Нашрияи Омӯзгор

100 суди 10 рӯз

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 823        Шарҳ: 0

100 суди 10 рӯз

Барои беҳтар намудани салоҳиятҳои хониши хонандагони синфҳои 1-4 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи Лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” ҷиҳати ташаккули малакаҳои хониш барои омӯзгорони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии такягоҳӣ аз руйи модулҳои тасдиқгардида омӯзишҳо амалӣ мегарданд.

Яке аз омӯзишҳои асосӣ дар синфҳои ибтидоӣ хондан аст. Хонандагони мо дониши хуб дошта бошанд ҳам, суръати хониш ва дараҷаи дарки мазмуни матни онҳо ба меъёри ҷаҳонӣ баробар нест. Ба ин хотир аз 14 то 23 августи соли 2019 омӯзгорони синфҳои ибтидоии ноҳияҳои Зафаробод, Деваштич ва шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан ва Панҷакент ба семинари омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.

Дар семинар, ки 10 рӯз идома ёфт, мо бо омӯхтани 7 модул дониши худро оид ба тақвияти малакаҳои хониши хонандагон зиёд намудем. Дар омӯзишҳо оид ба мавзӯъҳои таҳсилоти фарогир, гурӯҳбандии хонандагон, воситаҳо ва нишондиҳандаҳои малакаҳои арзёбии хониш, ташаккули салоҳиятҳои забон, сатҳҳои рушди хонанда, рефлексия, таълими луғатомӯзӣ, меъёрҳои маҳорати нақл карда тавонистан, дарки овоз ва шинохти ҳарф, хелҳои нақл, хониши буррову равон ва бошуурона, таҳлили вазъиятҳои мушаххас бо роҳу усулу фаъолиятҳо ва бозиҳои дидактикии гуногун маълумоти хуб ва возеҳ дода шудааст, ки ин ба фаъолияти минбаъдаи омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва хубтару тезтар дарк намудани мазмуни матн ва суръати хониши хонандагон мадади калон мерасонанд.  Мо, шунавандагон, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” барои ташкили чунин омӯзишҳо ва ба омӯзгорон таваҷҷуҳи зиёд намудан миннатдории самимии худро баён менамоем.

Наргис ОҚИЛОВА,

шунаванда  аз гурӯҳи 4,

ҷонишини директори

мактаби №5-и ноҳияи Зафаробод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш