Таҳти мафҳуми “интихоби касби рақобатпазир” аз байни касбу ихтисосҳои ниҳоят гуногун интихобу хоста гирифтани касбе, тахассусе, фаҳмида мешавад, ки он дар навбати аввал, аз нигоҳи талабот ва сатҳи тахассуснокии шахси онро интихобнамуда, ҳам дар бозори меҳнати дохилӣ ва ҳам дар бозори меҳнати хориҷӣ қобили рақобати тезу тунд бошад. Яъне, касбу соҳибкасб на фақат бозоргир, балки дар байни даҳҳо касбу машғулиятҳои дигар ва шуғлдорону соҳибкасбони дигар, бо муҳимият ва сатҳу сифати маърифати касбии шахси онро пешанамуда мавқеи устувори худро соҳиб гардида тавонад.
Дар ин маврид мо бояд мафҳуми “шуғли арзанда ё “кори арзанда”-ро ба шогирдонамон мушаххасан шарҳу тавзеҳ диҳем.
Барои корманд шуғл ё кори арзанда дар навбати аввал ҳамон корест, ки пардохти он, яъне музди он қобили қабул бошад ва ҳифзи иҷтимоии оиларо таъмин намояд.
Бисёр иттифоқ афтодааст, ки новобаста ба бозоргир будани ин ё он касб, соҳиби он на дар бозори меҳнати дохилӣ ва на дар бозори меҳнати хориҷӣ шуғл ё кори арзандаро пайдо карда наметавонад.
Чаро дар бозори меҳнат чунин ҳолат рӯй медиҳад?
Сухан аз боби он меравад, ки дар раванди интихоби касби наврасону ҷавонон аксари маврид волидон нақши асосӣ доранд ва касбинтихобкунии наврасону ҷавонон бе дарназардошти имконоти воқеии неруи ақлонӣ ва ҷисмонии худи наврасону ҷавонон сурат мегирад.
Аз диди инҷониб унсурҳои асосии таконбахш ба интихоби касби наврасон ва ҷавонон, раҳнамоии волидайн, обрӯю эътибори касб дар ҷомеа, сатҳи миёнаи музди меҳнат, пайравӣ ба наздикон ва ёру дӯстон маҳсуб меёбанд.
Аз ин лиҳоз, роҳнамоии касбии шогирдон, ба роҳи дурусти интихоби касб ҳидоят намудани онҳо, рисолати ҳар як омӯзгоре, ки ҳам қобилияту истеъдоди инфиродии ҳар як шогирди худро хуб медонад ва аз шавқу завқи ӯ ба ин ё он шуғл огаҳӣ дорад.
Марҳамат УМАРОВА,
омӯзгори гимназияи №74-и
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр