Нашрияи Омӯзгор

Китоби дарсӣ ва мактабҳои камнуфус

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

Имрӯзҳо омӯзгорон дар робита ба китоби дарсии махсуси муассисаҳои таҳсилоти камнуфус ҳарф зада мепурсанд: «Чаро китобҳои дарсӣ барои хонандагони макотиби камнуфус навишта намешаванд?»

Андешаи мо дар ин масъала чунин аст: аввалан, стандарту барномаи фаннӣ ва китобҳои дарсии ин ё он фан ҳам барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии муқаррарӣ ва ҳам барои муассисаҳои таҳсилоти умумии камнуфус ягона мебошад. Дар муассисаҳои таҳсилоти камнуфус талаботи стандарту барнома ва ҳаҷми маълумоте, ки бояд хонандагон фаро бигиранд, кам карда намешавад. Сониян, вазъи иқтисодии кишвар имкон намедиҳад, ки барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии камнуфус китобҳои дарсии ҷудогона чоп карда шаванд, барои мактабҳои шабонаю ғоибона низ.

 Барои чунин мактабҳо, ки ҳам миқдоран каманд ва ҳам теъдоди хонандагонашон чандон зиёд нест, дар кишварҳои ҳамсояамон ҳам китобҳои дарсии алоҳида нашр нашудаанд. Шояд баъди истиқлолият дар баъзе кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чунин таҷриба, яъне нашри китобҳои дарсии алоҳида барои мактабҳои камнуфус ба роҳ монда шуда бошад. Дар ҳар сурат чунин китобҳоро алҳол вонахӯрдаем.

 Севум, дар собиқ шӯравӣ бо назардошти талаботи стандарту барномаи фаннӣ ва истифодаи китобҳои дарсӣ коркардҳои дидактикию методӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии камнуфус аз рӯи китобҳои дарсии мавҷуда таҳия ва нашр карда мешуданд. Ва чунин кор бояд ба роҳ монда шавад.

Мутаассифона, чи дар аҳди Шуравӣ ва чи баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ чунин коркардҳои дидактикӣ ва методӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии камнуфуси кишвар таҳия нашудааст. Бинобар ин, дар ихтиёри омӯзгорони чунин муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба ҷуз як – ду дастури методию чанд мақолаи умуминазарӣ, ки аксари онҳо заминаи воқеӣ надошта, маводи аз интернет тарҷумашуда мебошанд, чизи дигаре қарор надорад.

 Аз рӯйи баъзе маълумотҳои оморӣ, соли 1971 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳудуди 70 ҳазор муассисаи таҳсилоти умумии камнуфус фаъолият доштанд ва беш аз 1 млн хонандаро фаро мегирифтанд. Дар ҷумҳурии мо дар чунин мактабҳо танҳо хонандагони синфҳои ибтидоӣ таҳсил мекарданд, яъне синфҳои болоии камнуфус вуҷуд надоштанд. Азбаски омӯзгор ҳамзамон дар як дарс бо ду - се ё чаҳор синф кор мекунад, бори сангин бар дӯш дорад. Аз ин рӯ, аксар авқот кори мустақилонаро, тавре ки мебояд, идора карда ва ба роҳ монда наметавонад; вазъи синфҳо ва мушкилоти мавҷуда боис мегарданд, ки супоришҳои якнавохт дода шаванд; супоришҳо аз ҷиҳати ҳаҷм ё зиёд, ё кам гарданд; мавҷудияти вазъияти дарсдиҳӣ дар чанд синф боиси зуд-зуд ҷалби диққати хонандагон мешавад; зарурати зуд – зуд аз як фаъолият ба фаъолияти дигар гузаштани омӯзгор кори ӯро мушкил месозад ва ғайраҳо.

 Нуктаи асосӣ ва фарққунанда дар фаъолияти чунин мактабҳо ба роҳ мондани кори мустақилона маҳсуб мегашт. Дар мактабҳои камнуфус имрӯз ҳам ҳаҷми кори мустақилонаи хонандагон 60 - 70 % - ро ташкил медиҳад ва шояд дар баъзе ҳолатҳо бештар гардад.

 Табиист, ки кори мустақилонаи хонандагон, асосан, аз рӯи китоби дарсӣ ва ё маводи гуногуни дидактикӣ сурат мегирад. Пас саволе ба миён меояд: то кадом сатҳ маводи таълимии мавҷуда (яъне китобҳои дарсию маводи гуногуни дидактикӣ) имкони бомуваффақият ташкил кардани кори мустақилонаро дар синфҳои камнуфус фароҳам месозанд?

 Психологҳо ва усули фаъоли таълим бо тамоми шаклҳояш собит сохтанд, ки фарогирии дониш ва рушди малакаю маҳорати хонанда дар раванди фаъолияти фикрӣ сурат мегирад. Таълим дар айни замон чун интиқоли одии дониш аз омӯзгор ба хонанда баррасӣ намегардад, балки хусусияти ҳамкорӣ пайдо кардааст – ҳамкории хонандаю омӯзгор ва ҳамсинфон. Ин ҷо фаъолона ширкат кардани хонандагон шарти муҳиму асосӣ маҳсуб мегардад. Ташаккули фаъолияти таълим асосан ба ҳамкории муаллим ва хонанда вобаста аст. Тибқи талаботи рӯз фаъолияти коммуникативӣ – иртиботии омӯзгор зимни ҳамкорӣ бо хонанда нақш дорад. Муносибати коммуникативӣ, инчунин, робитаи якҷояи одамон, муаллиму хонанда ва хонандаю муаллимро ба бор меорад ва на танҳо табодули афкор, балки дастовардҳои умумиро дар назар дорад: барқарор кардани робита, ташкил ва амалӣ сохтани фаъолияти умумӣ, ҳамчунин, раванди дарки фаҳмидани байнишахсиро таъмин месозад. Фаъолияти коммуникативӣ салоҳияти иҷтимоӣ ва бошууронаи самтгирии хонандагонро ба мавқеи дигарон ташаккул дода, маҳорати шунидан ва дар муколама ворид гаштани ӯро таъмин менамояд, дар муҳокимаи масъала бо коллектив ширкат меварзад ва ба гурӯҳи ҳамсолон ҳамроҳ мегардад ва бо ҳамсолону калонсолон ҳамкорӣ ба роҳ мемонад.

 Барои ба даст овардани ҳадаф нақши омӯзгор бояд иваз гардад, аз интиқолдеҳи дониш ба ташкилотчии моҳир табдил дода шавад, яъне бо хонандагон ҳамкорӣ намояд. Ҳамкорӣ маҷмӯи қобилиятҳоест, ки на танҳо барои табодули ахбор ва фаъолият, балки самтгирии нозук ба талаботи эҳсосотӣ – психологии шарик оид ба фаъолияти кунунӣ мебошад:

- дастгирӣ ва ҳамкорӣ бо хонанда, ки ба даст омадани ҳадаф ба ӯ вобаста аст;

- таъмини ҳамкории бидуни ихтилофу зиддият дар гурӯҳ;

- ба роҳ мондани муносибати хубу якдигарфаҳмӣ;

- ташкили муҳокимаи самаранок дар гурӯҳ;

- таъмини табодули дониш байни узвҳои гурӯҳ ва қабули қарори муштараки самаранок;

- дақиқ муайян кардани ҳадафи гурӯҳ ва имкон додан ба ширкаткунандагон, то ки барои ба даст овардани ҳадаф неруи худро сарф намоянд;

- ба зарурати дигарон якнавохт таваҷҷуҳ зоҳир кардан.

 Маҳорати педагогии муаллим дар он аст, ки муҳтавои заруриро интихоб намояд, методу усули муносиби таълимро тибқи талаботи стандарту барнома ва вазифаи маърифатии гузоштааш истифода барад. Яке аз масъалаҳои басе ҷиддии мактаби муосир он аст, ки хатмкунандагон ба иҷтимоъгардӣ дар ҷомеа ва мутобиқ шудан ба бозори меҳнат бояд омода гарданд. Аз ин лиҳоз, бояд ба хонандагон фикр карданро ёд дод, роҳҳо ва тарзҳои мустақилонаи фаъолиятро омӯхт.

 Китобҳои дарсӣ қариб ҳама бар асоси талаботи замон ва минҷумла, бо назардошти муносибати босалоҳият ба таълим таҳия ва нашр шуда бошанд ҳам, ҳанӯз аксари супориши онҳо якранг буда, дар онҳо масъалагузорӣ ба нудрат ба назар мерасад. Аксари супоришҳо хонандагонро барои дар амалия татбиқ кардани назарияи омӯхта ҳидоят намекунанд ва супоришҳои якранг (ба монанди «калимаҳоро илова карда хонед ё нависед», «ба ҷойи нуқтаҳо ҳарфҳои мувофиқ гузошта нависед» ва амсоли инҳо) мавқеъ доранд. Қариб 70 – 80% - и супоришҳои китобҳои дарсии забони тоҷикӣ дорои хусусиятҳои мазкуранд. Аҳамияти чунин супоришҳоро комилан инкор насохта, таъкид менамоем, ки ба ин минвол супоришҳои сатҳӣ дар аксари китобҳои имрӯза идома доранд.

 Ба хонандагон фикр карданро бояд ёд дод, роҳҳо ва тарзҳои мустақилона фаъолият намуданро бояд омӯхт. Ин кор, қабл аз ҳама, таввассути китобҳои дарсию маводи дидактикӣ ва ҳидояту роҳнамоии муаллим амалӣ карда мешавад.

 Дар китобҳои дарсии забон бояд супоришҳое мавқеъ пайдо кунанд, ки хонандаро ба забондонию забономӯзӣ ҳидоят намоянд, падидаҳои забониро муқоиса карда, дар он падидаҳо умумият ва фарқро аниқ созанд, муодилҳои (вариантҳои) гуногуни ифодаро пайдо карда, хулосаҳои хешро бароранд ва иброз доранд. Дар ниҳояти кор, бе роҳбарию ҳидояти доимии омӯзгор кор кардани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии камнуфус душвор аст, зеро чунонки ишора шуд, ин нуктаҳо, аввалан, дар китоби дарсӣ ба таври пурра зикр нагаштаанд ва, сониян, амалигардонии ҳадафҳои зикршуда ба маҳорати педагогии муаллим вобаста аст. Ҳамзамон, дастурҳои методию маводи дидактикӣ аслан барои чунин муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳия ва пешниҳод нашудаанд.

 Аз гуфтаҳои боло метавон чунин натиҷагирӣ кард: аввалан, бо назардошти иқтисоди кишвар ва адами мутахассисони варзида, ки барои чунин хонандагон китоби дарсӣ таълиф намоянд, китоби дарсии махсус таълиф ва нашр карда намешавад; сониян, стандарти давлатию барномаи ягона барои ҳар як фанни тадрисӣ таҳия ва нашр шудааст, ки новобаста ба шакли таълим (шабона, рӯзона, синфҳои камнуфус) барои ҳар як зинаи таҳсилот ҳатмист, яъне ҳаҷми маълумот кам намегардад; севум, амалан барои ҳар як синфи камнуфус китоби дарсии ҷудогона навиштан корӣ ношуданист; чорум, мушкилоти чандон мувофиқ набудани саволу супориши китобҳои дарсии мавҷуда бо коркарди маводи дидактикӣ ҳалли худро меёбанд. Дар маводи дидактикию методӣ, ки барои муассисаҳои таҳсилоти умумии камнуфус таҳия ва нашр мегарданд, супоришҳои мустақилона бояд хеле кӯтоҳ ва ҳамзамон, фаҳмою аниқ бошанд, то ки хонанда аз чӣ оғоз кардану бо чӣ тамом кардани корро донад. Дар он ҳар як мавзӯъ коркард гардад ва саволу супоришҳои он асосан бо назардошти кори мустақилона таҳия шаванд.

Мураттибони дастурҳои методӣ ва маводи дидактикӣ ин корро бар асоси риояи талаботи стандарти фаннӣ ва барномаи таълим анҷом хоҳанд дод.

 

Саидамир АМИНОВ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш