Нашрияи Омӯзгор

Фурӯтанӣ ба хотири озодӣ

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

Фурӯтанӣ ба хотири озодӣ

(Охираш. Аввалаш дар

шумораи гузашта)

Гандӣ ба ҳимояи табақаи махавҳо бармехезад. Пеш аз ҳама Гандӣ ба ин табақа, ки бо онҳо нишасту доду гирифт мамнӯъ буд, номи «ҳариҷанс»-ро медиҳад, ки маънои он фарзандони худост. Ва ин ҳаракат аз Ҳимолой то Шри- Ланкаро фаро мегирад. Гандӣ таъйид мекард, ки «Мо ҳама яктану ҷонем. Вақте ки ба дигарон мушкилӣ эҷод менамоем, мо ба худ низ ҷабр мекунем. Вақте ки шумо касеро шикаст медиҳед, худатонро низ шикаст медиҳед, миллатро ба шикаст рӯ ба рӯ менамоед». 

Дар ин ҳангом баъзан Гандӣ маҷбур мешавад, ки аз ибодати мандири ҳиндуӣ даст кашад, зеро садсолаҳо дари ибодатгоҳҳои ҳиндуӣ барои ин табақаи поёнӣ баста буд. Чун ҳаракати дастгиронаи Гандӣ дар саросари Ҳинд паҳн гардид, оҳиста-оҳиста мандирҳо дарҳояшонро ба рӯи дигар табақаҳои поёнӣ боз кардан гирифтанд. Гандӣ ба ҷойҳои серодам мерафт ва барои махавҳо пулу зеварот ҷамъ мекард. Занҳои сарватманди Ҳинд барои супоридани зару зевари худ ба Гандӣ навбат меистоданд. Шӯҳрати ҳаракати Гандӣ ва обрӯву нуфузи ӯ дар ҷомеаи Ҳинд хеле боло рафта буд.

Он замон ки бритониҳо ҳукумати Ҳиндро дар зери тасарруфи хеш доштанд, баъзе қонуну қоидаҳои нонавиштае дар Ҳиндустон роиҷ буд. Масалан, ҳангоми сафар тавассути роҳи оҳан дар вагонҳои дараҷаи якум танҳо англисҳо, дар вагонҳои дараҷаи дувум танҳо сарватмандону мардуми табақаҳои болоӣ, дар вагонҳои дараҷаи сеюм бошад, камбағалону раҳгумзадаҳои табақаҳои поёнӣ ҳуқуқи хариди чипта ва истифодаи қатораро доштанд. Гандӣ доимо аз вагонҳои дараҷаи сеюм истифода мебурд. Чун аз ӯ пурсиданд, ки чаро аз вагонҳои дараҷаи сеюм истифода мекунед, ӯ ҷавоб медод, ки «барои он ки вагонҳои дараҷаи чорум вуҷуд надоранд».  

Моҳандас Карамчанд Гандӣ аз лиҳози мансубияти табақавӣ браҳман буд. Вале ӯ ҳаргиз побанди чунин мансубият нашудааст. Гандӣ бо ҳариҷансҳо истиқоматро ихтиёр мекунад ва ин рафтори ӯро садҳо пайравонаш дастгирӣ карданд. Онҳо ба деҳаҳо рафта, бо мардуми табақаҳои поёнӣ ҳамҷӯр шуданд. Ва ин нахустқадами устуворе буд барои аз байн бурдани низоми мавҷудаи бритониҳо.

Гандӣ ҳаракати сатяграҳаро дар тамоми гӯшаву канори сарзамини Ҳинд таблиғ мекард. Чун мардум аз ғояҳои асили сатяграҳа бархурдор гаштанд, аз ҳамкорӣ бо ҳукуматдорони бритониёӣ рӯ мегардонданд, ҷойҳои кориро тарк карда, бо мардуми одӣ ҳамроҳ мегаштанд, аз супоридани андоз саркашӣ менамуданд. Зиндонҳо аз одамони саркашу афкори зидибритониҳодошта пур мегашт. Англисҳо Гандиро бо гуноҳи шӯришгар ба зиндон партофтанд. Ва ин гуна ба маҳкамакашиҳо борҳо сурат мегирад. Ва ҳар боре ки Гандиро ба маҳкама мекашиданд, ӯ дар ҷараёни суд нутқи буррову суханҳои оташбори худро алайҳи яғмогарон ироа мекард ва ҳамин тариқ, минбари адолат барои ӯ минбари муроҷиат ба шаҳрвандон ва соҳибдавлатон гашта буд. Гандӣ аз ин истифода мебурд ва аз ҷараёни судӣ низ манфиат мебурду торафт сафи тарафдоронашро меафзуд.

Соли 1919 бори нахуст Гандӣ мардуми кишварашро ба гирдиҳамоӣ, корпартоӣ ва итоат накардан даъват менамояд. Миллионҳо ҳинду дар вақти муайяншуда ба кор набаромаданд. Онҳо ба кӯчаҳо баромада, мардумро ба мубориза алайҳи аҷнабиён даъват мекарданд. Билохира, кор то ба бархӯрду даровезиҳо бо пулис расид. Гандиро ҳамчун муқассири ин ҳодиса ба муддати шаш сол аз озодӣ маҳрум карданд. Гандӣ пас аз шаш сол ба озодӣ мебарояд ва иқдоми пешинаашро идома мебахшад. Ин дафъа Гандӣ на ба хона, балки ба Аҳмадобод омада, дар ин шаҳр ашрам барпо мекунад. Аҳмадобод шаҳри саноативу маркази гирудорҳо буд. Одамони зиёд ба ашрам омада, сухангӯии ин файласуф ва марди порсоро гӯш мекарданд. Омили асосии дигари ташрифи инсонҳо ба ин ашрам, аз як тараф, ҷабру ситами бритониҳо бошад, аз тарафи дигар, бедасту поии мансабдорони маҳаллӣ маҳсуб мешавад.

Обрӯву нуфузи Гандӣ рӯз то рӯз боло меравад. Мансабдорони маҳаллӣ ба таҳлука афтода буданд. 4 марти соли 1930 пас аз ҳаракати Дандӣ пулисҳо барои боздошти Гандӣ ҳозир шуданд: «Мо барои боздошти ҷаноби Моҳандас Гандӣ омадем». 

- Ман Моҳандас Гандӣ, - оромона ҷавоб дод Гандӣ ва бо ҳамин лаҳн илова кард: -Ман дар ихтиёри шумо ҳастам. Баъд аз посух Гандӣ машғули мисвок кардани дандонҳояш шуд, бо ҳаракоти ба худ хос ибодат кард ва сипас бо пулисҳо озими роҳ гардид. Он замон беш аз 60 000 пайравони Гандӣ дар зиндонҳои Ҳинд ба ҳабс гирифта шуда буданд.

Зиндонӣ шудани Гандӣ ба як амали муназзам баробар шуд ва ӯ ба зиндони Йеравда одат карда буд. Агар ӯро аз зиндон раҳо мекарданд, Гандӣ ҳар замон мунтазири омадани пулисҳо мешуд. Боре ҳангоми пурсуҷӯ муфаттиш аз ӯ пурсид, ки суроғаат куҷост? Гандӣ дилпурона гуфт, ки «Йеравда». Зиндонҳои бритониёӣ ба саҳнаи хуби баҳсу талошҳо ва суҳбату банақшагириҳои озодихоҳони Ҳиндустон қарор гирифт. Зеро барои озодихоҳон аз ин зиндонҳо дида ҷои амну ороми дигар ёфтан амри муҳол буд.

Англисҳо чунин ранг гирифтани ҳолатро интизор набуданд. Бинобар ин, тасмим гирифтанд, дигарбора Гандиро ба маҳкама накашанд. ҳаракати зӯроварӣ накардану ба касе итоат накардан солҳои сиюм таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб мекунад. Маҳз дар соли 1930 ҳаракати машҳури Гандӣ барои ба даст овардани намаки маҳаллӣ ба ҷониби Дандӣ ташки карда шудааст. Бритониҳо истеҳсоли намаки маҳаллиро манъ карда буданд ва ба ҷои он намаки истеҳсоли Англияро ба ҳиндустониҳо мефурӯхтанд. Гандӣ ба харидории намаки англисҳо эътироз менамояд ва бо 78 нафар ҳаммаслакаш роҳ ба сӯи Дандӣ мегирад. Дар ин шаҳр намак дар канори уқёнус мисли таҳшини сангие хобида буд, вале аз он истифода намешуд. Зимни роҳпаймоӣ ба Дандӣ Гандиву ҳамроҳонаш аз деҳоту маҳаллоти зиёде мегузаштанд. Ҳар ҷо ки таваққуф менамуданд, Гандӣ моҳияти сатяграҳаро ба мардум мефаҳмонид. Мардуми азияткашида аз забони Гандӣ суханони дилангезро шунида, бо ӯ ҳамроҳ мешуданд. Мардуми қарияи дигар онҳоро бо гулчанбару гулпошиҳо пешвоз мегирифтанд. Онҳо дар симои ӯ наҷотбахши хешро пайдо карда буданд.

Моҳи марти соли 1930 ҳазорон нафар пайравони  Гандӣ пеш аз ғуруби офтоб ба канори соҳилии Дандӣ расиданд. Гандӣ аввалин шуда ба намакистони соҳил хам шуда, намакпораеро бардошт ва ба ҳамроҳонаш маҳсулоти ватаниро нишон дод. Дигарон низ аз ин ҳаракати ӯ хушашон омад ва аз ин маҳсули худодод ба ғанимат бурданд. Намаки ватанӣ минбаъд дастраси хосу ом гашт. Ин гуна мисолҳо дар зиндагиномаи Маҳатма Гандӣ кам нестанд. Ва маҳз ҳамин гуна тадбирҳо ба мардуми ҳиндӣ рӯҳу илҳоми тоза ва боварӣ бахшид. Зӯру тавони Гандӣ бо ҳаммаслаконаш беш аз беш фузун гашт. Садои озодихоҳонаи ҳиндустониён болотар гашт ва амвоҷи он саросари Ҳиндустонро пахш кард.

Гандӣ соли 1947 шоҳиди озодии Ҳиндустон мешавад. Аммо дар арафаи истиқлолият дар ҳаёти ӯ фоҷиаи бузурге рух дод: миёни ҳиндувони Ҳиндустон ва мусулмонони Ҳиндустон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гашт. Гандӣ худ ҷонибдори бародарӣ миёни динҳо буд: «Ман ташнаи дӯстии якдилона миёни ҳиндуҳо, сикҳҳо ва мусулмонҳо ҳастам». Бинобар ин ҳам ҳиндуҳо ва ҳам мусулмонон аз ин нуқтаи назар ӯро бад медиданд.

Солҳои охири зиндагиашро Гандӣ дар маркази Ҳиндустон, дар ашраме бо номи Севаграм (деҳаи хизматрасониҳо) мегузаронад. Ба ин ашрам Гандӣ пас аз сафарҳо, зиндонҳо, аз Лондон ва амсоли ин бармегашт. Вале 30 январи соли 1948 Гандӣ аз сафари Деҳлӣ ба ашрами Севаграм барнагашт.

Ӯ ба бозувони ду ҷавондухтари қавиирода такякунон барои ибодати шомгоҳӣ вохӯрӣ мерафт. Издиҳоми бузурге интизори шунидани Гандӣ роҳ мепоид. Ӯ бо оҳистагӣ ба болои минбар баромад, рӯ ба издиҳом овард ва ду дастро бо ҳам оварду ба мардум салом дод. Баногоҳ аз дохили издиҳом ҷавоне бурун омад ва ба ҳамин тариқа ба Гандӣ салом доду дастони боҳамашро кушод ва аз аслиҳаи миёни дастонаш пинҳонкарда оташ кушод ва тири ӯ синаи Гандиро шикофт.

Марди лоғарандоми айнакӣ ба замин афтод. Ин ҳодиса 30 январи соли 1948 соати 5 бегоҳ рух дод ва рӯзгори Маҳатма Гандӣ ба поён омад. «Нур аз рӯзгори мо парид…ва дар ҳар сурат ман хато мекунам. Зеро нуре, ки дар ин кишвар партавфишонӣ мекард, ранги ғайримаъмулие дошт…ва пас аз ҳазорсолаҳо ин ранг дар ин кишвар нурафшон хоҳад буд ва ҳама олам онро хоҳад дид. Барои он ки ин ранг ҳақиқати зиндаро таҷассумгар буд»,- мегӯяд Ҷ. Неҳру.

Ҷовид Холов,

барандаи Ҷоизаи байналмилалии Вишв Ҳиндӣ Самман


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш