Нашрияи Омӯзгор

Дӯстӣ заволнопазир аст

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

Дӯстӣ заволнопазир аст

Шоири зиндаёд, сулҳ-сарою сулҳҷӯ, тарғибгари дӯстию рафоқат Мирзо Турсунзода гуфта буд:

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

Солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ шоир ба мамлакатҳои ҷаҳон, ҷумҳуриҳои иттифоқӣ пайваста сафар ва сулҳро тарғибу ташвиқ мекард.

Ҳангоми дар синфи 10 таҳсил карданам яке аз омӯзгоронамон гуфта буд:

-Вақте ки фашистони истилогар ба Иттифоқи Шӯравӣ аҳдшиканона ҳуҷум карданд, умед доштанд, ки дар ин давлати сермиллат бар зидди якдигар мехезанду онҳо ғалаба мекунанд. Аммо онҳо хато карданд. Ин давлати сермиллат баръакс муттаҳид шуду ғалаба кард.

Ҳоло Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрда бошад ҳам, давлатҳои мустақил дар ҳамкорианд. Дар заминаи гуфтушунидҳои сарварони давлатҳои мустақил дӯстию рафоқат, сулҳу ваҳдат, ҳамкорӣ рӯз то рӯз инкишоф меёбад. Дар Россия ҳамватанони зиёди мо кору фаъолият доранд.

Тобистони соли равон барои аёдати наберагонам дар Москва будам. Дар ноҳияи Митишии ин шаҳр наберагонам дар  литсейи №15 таҳсил мекунанд. Дар литсей кӯдакони зиёде аз ИДМ- Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Украина, Беларус… таҳсил мекунанд. Дар назди биноҳои истиқоматӣ майдончаҳои бозию фароғатии бачагона (монанди шаҳри Душанбе) сохта шуда, аз бозии аҳлонаи бачагони гуногунмиллат кас дар ҳайрат мемонад, хурсанд мешавад.

Азбаски дар рухсатии меҳнатӣ будам, якчанд муддат дар китобхонаи мунитсипалии №11 ба китобхонӣ машғул шудам ва ҳамчун узви он номнавис гардидам, хеле ғизои маънавӣ бардоштам. Ин ҷо ҳама, аз ҷумла, бачагон китобдӯсту китобхонанд. Китобхона аз 3 толор иборат аст: барои китобҳои давлатӣ, барои мутолиа ва гузаронидани ягон чорабинӣ, барои китобҳои халқӣ.

Шаҳрвандон халта-халта китобҳоро ба толори китобҳои халқӣ оварда месупоранд, то хоҳишмандон гирифта хонанд, баҳра баранд (бе музд). Бо мудири китобхона Светлана Владимировна дӯстию  ҳамкорӣ доштам. Як рӯз ӯ аз ман хоҳиш кард, ки бахшида ба 220-солагии шоири бузурги рус А.С. Пушкин ягон чорабинӣ ташкил кунам. Иштирокчиён хонандагони синфҳои ибтидоии мактабҳои атроф буданд ва мо дар мавзӯи «Афсонаҳои Пушкин» нишаст ташкил намудем.

Чанде аз бобою модар-калонҳо, волидони бачаҳо низ дар ин маҳфил ширкат варзиданд ва ҳатто,  шеърҳо, пораҳо аз достонҳои Пушкинро азёд хонданд. Бачаҳо мазмуни афсонаҳои «Сказка о золотом петушке», «Сказка о рыбаке и рыбке», «Царь Салтан»-ро бо навбат ҳикоя карданд. Аҷибаш он буд, ки чанде аз кӯдакони тоҷик, ӯзбек, қирғиз «дар мо ин хел, он хел» гуфта, аз ҳикояҳои халқии мардуми  худ нақл карданд. Дар охир ҳама бо шавқ филми тасвирии «Сказка о рыбаке и рыбке»-ро тамошо карданд. Маҳфил бо муҳокимаи қаҳрамонҳо ва хулосабарориҳо ба охир расид.

Мудири китобхона ба бачаҳо миннатдорӣ баён карда, аз дӯстии онҳо шоду мамнун буданашро иброз дошт ва ба ҳар яке китобчаҳои афсонаҳои Пушкинро ҳадя намуд.

Манзура Исломова,

Аълочии маорифи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

шаҳри Хуҷанд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш