Нашрияи Омӯзгор

Таҷлили Рӯзи омӯзгор

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

Таҷлили Рӯзи омӯзгор

Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки аҳли маориф аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят  ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ баргузор гардид. Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Мусобек Мироватов ҳозиринро бо Рӯзи омӯзгорон табрик гуфт.

Сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода зикр кард,  ки соли равон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шахсан раиси вилоят ба 300 нафар омӯзгори фаъоли шаҳру ноҳияҳо ба осоишгоҳи “Зумрад” роҳхатҳои махсус ҷудо гардиданд, ки ин нишонаи қадрдонии роҳбарияти вилоят дар самти дастгирии аҳли илму маориф ба ҳисоб меравад.

Баъдан ба 100 нафар фаъолони соҳаи маориф ифтихорномаву сипосномаҳо супорида шуд.

 Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш