиф, дар замони муосир вобаста ба соҳа ва методи маърифат се намуд (соҳа)-и илм маъмул шудааст:

1.         Илмҳои табиӣ – дар бораи табиат;

2.         Илмҳои гуманитариву иҷтимоӣ – дар бораи ҷомеа;

3.         Илмҳо доир  ба тафаккур ва маърифат- мантиқ, гносеология, эпистемология ва ғ.

Тафсири  ҳар як  соҳаи илм аз ҷониби муаллиф амиқрафти биниш ва таҳлили муҳаққиқро  ба  шинохти соҳаи илм бештар мегардонад. Инчунин, муҳаққиқ аз рӯи таснифоти  самт ва ихтисосҳои таҳсилоти олии касбӣ,   номгӯйи барномаи магистрӣ (ихтисос)  ва равандҳои илмиро мушаххас кардааст.  Ҷанбаи назариявии китоб пурқувват буда,  хонандаро зина ба зина барои ворид шудан ба кори илмӣ роҳнамоӣ намуда, дар мушаххас намудани самти таҳқиқ ба ӯ  ёрӣ мерасонад.  Мусаллам аст, ки донистани мақсаду вазифаҳо ва методу методологияи таҳқиқ барои ҳар пажӯҳишгар муҳим ба ҳисоб меравад. Дар  ин қисмат дар бораи мавзӯоти муҳимме, ки бояд самтҳои таҳқиқи журналистикаро фаро гирад, сухан рафтааст, ки ба гумони инҷониб, он дар интихоби мавзӯъ ва омӯзишу пажӯҳиш муҳаққиқонро роҳнамо хоҳад буд.

Бахши дуюми асар бештар ҷанбаи пажӯҳишӣ дошта,  дар он самтҳои асосии таҳқиқи ВАО дар парадигмаҳои назарияи журналистика  таҳлилу баррасӣ гардидааст. Муаллиф дар ин қисмат оид  ба муносибати таърихӣ, таърихию типологӣ, ҷанбаи мавзӯиву проблемавии таҳқиқи типҳои гуногуни матнҳои ВАО, жанрҳои публитсистӣ  ва анъанаҳои инкишофи онҳо ҳамчун объекти таҳлил ва таҳқиқи илми журналистика, таърих ва назарияи журналистикаи навтарин ва расонаҳои нав муносибати байнифаннӣ дар таҳқиқи ВАО-ро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, корҳои илмии пажӯҳиширо, ки вобаста ба паҳлуҳои гуногуни соҳаи журналистикаи аз ҷониби олимону муҳаққиқону адабиётшиносон зимни таҳлилу баррасии масоилу мавзӯоти  паҳлуҳои гуногуни ВАО-и кишвар  ба анҷом расидаанд, ба  таҳқиқ  гирифтааст. Пайдост, ки муаллифи китоб ҳамаи асарҳоеро, ки ба таҳқиқи илми журналистика бахшида шудааст, амиқ мутолиа ва дар асар ба таври ҷудогона ба риштаи таҳлил кашида, муҳимияти онҳоро  хотиррасон  кардааст.  Ӯ ҳангоми таҳлили паҳлуҳои гуногуни соҳаи журналистика мушаххас намудааст, ки дар кадом самти журналистика корҳои пажӯҳиширо бояд анҷом дод.  Зимни таҳлил, муаллиф  оид ба таҳқиқоти олмони тоҷик, ки дар ин масъала муносибати таърихии онҳо ба мушоҳида мерасад, қайд мекунад: «Муносибати таърихӣ дар таҳқиқи журналистика, аз ҷумла, журналистикаи тоҷик анъанаи дерина дорад. Таҳқиқоти илмиву оммавии С. Айнӣ доир ба «Бухорои шариф», Р. Ҳошим роҷеъ ба оғози матбуоти тоҷик, З. Раҷабов дар бораи «Шуълаи инқилоб», И. Усмонов доир ба ташаккул ва инкишофи матбуоти ҳизбии тоҷик (1917-1929), П. Гулмуродзода роҷеъ ба пайдоиш ва ташаккули матбуоти шӯравӣ, А. Азимов дар бораи «Овози тоҷик»  ва чандин пажӯҳиши дигарон дар заминаи муносибати таърихӣ шакл гирифтаанд».

Ҳамчунин, дар идома  муҳаққиқ таъкид менамояд, ки ҳанӯз ҳам паҳлуҳои гуногуни фаъолияти ВАО омӯхта нашудааст.  Имрӯз, ба андешаи муаллиф, омӯхтани  таърихи радиову телевизион ва фаъолияти нашрияҳо амри ногузир аст.  Бартарии  китоби мазкур дар он зоҳир мегардад, ки муаллиф андешаҳои худро дар муқоиса ба корҳои анҷомдодаи муҳаққиқони рус матраҳ намудааст ва омӯзиши онҳоро дар журналистикаи тоҷик муҳим арзёбӣ кардааст.  Масъалагузории муаллиф дар ин қисмати китоб ҷолиб буда, пажӯҳишгаронро водор менамояд, ки дар таҳқиқу омӯзиш ва рӯшанӣ андохтан ба паҳлуҳои гуногуни журналистикаи тоҷик корҳои зиёдро ба анҷом бояд расонд. Дар китоб интихобан корҳои диссертатсиони муҳаққиқони тоҷик аз ҷониби муаллиф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, аҳамияти  омӯзиши мавзӯи мазкур ба таври мушаххас таъкид гардидааст. Ба ибораи дигар, дар қисмати зикршуда  ҳамаи асарҳои  олимони тоҷик, ҳам дар таълифи осори пажӯҳишӣ доир ба таърихи ВАО, ҳам дастуриву таълимӣ ва  омӯзиширо муаллиф таҳлилу таҳқиқ намудааст, ки ин аз як тараф, баҳогузории корҳои анҷомшудаи муҳаққиқони тоҷик дар рушди журналистикаи тоҷик ва омӯзишу ковишҳои онҳо маҳсуб меёбад. Бо рушди технология ва пайдоиши интернет воситаҳои гуногуни пешниҳоди иттилоот ба вуҷуд омадааст, ки дар илми  журналистикаи тоҷик то ҳанӯз мавриди пажӯҳиш қарор нагирифтаанд.  Дар ин самт муҳаққиқ корҳои пажӯҳишии олимони русро дар бораи муҳимияти расонаҳои нави электронӣ ба миён гузошта, омӯзишу таҳқиқи онҳоро дар замони ҷаҳонишавӣ ногузир арзёбӣ кардааст.

Бахши сеюми китоби мазкур аҳамияти дастурӣ дорад. Дар он интихоби мавзӯъ, мундариҷаи дессертатсия, муқаддима, хулоса ва  тартиби додани феҳрасти адабиёту манбаъ бо овардани мисолҳои воқеӣ ва намунаҳо аз корҳои ба анҷомрасида ба таври фарогир матраҳ гардидааст. Муаллиф  интихоби мавзӯи пажӯҳиширо муҳим арзёбӣ намуда, мавзӯъҳои таҳқиқшавандаро  аз рӯи муҳиммият ба ду гурӯҳ ҷудо кардааст.  Ба гурӯҳи аввал, мавзӯъҳоеро шомил намудааст, ки умри тӯлонӣ доранд ва дар ҳамаи давру замон метавон онҳоро мавриди омӯзиш қарор дод. Ба гурӯҳи дигар, мавзӯъҳое дохил мешаванд, ки  умри начандон тӯлонӣ доранд ва вобаста ба талаботи ҷомеа мавқеъ пайдо мекунанд ва дар давраи муайяни таърихӣ нақши муассир мегузоранд. Ҳамчунин, дараҷаи омӯзиши онҳоро радабандӣ намуда,  пешниҳод менамояд, ки бояд дар интихоби мавзӯъ масъалаҳои мавриди пажӯҳиш қарор бигиранд, дар шинохти бештари паҳлуҳои норӯшани ВАО-и кишвар мусоидат намоянд ва дар рушди илми тоҷик хидмат карда тавонанд.

Ҳамчунин, дар ин қисмати китоби мундариҷаи диссертатсия шарҳ ёфтааст. Дар  муқаддимаи диссертатсия кадом ҷиҳатҳои масъала фаро гирифта мешавад, мушаххас гардида, ҳаҷми он муайян шудааст, ки ин барои муҳаққиқони ҷавон муҳим мебошад. Дар муқаддима, ки фарогири аҳамияти мавзӯи таҳқиқ, дараҷаи пажӯҳиши мавзӯъ, мақсад ва вазифаҳои таҳқиқ, сарчашмаҳои таҳқиқ, объекти таҳқиқ, предмети таҳқиқ, навгонии таҳқиқ, асосҳои назариявии кор, аҳамияти амалии таҳқиқ, методҳои таҳқиқ, нуктаҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқ ва сохти диссертатсионӣ  мушаххасан баён гардидааст. Шарҳи ҳар яки он, ки бояд паҳлуҳои кори диссертатсиониро муайян намояд, ба таври сода, вале илман асоснок исбот ёфтааст.  Дар ҳар қисмат  муҳаққиқ намуна аз корҳоро пешкаш намудааст, ки  ҳамчун роҳнамо дар шинохти кори илмӣ хидмат мекунанд. Инчунин, тарзи навиштани кори илмӣ, тартиб додани рӯйхати адабиёту манбаъ ва таълифи мақолаи илмӣ бо овардани намунаҳо пешниҳоди хонанда гардонда шудааст.  Аз мутолиаи асар бармеояд, ки китоби мазкур заҳмати чандинсолаи муаллифи пуркор М. Муродов ба ҳисоб рафта, дар заминаи асарҳои зиёди  таълимиву пажӯҳишӣ ва мушоҳидаҳои амиқи олим  рӯйи кор омадааст. Пешниҳоди асарҳои омӯзишӣ дар асар далели гуфтаҳои болост.

Дар маҷмӯъ, китоби профессор Мурод Муродов   «Метод ва методологияи таҳқиқи илмӣ»   ба таври мукаммал раванди таълифи кори илмиро фаро гирифта, зина ба зина  ҷараёни таҳқиқоти илмиро ифода карда, аҳамияти баланди назариявӣ, пажӯҳишӣ ва илмӣ дорад ва ба муҳаққиқони соҳаи журналистика ва алоқамандони илми тоҷик   дар таълифи рисолаҳои илмияшон  ҳамчун дастури раҳнамо хидмат хоҳад кард.

                                                          

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш