Нашрияи Омӯзгор

Фархор: обуна ба 1000 нусхаи «Омӯзгор»

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

Фархор: обуна ба 1000 нусхаи «Омӯзгор»

Мазмуну муҳтавои нашрияи «Омӯзгор» сол то сол беҳтар гардида, дар он масъалаҳои соҳаи маориф ба таври фарогир инъикос мегарданд. Ҳамин аст, ки соли дуюм аз ҷониби Академияи ВАО ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳафтаномаи «Омӯзгор» дар ҷумҳурӣ беҳтарин нашрия дониста мешавад (соли 2019 «Нашрияи сол» ва соли 2018 «Нашрияи соҳавии сол»). Инчунин, тибқи назарсанҷии Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» нашрияи «Омӯзгор» аз серхонандатарин нашрияҳо дониста шуд ва дар ин назарсанҷӣ мақоми дуюмро касб кард. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷуҳи мардум, омӯзгорону хонандагон ба нашрия сол аз сол зиёд гардида, он мавқеи худро мунтазам баланд мебардорад.

Аҳли маорифи ноҳияи Фархор соли чорум аст, ки  ба 1000 нусха нашрияи «Омӯзгор»  обуна мешаванд, ки ин ба ҳар ду омӯзгор як нусха ва ба ҳар мактаб беш аз 10 нусха рост меояд.  Давоқеъ, «Омӯзгор» минбари асосии  омӯзгорони кишвар маҳсуб ёфта, дар саҳифаҳои он дастоварду пешравиҳои соҳаҳои маорифу илм, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, мушкилоту проблемаҳои ҷойдошта, методика ва роҳу усулҳои гуногуни таълим ва монанди ин масоил инъикоси ҳамаҷонибаи худро меёбанд.

Омӯзгорони ноҳияи Фархор ба нашрия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳар шумораи онро бесаброна интизор мешаванд ва онро мутолиа намуда, аз матолиби нашрия  дар дарсҳояшон фаровон истифода мекунанд.  Дар баробари ин, аҳли маорифи ноҳия бо нашрия  ҳамкории қавӣ дошта, навиштаҳояшон мунтазам  дар саҳифаҳои он ба чоп мерасанд. Ҳамин шавқу рағбати навиштану хондан аст, ки аз аввалинҳо шуда аҳли маорифи ноҳияи Фархор  ба 1000 нусхаи нашрияи «Омӯзгор» обуна шуданд. Ба таъкиди масъулин, то охири сол обуна ба ҳафтаномаи «Омӯзгор» идома хоҳад ёфт.

Аҳли қалами ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба омӯзгорону кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Фархор барои ҳамкории густурдаашон арзи сипоси бепоён менамоянд.

 

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш