Нашрияи Омӯзгор

Китобҳои дарсиро сифату мазмуни баланд мебояд

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

Мақолаи нависанда ва рӯзноманигор Шодӣ Раҷабзод «Мактаби муаллифони китоби дарсӣ зарур аст» дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» маро водор намуд, ки андешаҳоямро оид ба ин мавзӯи муҳим баён намоям.

Солҳои охир дар марҳалаи гузаштан ба муносибати таълими салоҳиятнок баъзе китобҳои дарсӣ бо диду фаҳмиши нав рӯи чоп омада бошанд ҳам, дар ин самт камбудиҳо низ ба чашм мерасанд.

Муаллиф дуруст қайд кардааст, ки мо бояд мактаби муаллифони китобҳои дарсиро дошта бошем. Дар таълифи китобҳои дарсӣ омӯзгорони варзидаю ботаҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро ҷалб кардан аз манфиат холӣ нест. Хуб мешуд, ки ин кор ба тариқи озмун сурат гирад.

Ҳамаи муаллифони китобҳои дарсии «Таърихи халқи тоҷик» ва «Таърихи умумӣ» (синфҳои 5-11) олимону устодони донишгоҳҳою донишкадаҳо ва Академияи илмҳои ҷумҳурӣ мебошанд. Воқеан, бисёре аз китобҳои дарсӣ бо забони илмӣ-академӣ навишта шуда, барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мушкилфаҳм мебошанд.

Ман тарафдори андешаи директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Комилҷон Исоев ҳастам. Ӯ дуруст қайд кардааст, ки сол ба сол синну соли қисми зиёди муаллифони китобҳои дарсӣ ба ҷое расида, онҳо дигар он шавқу кӯшиш ва ҳавсалаи пешинаи таълифи китобҳои дарсиро, ки доштанд, аз даст медиҳанд. Бисёр мавзӯъҳои китоби дарсии «Таърихи халқи тоҷик» (барои синфи 5, муаллиф Юсуфшоҳ Яъқубов), «Таърихи умумӣ» (барои синфи 5, муаллиф Юсуфшоҳ Яъқубов), «Таърихи умумӣ» (барои синфи 6, муаллиф Т.Н.Зиёзода) душворфаҳманд.

Аз беаҳамиятии муаллифони китобҳои дарсӣ баъзе мавзӯъҳо, аз ҷумла, «Шӯриши Рофеъ ибни Лайс», «Қувват гирифтани ашрофони маҳаллӣ», «Бармакиён», «Нуфузи Оли Сомон» дар китоби «Таърихи халқи тоҷик» (барои синфи 6, муаллиф Юсуфшоҳ Яъқубов) ва «Таърихи халқи тоҷик» (барои синфи 7, муаллиф Собир Хоҷаев, чопи соли 2011) такрор шудаанд.

Дар китоби «Таърихи халқи тоҷик» (барои синфи 10, муаллиф Нозим Ҳакимов) камбудию норасоиҳои зиёде ба мушоҳида мерасад. Қариб дар ҳамаи мавзӯъҳо маълумоти зиёдӣ оморӣ (40-45%) оварда шудааст, ки хонанда онро дар хотир гирифта наметавонад.

Дар баъзе мавзӯъҳо ҷумлаҳое ҳастанд, ки барои хонанда нофаҳмо мебошанд.

Барои мисол: Китоби «Таърихи халқи тоҷик» (барои синфи 10), «Дар соҳаи кишоварзӣ дар маҷмӯъ мебоист 12-14% (дар мамлакат 14-16%), ҳосилнокии меҳнат 21-24% меафзуд». (саҳифаи 174).

Китобҳои «Таърихи умумӣ» барои синфҳои 10-11 (гурӯҳи муаллифон) бисёр пурмазмун буда, бо забони содаю фаҳмо навишта шудааст.

Чизи дигаре, ки боиси мушкилии кори омӯзгорон мегардад, ин мувофиқ набудани баъзе китобҳои дарсӣ бо барномаҳои таълимӣ мебошад. Хуб мешуд, ки китобҳои дарсӣ дар асоси барномаҳои таълимии фаннӣ нашр карда шаванд.

Мушкилии дигар он аст, ки дар барномаҳои таълимӣ миқдори соатҳои дарсӣ ҳафтае 2 соат нишон дода шудааст, вале дар китобҳои дарсӣ мавзӯъҳои дарсӣ барои 1 соат ҷой шудааст. Ё баръакс.

Муаллифони китобҳои дарсиро зарур аст, ки бо муаллифони барномаҳои таълимӣ дар робитаю ҳамкорӣ бошанд.

Баъзе мавзӯъҳои дарсӣ дар китоби «Таърихи умумӣ» (барои синфҳои 7-9) хеле васеъ буда, 10-12 саҳифаи китобро ташкил медиҳад, ки ҳазму ба хонандагон фаҳмондани онҳо дар 45 дақиқа (25 дақиқа барои мавзӯи нав ҷудо карда мешавад) хеле душвор аст. Албатта, барои хонанда мутолиаю азхуд намудани мавзӯи дарсӣ дар ҳаҷми 10-12 саҳифа хеле мушкил аст.

Умед дорем, ки дар ояндаи наздик бо таъсиси мактаби муаллифони китобҳои дарсӣ сатҳу сифат, мазмун ва мундариҷаи китобҳои дарсӣ низ баланд мегардад.

Аъзам БОБОЕВ,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш