Нашрияи Омӯзгор

Вусъатбахши доираи муошират

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 772        Шарҳ: 0

Вусъатбахши доираи муошират

Ҳикмати маъмулест, ки мегӯянд: «Кас ҳар қадар забон донад, ҳамон қадар одам аст». Воқеан ҳам, забондонӣ аз умдатарин фазилат ва бартарии ҳар шахс аст. Донистани забонҳои гуногун имконоти касро фузун мекунад, доираи фаъолияташро вусъат мебахшад ва мақому мартабаашро дар ҷомеа боло мебардорад.

Махсусан, дар замони мо, ки   робитаҳои байналмилалӣ пайваста вусъат меёбанд, иртиботи миллатҳо бештар мегардад ва ҳамбастагии фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишварҳо доманадортар мешавад, забондонӣ ба яке аз муҳимтарин талаботи айём нисбат ба афроди фаъол табдил ёфтааст. Донистани ҳама гуна забон, новобаста аз сатҳу дараҷаи маъмул буданаш, маънавияти шахсро такмил мебахшад, боиси густаришёбии доираи ҷаҳонбиниаш мешавад. Албатта, омӯхтани забонҳое, ки нисбатан маъруф ва дар сатҳи ҷаҳон бонуфузанд, аҳамияти бештар дорад. Дар рӯзгорони мо яке аз ҳамин гуна забонҳо забони англисӣ мебошад. Ин забон дар қатори  шаш забони расмии  Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад. Забони англисӣ мансуб ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ буда, бо ин забон дар саросари олам наздик ба 1,3 млрд нафар гуфтугӯ мекунанд ва  забони мазкур барои 385 млн одам забони модарист. Дар 54 мамлакати дунё дар баробари  забони маҳаллӣ забони англисӣ мақоми расмиро дорад. Онҳоеро, ки бо забони англисӣ ҳарф мезананд, англафон  мегӯянд. Муҳаққиқони забоншинос  бар он назаранд, ки забони англисӣ аз забони қабилаҳои бостонии олмонӣ-англҳо, саксҳо ва ютаҳо сарчашма гирифтааст. Ин қабилаҳо дар асрҳои 5-6 ба Британияи Кабир омадаву маскун шудаанд. Аз  омезиши ин қабилаҳои «омада» бо мардуми муқимӣ (келтҳо) шеваю лаҳҷаҳо арзи ҳастӣ кардаанд. Забони англисӣ хусусияти аналитикӣ дорад ва воситаҳои асосии ифодаи муносибатҳои грамматикӣ калимаҳои ёридиҳанда (пешояндҳо, феълҳои ёвар) ва таркиби калимаҳо дар ҷумла мебошад. Таркиби калимаҳо дар ҷумлаҳои забони англисӣ устувор аст: аввал-мубтадо, дуюм-хабар ва пасон аъзои дигар. Ҳафтод дарсади таркиби луғавии  забони англисиро калимаҳои иқтибосӣ, ки решаашон мансуб ба забонҳои фаронсавӣ, лотинӣ, италиявӣ, испанӣ… мебошанд, ташкил медиҳанд. Дар таркиби луғавии забони англисӣ тавассути муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратию фарҳангӣ калимаҳои зиёде ворид шудаанд. Масалан, калимаҳои зерин тавассути тарҷумаи осори адабиёти классикии тоҷик ба таркиби луғавии забони англисӣ роҳ ёфтаанд: ғазал, қасида, рубоӣ, байт, соқӣ, бода, май, мушк, ошиқ, кӯза… Як  силсила калимаҳои туркию арабӣ ба забони англисӣ тавассути забони ҳиндӣ қабул гардидаанд.

Бояд таъкид кард, ки забони адабии англисӣ дар заминаи шеваи гуфтугӯӣ дар  пойтахти Британияи Кабир-Лондон ташаккул ёфтааст. Ба ин, пеш аз ҳама, пайдоиши чопи китобҳо дар шаҳри Лондон мусоидат кардааст. Забони англисие, ки дар ИМА, Австралия ва Канада  роиҷ аст, бештар аз лиҳози тарзи талаффузи вожаҳо ва таркиби луғавӣ аз забони англисии маъмул дар Британия тафовутҳо дорад. Хат ва осори хаттӣ ба забони англисӣ дар асрҳои 7-8 пайдо шудаанд. Рушди илму техника дар кишварҳои англисизабон боиси ғанӣ гаштани ин забон ва вусъат ёфтани доираи муомилот бо он гардид. Бо забони англисӣ ҳамасола теъдоди бағоят бузурги адабиёти адабию илмӣ ва таълимӣ ба нашр мерасад.

Дар Тоҷикистон забони англисӣ қариб дар тамоми таълимгоҳҳо чун яке аз забонҳои  бонуфузи ҷаҳон васеъ омӯхта мешавад. Ба ин, аз ҷумла, мунтазам тавсеа ёфтани робитаву муносибатҳои байналмилалии кишвари соҳибистиқлоли мо мусоидат кардааст.

Сабоҳат Қамчибекова,

омӯзгори забони англисӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш