Нашрияи Омӯзгор

Накухоҳӣ ба кас роҳатрасонист!

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

Накухоҳӣ ба кас роҳатрасонист!

Дар деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ аз кору фаъолияти роҳбариву омӯзгории Абдуғанӣ Назаров, ки умри бобаракати худро ба таълиму тарбияи фарзандони мардум сарф намудааст, бо самимият ҳарф мезананд.

Дар тамоми гӯшаву канори мамлакат садҳо шогирди ин омӯзгори асил кору фаъолият дошта, панду насиҳатҳои устод Абдуғанӣ Назаровро ҳамчун роҳнамо сармашқи кори худ намудаанд. Ин омӯзгори собиқадор  фаъолияти худро аз мактаби миёнаи таҳсилоти умумии  рақами 3 оғоз ва баъдтар дар ҳамин мактаб ба ҳайси роҳбар кор кардааст. Абдуғанӣ Назаров солҳои ҳафтодуми асри гузашта  дар назди собиқ  муовини вазири маорифи вақт Н.Бобокалонов оид ба сохтмони мактаби нав барои сокинони деҳа масъалагузорӣ менамояд. Баъди муддате Н.Бобокалонов ва вазири молия  Ҷ.Ҳафизов ба деҳаи Рарз меоянд. Вазъи ногувори ҳолати мактабро мушоҳида карда, барои бунёди мактаби нав розигӣ медиҳанд.

Ҳамин тавр, бо дастгирии вазоратҳои маорифу молия дар деҳаи Рарз бинои нави мактаби миёнаи умумии рақами №3 қомат рост кард.

Дар деҳаи Рарз ҳамчунин, хидматҳои арзандаву  шоистаи омӯзгори шинохта Сафиямоҳ Қодироваро, ки 40 соли ҳаёташро ба тарбияи  насли наврас дар мактабҳои рақамҳои 3 ва  44 ҳамроҳи  А. Назаров бахшидааст, шогирдонашон хуб дар хотир доранд. Омӯзгори хушсалиқа С.Қодирова  ба хонандагони мактаби рақами 44 компютер ва дигар асбобу анҷоми таълимӣ тақдим кардааст. Маҳз ҳамин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва тарбияи дурусти шогирдони асил номи омӯзгорони зиндаёд А.Назаров ва С.Қодироваро ҷовиду абадӣ гардонидаанд.

Саидмоҳ Нозимова,

омӯзгори муассисаи таҳсилоти

миёнаи умумии №3, 

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш