Нашрияи Омӯзгор

Ҳокими сухан

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

Ҳокими Сафар аз зумраи омӯзгоронест, ки аз қавли устод Бозор Собир, «қадам ба қадамашон бо қалам вобаста аст». Устоди заҳматкаш дар  баробари ба шогирдон аз фанни таърих солҳои тӯлонӣ сабақ омӯзондан аз навигариҳои  таълиму тарбия ва фаъолияти пурбори омӯзгорон хабару мақолаҳои ҷолиб навишта, ба идораи рӯзномаи «Омӯзгор» ирсол менамояд. Ҳокими Сафар ҳар сари чанд вақт меҳмони нашрия шуда, дар бораи норасоию  камбудиҳо ва мушкилоти соҳаи маориф маводи навиштаашро бевосита пешниҳод менамояд. Омӯзгор ва рӯзно-манигори сермаҳсулу шинохта Ҳокими Сафар ба синни 76 қадам гузошт.

Мо, кормандони нашрияи «Омӯзгор», муаллифи фаъоли ҳафтаномаро бо ин санаи муборак шодбош гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва дар корҳои эҷодияш комёбиҳо хоҳонем.   

Ш. Суҳайл,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш