Нашрияи Омӯзгор

Пайки «АДАБ» мерасад

Сана: 2019-10-04        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

Шумораи нави нашрияи ташкилоти ҷамъиятии «Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон» - маҷаллаи «Адаб» чун шумораҳои пешин бо мундариҷаи ғанӣ ва сифати баланди ороиш чоп шуд. Зери рубрикаи «Аз Рӯдакӣ то имрӯз» мақолаҳои профессор Замира Ғаффорова «Сайри ғазали форсӣ дар Кашмир (асрҳои XVI-XVII)» ва номзади илми филология Шодӣ Шокирзода «Аҳмад Мираминзода - суханваре меҳройин» нашр гардидаанд. Бахши «Машриқу Мағриб»-ро нигоштаи профессор Равшан Раҳмонӣ «Уилям Батлер Йейтс - адиби мардумии Ирландия» зеб медиҳад. Дар ин рӯзҳо ба тавлиди ходими бузурги сиёсиву фарҳангии Ҳиндустон Маҳатма Гандӣ 150 сол пур мешавад. Ба ин муносибат маҷалла таҳти рубрикаи «Инсон ва озодӣ» чанд матолиби хонданӣ, минҷумла, мақолаҳои доктори илми филология Шодимуҳаммад Сӯфизода «Маҳатма Гандӣ - бунёдгузори  ҳаракати мубориза бидуни зӯроварӣ» ва муҳаққиқ Нурбахши Ҷаҳонгир «Ҳаёти ӯ паёми ӯст»-ро ҷой дода, порае аз китоби «Саргузашти ман» ва андешаҳои Маҳатма Гандиро таҳия ва чоп намудааст, ки бешак, баҳри шинохти рӯзгор ва афкори осори ин шахсияти маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ хеле судманд мебошанд.

Дар бахши «Анҷуманоро» мусоҳибаи барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт Уилям Фолкнер «Нависанда бояд бераҳм бошад» ва дар бахши «Аз ганҷинаи адабиёти ҷаҳон» аввалан зиндагинома ва осори нависандаи маъруфи рус Сергей Аксаков дар гузориши муҳаққиқ Шодони Нуъмонпур «Сергей Аксаков - ашрофзодаи деҳот, муфассири зиндагӣ» арзёбӣ гардида, пасон афсонаи беҳтарини ӯ барои бачагони дунё «Гули сурх» ба нашр расидааст. Бахши ниҳоии маҷалла - «Ҷаҳони андеша»-ро иддае аз ҳикматҳои ёдмон ороиш медиҳад, ҳамчунин дар ин шумора намунаҳо аз ашъори шоири хуби ҳамзамони мо Абдулқодири Раҳим таҳти унвони «Биё, як шоире бошем ҳақгӯ» мунташир шудаанд.

 

О. Насриддин


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш