Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо иштироки устодону шогирдон, меҳмонон ва алоқамандони забони ноби тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд. Муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Маҳмудхон Шоев, Маҳмадназар Нуров - намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино хамагонро барои покиза нигоҳ доштани забони модарӣ ташвиқ намуданд.
Профессор Саидбой Шербоев иброз дошт, ки маҳз хидмати аҳли китоб ва илму адаби гузаштагонамон буд, ки мо тавассути нигоштаҳои онҳо забонамонро ҳифз карда тавонистем.
Як гурӯҳ донишҷӯёни донишкада ҳозиринро бо забонҳои тоҷикӣ, кореягӣ, японӣ, хитойӣ, арабӣ, ҳиндӣ, олмонӣ ва ғайра бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуданд. Ҳамчунин, як қатор устодону шогирдони муассиса барои саҳми шоистаашон дар самти таълиму тарбия ва барои хониши аълояшон бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Барномаи савту суруди пуробуранги аъзои маҳфили ҳаваскорони донишкада хотири ҳозиринро болида гардонд.
Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр