Устод Лоиқ Шералӣ ба арсаи адабиёти деринсолу пурғановати тоҷик бо меҳру муҳаббати бепоён ва бо азму иродаи қавӣ, кӯлбори лабрези маънавӣ бар дӯш ворид гашт ва аз нахустқадамҳояш дар ин арса ба комёбӣ мушарраф шуд. Ӯ аз оғоз ба ҳусни калом ва дарёфту тафсири маъниҳои тоза ҷидду ҷаҳд дошт ва аз сухани обшуставу маънии маъмулу умумӣ канораҷӯӣ мекард. Нигоштаҳои шоир аз оғоз таваҷҷуҳи аҳли адабро ба худ ҷалб намуданд ва аз вуруди қаламкаши тавонову ояндадоре ба майдони бавусъати адабиёт дарак доданд. Ҳанӯз аз аввалин ашъораш Лоиқи навсафари паҳнои адабиёт сазовори эътирофу таҳсини устод Мирзо Турсунзода гардид. Ҳамчунин, устод Сотим Улуғзода ӯро «шоири ҷавони хеле боистеъдод» номид. Устод Боқӣ Раҳимзода Лоиқи навоварро таҳсин гуфт, барои рушди истеъдодаш, то тавонист, шароити созгор фароҳам овард. Дигар устодони адабиёти давр, ки воқеан ҳам, ғамхори адабиёту адибони асил буданд, истеъдодро мешинохтанд ва орӣ аз ғаразу кинаву нотавонбинӣ буданд, Лоиқро чун падидаи тозаву камназире дар бӯстони адабиёт дастгирӣ намуданд, ба қадри имкону тавон мададгориаш карданд. Устод Лоиқ аз ин ҳама баъдтар (чун эътироф гашту шуҳратёр шуд) бо камоли сипосмандию эътимод ёдовар шудаву барои аксар устодону мададгоронаш шеърҳое баланду дилписанд аз рӯи ихлосу эътиқод гуфтааст. Чунончи, ин байтҳо иқтибос аз шеъри барои устод Боқӣ Раҳимзода гуфтаи Лоиқи ҳақшинос мебошанд:
Дар ин дунё ду – се марди бузурге пуштибони мост,
Дар ин дунё ду – се соҳибдиле ҳамдостони мост …
Тавонад ҳар кӣ омӯзад ду – се ҳарфи савод, аммо
Чу Боқӣ ҳар кӣ қадри мард донад, устоди мост.
Дар ситоишу таърифу бузургдошти устоди тавонои адабиёти муосири тоҷик Мирзо Турсунзода шогирди вафодору номбардораш Лоиқ бо номи «Сипоснома» силсилаи шеърҳо эҷод намудааст, ки саршор аз эҳтирому муҳаббату самимият аст. Ҳамаи шеърҳои ин силсила намунаи барҷастаи муносибати шоистаи устодиву шогирдист. Қитъаи зерин, ки аз шеъри «Рӯзи ҷаноза» иқтибос мешавад, симои устод Турсунзода, маънии зиндагии ӯро бисёр барҷаста ифода намудааст:
Хуни гармаш дар раги ҳар байт туғён мекунад,
Дар дили хок аст, аммо дил ба дарё мезанад.
Зиндаи ӯ баҳри имрӯзи ҷаҳон ҷон кандааст,
Баҳри фардои ҷаҳон осори ӯ ҷон меканад.
Дар шеърҳои силсилаи «Сипоснома» устод Турсунзода чун шоири маъруфу маҳбуб, писандидаи халқ, ғамхори ҷавонон, раҳнамои аҳли адаб, мунодии сулҳ ва дӯстӣ, некхоҳи башарият, муаррифи миллати хеш, пайвандгари халқҳову қитъаҳо тавсиф шудааст. Устод Лоиқ ифтихорманд аз он аст, ки миллати тамаддунгарояш чун Айниву Турсунзода фарзандони баруманду хирадсолор ва шуҳратёр дорад ва ворисони бонангу номуси миллат ин байти ӯро чун шиоре ифтихоромез пазируфтаанд:
Ҳам ба азму ҳам ба назму ҳам ба разм
Пайрави Айниву Турсунзодаем.
Ашъори ба устодони худ ва ба ашхоси маъруфи миллат бахшидаи устод Лоиқ Шералӣ дар шумори дигар махсусиятҳояшон ҷанбаи қавии тарбиявӣ доранд ва мо, омӯзгорон, аз онҳо метавонем бамавриду ҳаматарафа истифода намоем. Ин, аз ҷумла, дар тарбияи шогирдон дар рӯҳияи эҳтиром ба устодон, ба калонсолон, ба афроди номвари миллат нақши муҳим хоҳад дошт. Эҳтироми устод ба омӯзиши бештару пурсамари шогирдон мусоидат хоҳад кард. Беҳуда нафармудаанд, ки «Домани устод гиру шод шав, Муддате хизмат куну устод шав».
Дилбар ГУрезова,
омӯзгори забони англисӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр