Чистон ва олами андешаи кӯдак
Агар мо аз хурдсолӣ фарзандонро бо моҳият ва манфиати чистонҳо ошно кунем, ҳисси мушоҳидакорӣ, ҷӯяндагӣ ва зебопарастии онҳо хуб инкишоф меёбад, зеро чистон маҳсули ақли даррок ва завқи баланди одамони соҳибистеъдод аст. Ин гуна эҷодкорон муҳити худ, табиат, чизҳо ва рӯйдодҳои зиндагониро ба чашми дил мебинанд. Барои мисол, ҳамаи мо осмонро ҳар рӯз мебинем, аз нури офтобу ҷилои ситорагон барҳравар мегардем. Вале ба як чодари зангорӣ монанд будани осмон ба хотири мо норасида буд. Ин фикрро чандсадсола пеш як инсони хушзавқу донишманд дар қолаби чистон баён карда буд:
Як чодарӣ зангорӣ
Шабҳо пуру рӯз холӣ.
Ба ҳамин монанд даҳҳо чистони халқӣ ҳаст, ки донистани онҳо ҳатман шогирдони моро андешапарвар, хушхаёл ва дақиқдон мекунад. Ба мисли ин чистонҳо:
Мехи заррин, таги замин.
(Сабзӣ)
Осмон барояд ялаққӣ – замин фарояд тараққӣ
(Каланд)
Об дар об чӣ бошад?
Ҳавзи гулоб чӣ бошад?
Оташ расад ях кунад,
Инро ҷавоб чӣ бошад?
(Тухм)
Омӯзгорони соҳибтаҷриба чистонҳоро ҳамчун воситаи тафреҳи кӯдакон дар рафти таълими фанҳо фаровон истифода мебаранд. Таҷрибаи андӯхтаи мо ҳам собит кард, ки ин жанри хурди адабиёти шифоҳии мардум арзиши баланди бадеӣ, эстетикӣ ва тарбиявӣ дорад.
Мо метавонем дар лаҳзаҳои мусоиди дарс ва ё лаҳзаҳои тафреҳӣ дар байни хонандагон озмуни «Чистонёбӣ» гузаронем. Хонандагони синфро ба ду гурӯҳ ҷудо карда, чистонро ба онҳо хонда ҷавобашро мепурсем ва ё ҳарду гурӯҳ бо навбат ба ҳамдигар чистон мегӯянд.
Ашёи дар чистонҳо таъкидшуда хосияту сифат ва шаклҳои гуногун доранд. Дар як вақт доир ба ҷавоби чистон ва хосияти он ашё изҳори назар кардани хонандагон бисёр судманд аст.Барои дар роҳи тарғиби адабиёти шифоҳӣ ва жанрҳои он, аз ҷумла, чистон мувааффақ шудан, рӯ ба китоб овардани падару модару шогирдон шарт аст. Нашриётҳои ҷумҳурӣ чистонҳои халқиро дар шакли китобчаҳои рангаю зебо чоп кардаанд. Танҳо онҳоро харида ба кӯдакони навомӯз пешниҳод кардан мебояд.
Лилия Абдурашидова,
омӯзгори синфҳои ибтидоии литсейи инноватсионии
«Душанбе»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр