Нашрияи Омӯзгор

Сарнавишти миллати тоҷик дар туст

Сана: 2018-05-18        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Дар нимаи дуюми асри бист, махсусан, дар охири солҳои 60-уми ибтидои солҳои 70-уми ин аср адабиёти тоҷик ба марҳилаи навине ворид гашт, ки дар ин самт як зумра қаламкашони соҳибистеъдод ва тозанигоҳ ҷидду ҷаҳди комил ба харҷ доданд.

Дар сафи пеши ин гурӯҳи навгаро ва навгӯй устод Лоиқ Шералӣ  меистод. Ин шоири тавоно шеъри тоҷикро ба маҷрои нав кашид, ба он мазмуну муҳтаво, шаклу услуби тоза бахшид ва доираи мавзӯъҳояшро густариш бахшид. Воқеан, аз лиҳози фарогирии мавзӯъ эҷодиёти устод Лоиқ хеле  доманадор аст. Ватан ва ватандорӣ, арҷгузории муқаддасоти  миллат ва тараннумми зебоиҳои  диёр аз мавзӯъҳои асосии ашъори шоир маҳсуб меёбад. Устод Лоиқ дӯстдору мафтуни ҳар гӯшаи диёр, ҳар хасу хори гулу гиёҳи Ватан аст. Шоир дар ситоиши бисёр гӯшаҳои хушманзари диёр, аз ҷумла, дар ситоиши шаҳру деҳоти  мамлакат ашъори баланд эҷод намудааст. Якчанд шеъри пурмазмуни  ӯ ба тавсифу мадҳу ситоиши пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бахшида шудааст. Устод дар оғӯши ҳамин шаҳри зебо дониш омӯхту ба ҷодаи адабиёт қадам ниҳод, ҷою макон, ёру дӯст дарёфт, соҳибмартабаю  соҳибэҳтиром гардид ва ба камолоти эҷодӣ расид. Шоир тамоми ҳастии хеш ва корномаю зиндагиашро бо Душанбеи азизаш пайванд медонад  ва дар шеъри «Пойтахти бахти ман» мегӯяд:

Шаҳри ман, шаҳри ҷавонию

баҳор,

Шаҳри ишқу орзуҳои дилам.

Дар ту сар шуд, дар ту хоҳад шуд тамом

Ошиқиҳо, ҷустуҷӯҳои дилам.

Таманнои дили шоир хеле муассир, ибратомӯз ва хушбинона аст. Ӯ мехоҳад дар шукуфоии пойтахти ҷумҳурии азизаш ҳиссагузор бошад, нақше дар ободонии он гузорад:

Он қадар хоҳам бароят сӯхтан

Чун чароғони шабони иди ту,

То биафзоям зи шеъри оташин

Шуълае бар оташи ҷовиди ту.

Шеъри дигаре, ки шоир аз сари меҳру муҳаббат бахшида ба шаҳри Душанбе эҷод кардааст, «Душанбе» ном дорад ва хеле пурмуҳтавосту як навъ таърихи пойтахту манзалати онро бозгӯӣ мекунад.

Туро аз орзуҳо офариданд,

Туро умедҳо таъмир карданд.

Туро аз кулба то қаср овариданд,

Туро пардоз аз тадбир карданд.

Пораи дигари ин шеър низ хеле ҷолиб ва зебост ва ёдкарде аз хидматҳои барҷастаи ду устоди бузург – Айниву Турсунзода дорад:

Туро Айнӣ сутуни ҷовидон  шуд,

Туро дохундаҳо бунёд карданд.

Ҳасан ҳамроҳи Турсунзода Мирзо

Зи хишту аз сухан обод карданд.

Шоиронро аҳли хирад «ҳамсафи паямбарон» номидаанд, зеро онҳо амиқбину дақиқбаёнанд ва сухане мегӯянд, ки ҳамеша метавонад сари забонҳо бошаду бо мурури замон боз ҳам тозатар садо бидиҳад. Ин қитъаи шеъри мазкур, бубинед, имрӯз – дар замони соҳибистиқлолии мамлакат чӣ қадар замонавию тару тоза садо медиҳад:

Чӣ фирӯзахтару толеъбаландӣ,

Ки дорӣ хушдилону хушгилон ҳам.

Чӣ соҳибдавлату хушрӯзгорӣ,

Ки соҳиб дориву соҳибдилон ҳам.

Ин ҷо бояд дар назар дошт, ки  шеъри  «Душанбе» ҳанӯз соли 1971 навишта шудааст.

Устод Лоиқ дар ситоиши шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон боз якчанд шеъри дигар гуфтааст ва яке аз ин шеърҳо «Ушшоқи Душанбе» ном дораду хеле самимӣ садо медиҳад, муҳаббатбунёд аст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон устод бо номи «Суруди Душанбе» (соли 1998) шеъре гуфта, ки пур аз ифтихор мебошад:

Дар ту оғозу тамоми вусъати

мо,

Достони ақлу фазлу қудрати мо.

Саргузашту ҳасрати тоҷик дар туст,

Сарнавишти миллати тоҷик дар туст!

 

 Зулайхо АБДУРАҲМОНОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии гимназияи №74, шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш