Нашрияи Омӯзгор

Соҳибфазилат

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 768        Шарҳ: 0

Соҳибфазилат

Баҳои аз ҳама баландро ба устоду омӯзгорон шогирдон медиҳанд. Агар омӯзгор шогирдашро дӯст дорад,  ба қалби поку беғаши ӯ роҳ ёфта тавонад, ба мақсад хоҳад расид.  Гулғунча Акобирова аз қабили омӯзгорони кӯшову соҳибтаҷриба ва пешқадам мебошад. Соли 2012 ДДОТ ба номи С.Айниро ба итмом расонидааст. Чанд муддат дар вазифаи муовини директор оид ба тарбия адои вазифа кардааст. Вай айни замон омӯзгори синфҳои ибтидоӣ буда, шогирдону волидайн аз ӯ хеле сипосгузоранд. Падару модарон дар дарсҳои муаллима  иштирок намуда, аз синфхона қаноатмандона мебароянд. Муаллима хати зебо низ дорад ва ба шогирдон хушнависиро  талқин мекунад. Ҳар як дарси Г. Акобирова мувофиқи низоми салоҳиятнокӣ дар сатҳи баланд мегузарад. «Бе ранҷ  ганҷ  муяссар намегардад», - гуфтаанд. Шогирдони муаллима дар синфҳои болоӣ низ хуб таҳсил мекунанд. Зуд – зуд мақолаҳои муаллима дар саҳифаҳои рӯзномаи «Омӯзгор» нашр мешавад. Г. Акобирова лаёқати волои омӯзгорӣ дошта, хидматҳои  ӯ бо чандин ифтихорнома қадр карда шудаанд.     

Элмурод БОЙЕВ,

омӯзгор, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ховарой МУРОДОВА,

омӯзгори мактаби №123,

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш