Нашрияи Омӯзгор

Андарзи ниёгон дар дарс

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

Андарзи ниёгон дар дарс

Дар синфҳои поёнӣ машғулият гузарондан хеле душвор  буда, аз тарафи омӯзгор масъулияти баландеро тақозо дорад. Зеро маҳз дар ҳамин синну сол дасти бача ба навиштан рост шуда, фикррониаш инкишоф меёбад. Машқи хат ва тозанависӣ ҷузъи таркибии дарсҳои забони модарӣ ба ҳисоб рафта, ҳангоми иҷрои машқҳои имлоиву луғавӣ ва услубӣ амалӣ мегарданд. Дар синфҳои якуму дуюм ҳафтае  як соат ва дар синфҳои сеюму чорум дар ҳар дарс то даҳ дақиқа барои тозанависӣ вақт ҷудо карда мешавад. Машқҳои рӯбардор, муқоисаи навиштаҷоти худ бо маводи китоб ё дастнавис, ёфтани ғалатҳо ва ислоҳи он, навиштан ва баён, дарсҳои санҷишӣ, имло, нақли хаттӣ ва иншо асоси машқҳои хат ва тозанависиро ташкил медиҳанд.

Азбаски барои хонандагони синфҳои 3 – 4 ҳамагӣ даҳ дақиқа ҷудо шудааст, мо метавонем аз навиштани панду зарбулмасал истифода барем. Пеш аз он, ки мавзӯи навро ба хонандагон фаҳмонда диҳем, бояд бо онҳо суҳбати муқаддимавӣ ташкил намоем ва он пандҳое, ки ҳангоми машқи хат интихоб менамоем, бояд ба мавзӯъ мувофиқ ва муқаддимаи мавзӯи нави мо бошад. Масалан, дар синфи сеюм доир ба матни «Шукри Нӯшервон» панди зеринро навиштан мумикин аст:

Абр агар аз қибла хезад, сахт борон мешавад,

Шоҳ агар одил набошад, мулк вайрон мешавад.

Дар матни «Давлат чист?» зарбулмасали «Дар ҷаҳон беҳтар аз сулҳ чизе нест» ё ин ки панди Ҷалолиддини Балхӣ: «Давлат ҳама з – иттифоқ хезад,

Бедавлатӣ аз нифоқ хезад» - ро намуна овардан мумкин аст.

Мавзӯи қиссаи «Хирсу боғбон» - ро зарбулмасали «Дасти шикаста ба кор мераваду дили шикаста ба кор намеравад» муқаддима шуда метавонад.

Агар касе аз касе биранҷад ва дилшикаста гардад, дигар ба ӯ рағбат пайдо  нахоҳад кард. Набояд касеро дилозурда сохт, зеро ки ба даст овардани дил бағоят мушкил  аст. Дар мавзӯи «Дӯсту  душман» панди Ҳофизро ба хотир овардан ба мақсад мувофиқ мебошад:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Ба фикри инҷониб, чунин тарзи корбарӣ хонандагонро ба хониши адабиёт водор месозад. Барои чуқур ва саҳеҳ фаҳмондани мавзӯъ кумак мешавад. Хонандагон ҳам зебо менависанд ва ҳам аз панду зарбулмасалҳо ба худ чизе гирифта метавонанд.      

Дилрабо АМОНОВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш