Нашрияи Омӯзгор

Рӯзгор омӯзгор аст

Сана: 2018-05-18        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Мегӯянд, ки зиндагӣ дарёст, даргузар аст. Ҳар фарде зиндагии худро ба ҳар гуна ба сар мебарад. Бузургон даъват кардаанд, ки ҳар кас бояд аз зиндагиаш нақше шоиста ба рӯзгорон бимонад; пеш аз ҳама, ба шарофати кору амали нек, кирдори барои ҷомеа пурсуду манфиатбахш. Ин ҳидояти шоире хеле писандидаву мақбул аст:

Чунон кун зиндагонӣ дар замона,

Ки аз вай зинда монӣ ҷовидона.

Устоди номвар, олими пурмаҳсул ва мактабшиноси варзида Ҳабиб Искандаров зиндагие ибратбахш ва пурбаракат дорад. Ӯ солҳои зиёде дар маорифи кишвар кор карда (аз омӯзгори одӣ то мудири шуъбаи маорифи шаҳри Душанбе ва сардори раёсати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ), таҷриба андухтааст ва корҳои неки зиёдеро сомон бахшидааст. Фаъолияти устод гуногунсоҳа аст ва як бахши воқеию муҳими онро эҷоди мақолаву рисолаҳо ва китобҳо дар бар мегирад. Устод муаллифи беш аз 50 китоб мебошад, ки аксар ба умдатарин масоили мактабшиносӣ ва таълиму тарбия бахшида шудаанд. Асарҳои устод,муҳимтар аз ҳама, мададгори аҳли маорифанд, омӯзгоронро дар самтҳои ташкили босамари кори таълиму тарбия, ҳуҷҷатгузорӣ, дарки мазмуну моҳияти асноди соҳа, қабули равандҳои тозаи педагогика ва амсоли инҳо мададгорӣ менамоянд. Чанде пеш мо боз як китоби нави устодро бо номи «Ҳикмати рӯзгор» (бардоштҳо ва ёддоштҳо) дастрас кардем, ки як силсила мақолаҳои муҳим ва ҳидоятгару тавзеҳбахшро дар дар бар мегирад. Дар оғози китоб муаллиф аз як ҳикмати хуби донишманди аҳди бостон Конфутсий ёдовар шудааст: «Касе, ки  навро дарк ва куҳнаро навозиш накунад, муаллим буда наметавонад».  Яъне омӯзгор бояд аз таҷрибаи гузашта сарфи назар накунад ва дар баробари ин, аз навгониҳо низ васеъ истифода барад. Китоби «Ҳикмати рӯзгор» бо мақолаи пурмуҳтавои «Тестикунонӣ ва баъзе масъалаҳои марбути низоми маориф» оғоз меёбад. Яке аз муҳимтарин таъкидоти ин мақола он аст, ки мо бояд дар баробари қабули баъзе навгониҳои «хориҷӣ» дар таълиму тарбияи насли наврас набояд аз хусусиёти миллии халқи худ сарфи назар намоем.

Дар мақолаҳои дигари китоб устод зимни ёддоштҳояш аз солҳои кор дар мақомоти маориф ба масоили гуногуни таълиму тарбия ва мактабу мактабдорӣ дахл намуда, андешаҳои  судманд иброз медорад ва пешниҳодоти  судманд ба миён мегузорад.

Устод Рӯдакӣ даъват кардааст, ки «Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир». Устод Ҳабиб Искандаров чун пири хирад ва раҳнамои рӯзгордидаи аҳли маориф дар китоби нави хеш батакрор таъкид мекунад, ки кор дар соҳаи маориф масъулияти пайваста ва фидокорӣ тақозо мекунад. Дар ин соҳа заррае фориғболӣ ва ноогаҳӣ фарҷоми фоҷеабор дорад. Омӯзгор туфайли пешаи наҷибу амали хайраш шарафманд аст, ӯ бояд ҳамеша омӯзаду эҷодкор бошад. Дастрас кардану мутолиа намудани китоби нави устод Ҳабиб Искандаров «Ҳикмати рӯзгор» (бардоштҳо ва ёддоштҳо) барои омӯзгорон ва кулли алоқамандони соҳаи таълиму тарбия судманд хоҳад буд.   

Парвина Турсунхолова,

омӯзгори мактаби №9-и

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш