Нашрияи Омӯзгор

Адаб зинатафзои одам аст

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

Адаб зинатафзои одам аст

Тарбияи насли наврас дар замони муосир амали хеле мушкил ва заҳматталаб буда, аз падару модар, муҳити хонаводагӣ, мактаб ва ҷомеа назорату таваҷҷуҳи доимиро тақозо мекунад. Воқеан, хонандаро тавре бояд тарбия кард, ки аз ҳама ҷиҳат боодобу бофазилат ва намунаи ибрати дигар рафиқонаш бошад.

Аз ин ҷиҳат, маҳз дар оила падару модар вазифадор аст, ки ба рафтору кирдор ва гуфтори фарзанд таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, дар куҷо, ба чӣ кор машғул будани ӯро ҳамеша донанд ва дар хусуси бо кӣ ҳамсуҳбату ҳамнишин буданаш иттилои  дақиқ дошта бошанд. Ба волидон зарур аст, ки ба вазъи зоҳирии фарзандашон низ эътибори ҷиддӣ бидиҳанд. Ба ӯ хотиррасон кунанд, ки шахс бояд сару либосашро доимо тозаю озода нигоҳ дорад, хусусан, либосҳои мактабияшро эҳтиёт намояд, вақти ба дарс рафтан тамоми ҷиҳозу абзори зарури таҳсилро дошта бошад. Мо аксаран шоҳиди ҳодисаҳое мешавем, ки ину он хонанда ба мактаб бо либосҳои дарзмолнакарда ва бе галстук меоянд. Ҳолатҳое ҳам ба назар мерасанд, ки аз бепарвоии худи хонанда ва беназоратии волидон онҳо дафтару китоб заруриро бо худ ба мактаб намеоранд. Пас, масъулияти падару модарон куҷост? Охир, онҳо бояд тибқи нишондоди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва тақозои виҷдон ба масоили ҳозиршавии фарзанд ба мактаб ва ба дарсҳо омодагии ҳамаҷониба дидани ӯ тамоми диққати худро равон кунанд. Ба ин ҷуз ин ҳама, хонанда бояд ба мутолиаи асарҳои бадеӣ машғул шавад, пас аз дарсҳо вақти худро беҳуда нагузоронад. Мутаассифона, ба ин  паҳлуи фаъолияти фарзанд волидон бетаваҷҷуҳӣ зоҳир менамоянд, китобҳои ба синну соли онҳо мувофиқро аз фурӯшгоҳҳои китоб харидорӣ намекунанд, чӣ ҷойи он ки дар хона китобхонаи шахсӣ ташкил намоянд. Робитаи падару модарон бо муассисаи таълимӣ бояд зич бошад, онҳо зуд-зуд ба мактаб рафта, аз сатҳи донишу дарсазхудкунӣ ва одобу рафтори фарзандашон хабардор шаванд, дар дарсҳо иштирок кунанду худ бевосита хулосаи даркорӣ бароранд. Албатта, нақши устодону омӯзгорон дар таълиму тарбия ва саводнок гардидани хонанда хеле бузург аст. Вале рисолати падару модар низ дар ин ҷода на камтар аз мактаб ва муаллимон мебошад.

Бояд ҳамагон кӯшиш бар он намоем, ки фарзанд хушсухану неккирдор ва дорои ахлоқи ҳамида бошад. Бадриддин Ҳилолӣ  дар ин боб хеле неку фармудааст:

Адаб осоиши аҳвол бошад,

Адаб ороиши афъол бошад,

 

Муҳаббат НАМОЗОВА,

омӯзгори гимназияи №1, шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш