Нашрияи Омӯзгор

Навгониҳои маорифи ҷаҳон

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

Навгониҳои маорифи ҷаҳон

Фаронса:

истифодаи телефон дар мактаб манъ гардид

“Дар Фаронса истифодаи телефон дар мактаб  барои хонандагони то 15-сола манъ карда шудааст”, – менависад Business Insider (ҳатто ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ).

Ҳукумат аз он нигарон аст, ки кӯдакон дар вақти дарс  ба телефонҳои худ вобастагии зиёд пайдо намуда, аз омӯзиш то андозае канор мераванд.  Қонуни мазкур моҳи июли соли равон қабул карда шуд, ки истифодаи телефон, планшет ва  соатҳои “доно”- ро дар мактабҳо манъ менамояд.  Тибқи қонуни нав, донишҷӯён низ бояд ҳангоми дарс телефонҳои худро хомӯш кунанд ё дар ҳолати беовоз  гузоранд.

 

Аз сесолагӣ ба кӯдакистон

Дар Фаронса аз   сесолагӣ таълими ҳатмӣ дар кӯдакистон ҷорӣ карда мешавад. Ҳоло  тибқи маълумоти расмӣ 97 фоизи  кӯдакони ин кишвар аз сесолагӣ ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар кӯдакистон бачаҳо бояд ҳамчун марҳилаи тайёрӣ барои таълими ибтидоӣ нозукиҳои омӯзиширо ба таври фарогир азхуд намоянд.

Алъон таҳсил дар Фаронса аз 6 то 16  - солагӣ ҳатмӣ буда,  волидоне, ки  қонуни мазкурро иҷро намекунанд, бо маблағи  якуним ҳазор евро ҷарима карда мешаванд.

 

Дубай:

усулҳои нави таълим ҷорӣ карда мешавад

Дар шаҳри Дубай ба соҳаи  маориф таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. Дар ин шаҳр 200 мактаби хусусӣ мавҷуд буда, дар онҳо 290 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Таҳсили солонаи ин теъдоди зиёди донишҷӯён ба 2 миллиард евро баробар аст.

Ҳалфан Белҳул, сарвари бунёди ояндабинии Дубай таъкид медорад, соҳаи маориф барои рушди иқтисод муҳим буда, заминаи босуботи кишвар маҳсуб меёбад. 

Дар АМА донишгоҳҳои зиёд филиал таъсис додаанд, ки аксари онҳо  дар шаҳри Дубай ҷойгиранд. Дар ин шаҳр 34 донишгоҳи хориҷӣ намояндагӣ доранд, аз ҷумла, Мактаби тиҷоратии Лондон.

Баъзе аз мактабҳои олии машҳури давлатҳои  Канада, Британияи Кабир, Ҳиндустон, Покистон, Россия ва Австралия дар Боғи донишҳои Дубай филиалҳо созмон додаанд.  Дар Донишгоҳи Воллонгонг тақрибан 108 миллати гуногун таҳсил мекунанд.

Дар ин шаҳр  бисёрфарҳангӣ рушду такомул ёфта, 90% донишҷӯёни Дубай шаҳрвандони  хориҷӣ мебошанд.  Дар Дубай таҳсилоти босифатро ҷонибдорӣ  намуда,  ҳамасола омӯзгорони пешқадаму навовар   бо «Мукофоти беҳтарин муаллим»  қадрдонӣ мешаванд, ки он маблағи калони пулиро дорост.

Дар Дубай шумораи донишҷӯён ҳар сол меафзояд ва  дар 10 соли охир дар ин шаҳр беш аз 70 мактаби нави хусусӣ ба фаъолият оғоз намуд. Зиёд гардидани теъдоди муассисаҳои таълимӣ  рақобатро вусъат бахшида,  ба баланд гардидани  сифати таълим  мусоидат менамояд.

Таҳияи

Н. ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш