Нашрияи Омӯзгор

Комёбии шоҳмотбоздухтари тоҷик

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

Комёбии шоҳмотбоздухтари тоҷик

5 октябр мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат, ки бори аввал сурат гирифт, баъди чор марҳила ҷамъбаст гашт.

Дастаи шаҳри Душанбе дар даври ниҳоӣ  ғолибият ба даст овард. Ғолиби чандинкаратаи мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва иштирокдори мусобиқаҳои байналмилалӣ, донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, Устоди варзиш оид ба шоҳмот  Мут-рибаи Ҳотамӣ  маҳорати баланд нишон дода, ба тамоми рақибонаш ғолиб омад ва дар қатори дигар ҳамдастагонаш дар ғалабаи даста  саҳми муносиб гузошт.  

Ҳамагӣ се моҳ қабл ин шоҳмотбоздухтари тоҷик дар Қирғизистон   дар мусобиқаи байналмилалӣ ба ҳамаи рақибонаш - шоҳмотбозони маъруфи кишварҳои гуногун ғолиб омада, бо медали тилло ба Ватан баргашт. 

Тавре Мутрибаи Ҳотамӣ иброз дошт, “...имрӯз  дар натиҷаи сиёсати варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмо-малӣ Раҳмон шоҳмот чун як бозии милливу маъмул,  дар баробари  дигар намудҳои  варзиш  рушд ёфта истодааст.   Аз ҷумла,     дар ДТҶТ ба номи С. Раҳимов бо роҳбарии ректори таълимгоҳ Ш. Сафаров барои рушди шоҳмот ҳама шароитҳои зарурӣ  муҳайё карда шудаанд...” Ба андешаи устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, сармураббии дастаи шоҳмоти ДТҶТ ба номи С.Раҳимов Ҳаитмурод Нуралиев  “...имрӯз  дар ҷумҳурӣ дар баробари рӯ овардан ба намудҳои мухталифи варзиш  сол ба сол майлу рағбати ҷавонону наврасон ба шоҳмот  зиёд гашта истодааст. Аз ҷумла, дар донишкада сафи аъзои маҳфили доимоамалкунандаи “Шоҳмот” афзун гашта истодаасту маҳфил барои тарбияи шоҳмотбозони касбӣ фаъолияти босамар дорад”.   Натиҷаи ҳамин аст, ки аъзои дастаи яккачини шоҳмоти донишкада, ба мисли устодони варзиш Мутриба Ҳотамӣ ва Алишер Каримов, номзадҳо ба устоди варзиш Дӯстмурод Каримов, Сарвиноз Каримова, Лола Исмоилова, Сорбон Субҳонзода, Меҳроҷ Шамсов, Хайриддин Азизов,  Дилафрӯзи Баҳодур, на танҳо ғолибони мусобиқаҳои сершумори ҷумҳуриявӣ, балки иштирокдору барандагони  мусобиқаҳои сатҳи баланд мебошанд.      

Воқеан, қаҳрамониҳои Мут-рибаи Ҳотамӣ ва ҳамтоёнаш  дар ин намуди маъмулу бостонии бозии миллӣ - шоҳмот, ки онро бозии шоҳона низ ном мебарем,  намунаи ибрат барои дигар ҳамсолонашон аст. 

Мавлон ШАРИФОВ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш