Нашрияи Омӯзгор

Сарчашмаи забономӯзӣ

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

Қавли маъруф аст, ки омӯзиши забони модарӣ тамоми умр идома меёбад. Ин бар он маъност, ки забони модариро ҳар чӣ бештару амиқтар бояд донист. Донистани ҳар забони хориҷӣ шарафмандию тавоноӣ маҳсуб меёбад, аммо хуб донистани забони модарӣ амри виҷдон аст, ифтихори миллист.

Яке аз воситаҳои асосии омӯзиши забони модарӣ китобхонӣ мебошад. Зимни хондани китобҳо кас маъниҳои тоза дармеёбад, ба калимаҳои нав ошно мешавад, захираи луғавиашро такмил мебахшад, бо санъатҳои гуногуни сухан ошно мегардад, тавоноию ғунҷоиш ва афзалиятҳои забони модариро амиқтар дарк мекунад. Аз ин ҷост, ки  китобро «ганҷинаи сухан», «хазинаи сарвати забон» номидаанд. Шоири маъруфи адабиёти классикии тоҷик  Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ  дар тавсифи вижагиҳои китоб фармудааст:

Бувад бемузду миннат устоде,

Зи дониш бахшадат ҳар дам кушодӣ.

Дарунаш ҳамчу ғунча аз варақ пур,

Ба қимат ҳар варақ з-он як табақ дурр.

Омӯзгоронро мебояд, ки ба воситаҳои муассир дар дили шогирдон муҳаббат нисбат ба китобхониро тақвият бахшанд. Барои ин, пеш аз ҳама, тарғиби китоб бояд кард ва зимнан, ба шогирдон аз аҳамияту моҳияти китобхонӣ, қоидаҳои китобхонӣ ва интихоби дурусти китобҳо ҳарф бояд гуфт. Муҳим аст, ки фаъолияти китобхонии шогирдон  ҳамеша зери назорати омӯзгор қарор дошта бошад ва маҳз бо тавсияи омӯзгор онҳо барои мутолиа китоб интихоб намоянд. Дар васфу тавсифу ситоиши китоб адибони тоҷик ашъори зиёд гуфтаанд. Омӯзгорро мебояд, ки бо ҳадафи афзудани меҳри шогирдон ба ин сарчашмаи дониш аз ин гуна шеърҳо намунаҳо қироат кардаву мазмунашонро шарҳ диҳанд. Масалан, шарҳи қитъаи зер бо забони саҳеҳу дилнишин  барои хонандагон хеле гуворою таъсиргузор хоҳад буду муҳаббату эҳтироми  онҳоро нисбат ба китоб афзунтар хоҳад кард:

Эй китоби ман, насиҳатгӯйи беҳамто туӣ,

Ҳамнишини меҳрубон, ҳамсуҳбати доно туӣ.

Об менӯшад ниҳоли дониш аз ту, эй китоб,

Ташнагони илму фанро мисли як дарё туӣ.

Бо шогирдон саволу ҷавоби мароқовар оид ба китоб ташкил кардан дар давоми дарсҳо амали самаровар хоҳад буд. Як намуна аз чунин саволу ҷавобҳо:

-Кадом китобро  бардавом мехонанду  ҳар рӯз бо худ мегиранд?

-Китоби дарсиро.

-Китоб барои чӣ  лозим аст?

-Барои дониш омӯхтану аз оламу одам  бохабар шудан.

-Хонаи бекитоб ба чӣ монанд аст?

-Ба осмони беофтоб.

-Китоб чӣ гуна дӯст аст?

-Дӯсти беминнату вафодор.

Дар бораи китоб чистону зарбулмасалҳои зиёд гуфта шудаанд, ки аз онҳо низ дар машғулиятҳо бо шогирдон бамаврид истифода бурдан муфид аст.

Хонандагонро  таъкид бояд кард, ки ҳангоми китобхонӣ танҳо банди  хати сужети асар нашаванд, балки калимаҳои навро дар варақе навишта гиранд, ҷумлаҳои зебою мақбулашонро рӯнавис кунанд, оид ба китоби хондаашон таассуроташонро ба дӯстони худ нақл бинамоянд. Ба ин васила китобхонӣ ба забондонию суханварии шогирдон мусоидат мекунад, ҷаҳони маънавии  онҳоро рушд мебахшад, бавусъат менамояд. Омӯзгорро мебояд, ки ҳар гоҳ китобҳои тозанашрро ба хонандагон муаррифӣ карда, оид ба муҳтавои онҳо мухтасаран ҳикоят бинамояд. Ҳикояти шавқовари омӯзгор шавқафзои хонандагон дар хондани китобҳои нав мешавад. Чун мунтазам китоб хондан ба одати шогирдон табдил ёфт, дар қатори дигар омилҳо он ба забономӯзии онҳо  мусоидат менамояд.

 

Мавлуда Аҳатова,

омӯзгори мактаби №31-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш