Нашрияи Омӯзгор

Баррасии масоили муҳим: аз муассисаҳои томактабӣ то таҳсил дар хориҷи кишвар

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

5 октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷаласаи мушовараи  Вазорати маориф ва илм баргузор гардид, ки дар он натиҷаи фаъолияти вазорат  дар нуҳ моҳи соли 2019 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа вазири маориф ва илм  Нуриддин Саид, муовини якуми вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев, муовинони вазир  Фатҳиддин Усмонзода, Латофат Назирӣ, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна  ва олии касбӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо  ва роҳбарони зерсохторҳои вазорат иштирок карданд.

Вазири маориф ва илм  Нуриддин Саид доир  ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2019 маълумот дода, зикр намуд, ки вазорат дар нуҳ моҳи соли 2019 фаъолияти худро дар доираи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кори Вазорати маориф ва илм, консепсияву стратегияҳо, барномаву дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Таҳсилоти томактабӣ –

асоси пешрафти таълим

Нуриддин Саид  иброз дошт, ки яке аз масъалаҳои муҳим сохтмони муассисаҳои томактабӣ маҳсуб меёбад. Ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон дар ҷумҳурӣ тадриҷан афзоиш меёбад. Ҳоло муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 649 адад ва шумораи тарбиягирандагон ба 97573 нафар расидааст.  Аз таҳлилҳо бармеояд, ки вазъи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар деҳот нигаронкунанда буда, ин ба  коста гардидани сифати таълиму тарбия дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот сабаб мегардад. Дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шумораи кӯдакони аз 3 то 6 – сола  ба 1137400 нафар  ва  фарогирӣ ба 50% расонда мешавад. Бо дарназардошти муҳиммияти масъала бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №316 Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025   қабул  гардид.  Яке аз омилҳои баланд гардидани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ таъмини онҳо бо мутахассисони варзида ба шумор меравад. Ҳоло дар муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 11682 нафар корманди педагогӣ фаъолият менамоянд. Муассисаҳои томактабӣ бо кадрҳои педагогӣ таъмин бошанд ҳам, дараҷаи таҳсилоти мутахассисон ба талабот ҷавобгӯ набуда, 352 нафар бо маълумоти олии омӯзгорӣ муассисаҳои таълимии томактабиро роҳбарӣ менамоянд. Инчунин, аз 10186 нафар корманди муассисаҳои томактабӣ (мушовирон, омӯзгорон, мураббиён, ёрдамчиёни мураббиён) 1897 нафар бо таҳсилоти  олии омӯзгорӣ ва 2792 нафар бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд. Сардорони сарраёсат, раёсати маорифи вилоятҳо ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ҷиҳати бо мутахассисони ихтисосманд таъмин намудани муассисаҳои томактабӣ тадбирҳои амалӣ андешанд. 

Заминаҳои техникӣ –

омили сифати таълим

– Бо мақсади  дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ва баланд бардоштани сифати таҳсилот қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» тасдиқ гардид, ки ба тақвияти заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд. Талаботи барномаи мазкур танҳо дар шаҳри Душанбе ва қисме аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иҷро гардида, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъмин карда нашудааст. Аз ин рӯ, масъулинро мебояд ҷиҳати амалӣ ва татбиқи барномаи мазкур ҳамвора талош варзанд.

Тибқи талаботи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар 5 соли татбиқи он (солҳои 2014-2018 ва 9 моҳи соли 2019) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд 675 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ сохта мешуд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 153 муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият менамояд. Ҳамчунин, дар миқёси ҷумҳурӣ 60 адад маркази инкишофи кӯдак (хусусӣ) амал мекунад, ки дар онҳо 1551 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар маҷмӯъ, шумораи тарбиягирандагон дар муассисаҳои томактабии хусусӣ ба 8200 нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда қонеъкунанда нест.

Илова бар ин, дар муддати 5 соли амалишавии барнома бояд 331 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ ташкил мегардид. Мутаассифона, то имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 14 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ (дар шаҳрҳои Душанбе – 5,  вилояти Хатлон – 1 муассиса, вилояти Суғд – 7 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (дар шаҳри Ҳисор) – 1 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ таъсис дода шудааст, ки 4,2%-и иҷрои барномаро ташкил медиҳад.  Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то имрӯз ягон муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ таъсис дода нашудааст.

Вазъи таълиму тарбия, сатҳу сифати таҳсилот, таъминоти кадрӣ, заминаҳои моддию техникии як қатор муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд. Маълум гардид, ки сифати таҳсилот дар мактабҳои хусусӣ нисбат ба мактабҳои Президентӣ ва сатҳи миёнаи ҷумҳурӣ хеле паст мебошад. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимии хусусӣ сифати таҳсилот 32,8% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 67,8%-ро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нигаронкунанда мебошад. Инчунин, заминаи моддӣ-техникӣ, вазъи коргузорӣ ва сифати таҳсилот беҳбудӣ мехоҳад. Таъминоти кадрии муассисаҳои таҳсилоти хусусӣ ташвишовар боқӣ мондааст. Зарур аст, ки ба раванди таълиму тарбия танҳо мутахассисони касбии маълумоти олии педагогидошта ҷалб карда шаванд. Яке аз нишондиҳандаҳои асосии самти фаъолияти муассисаҳои таълимӣ сифати таҳсилот ва сатҳи дониши хонандагон ба ҳисоб меравад, - зикр намуд вазир. 

23 хонанда бо аттестати аъло ва бо медалҳои тилло ва нуқра сазовор шуданд

Ҳамасола миёни хонандагон озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра гузаронида мешавад. Соли 2019 аз тарафи раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта 52 нафар довталаби медали тилло ва нуқра барои иштирок дар озмун пешниҳод гардиданд. Мутаассифона, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягон нафар довталаб ба озмун пешниҳод нагардид.   Бинобар сабаби мувофиқат накардан ба талабот ҳуҷҷатҳои 15 нафар бозпас гардонида шуда, 37 нафар ба озмун роҳ дода шуданд. Пас аз санҷиши корҳои хаттӣ ва тестӣ 23 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, аз шаҳри Душанбе – 10 нафар, вилояти Суғд – 9 нафар, вилояти Хатлон – 3 нафар, ноҳияи Варзоб – 1 нафар бо аттестати аъло сарфароз  гардиданд.

207 медали

хонандагони тоҷик

Соли равон хонандагони тоҷик дар 25 озмуну  олимпиадаи  байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Беларус, Тайланд, Россия, Малайзия, Руминия, Италия, Ҳиндустон, Латвия, ИМА, Исроил, Маҷористон, Англия, Ӯзбекистон, Франсия, Африқои Ҷанубӣ, Озарбойҷон ва Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 207 медал, аз ҷумла, 49 медали тилло, 56 медали нуқра ва 102 медали биринҷӣ гардиданд. Ин шаҳодати он аст, ки сол то сол дар ҷумҳурӣ ҳаракати олимпӣ вусъат ёфта, теъдоди хонандагони болаёқат меафзояд.

Мушкилоти марказҳои

дарёфтро бартараф бояд кард

Дар асоси талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» бояд дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо  марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил гардида, бо бинои алоҳида, воҳидҳои корӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо технология ва озмоишгоҳҳои таълимӣ таъмин ва ба онҳо мустақилияти молиявӣ дода мешуд.    Гарчанде  имрӯз дар ҷумҳурӣ 71 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо қарори раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ташкил шудаанд, ин марказҳо ба истиснои шаҳри Душанбе  то имрӯз бо бинои алоҳидаи ба талабот ҷавобгӯй таъмин набуда, дар бинои раёсат, шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ бо ҷудо намудани 1-2 кабинет ва 3-7 воҳиди корӣ фаъолият  менамоянд. Ҳамзамон, ба бештари марказҳо мустақилияти молиявӣ дода нашудааст, ки ин омил ба фаъолияти самарабахши онҳо монеа эҷод мекунад.

Мақсад - соҳибкасб

намудани ҷомеа

Вазири маориф ва илм дар зимн қайд кард, ки дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаи коргарӣ, аз тариқи курсҳои кӯтоҳмуддат корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд. Вале дар раванди омодасозӣ ва сертификаткунонии онҳо ҳанӯз ҳам мушкилот, аз қабили норасоии воситаҳои муосири техникӣ, китобу дастурҳои таълимӣ, омӯзгорони соҳибкасб, таъмини иштироки доимии шунавандагон, тарғибу ташвиқи курсҳои мазкур ва дуруст ба роҳ мондани назорати доимии онҳо ҷой дорад. Дар ҷумҳурӣ 2 муассисаи таълимии ғайридавлатии коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант ва коллеҷи хусусии агросаноатӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Кӯлоб таъсис дода шуд ва теъдоди умумии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба 74 адад расид.  Инчунин, дар деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара» ифтитоҳ гардид ва теъдоди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба 62 адад расид.

Рафти қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳам тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам аз тариқи анъанавӣ ба роҳ монда шуда, барои ҷалби довталабон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар, махсусан, ҷалби духтарони деҳаҳои дурдаст чораҳои зарурӣ андешида шуд.  Раванди қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба истиснои чанде аз коллеҷҳои тиббӣ, техникӣ ва омӯзгорӣ дар дигар муассисаҳои таълимӣ ғайриқаноатбахш боқӣ мондааст.

Довталабон бештар риштаи мактабҳои олиро интихоб намуда, ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ камтар майл доранд. Албатта, агар яке аз омилҳои он дуруст ба роҳ намондани масъалаи интихоби касбу ҳунар дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бошад, омили дигар набудани хобгоҳ дар ин муассисаҳои таълимӣ буда, ба кор қабул нашудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ омили сеюми камтаваҷҷуҳии довталабон ба риштаи таҳсил мебошад.

Мактаби олӣ:

59 548 нафар донишҷӯ

шуданд

Дар идома Нуриддин Саид зикр намуд, ки ҷиҳати аз аккредитатсияи байналмилалӣ ва рейтинги байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда Созишнома оид ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расонида шуд. Дар доираи созишномаи мазкур то имрӯз се ихтисоси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (муносибатҳои байналмилалӣ, молия ва қарз ва ҳуқуқшиносӣ) аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашт. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ омодагӣ дида истодаанд.

Ҳамзамон, дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” се муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ – Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба таври пилотӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида мешаванд.

Соли таҳсили 2019-2020 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии сохторҳои қудратӣ) 59 548 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора 42985 нафар тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1658 нафар берун аз маркази мазкур, 2263 таҳсилоти дуюм, 5376 нафар идомаи таҳсил пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 7266 нафарро шаҳрванди хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Муассисаҳои таълимӣ

бо кадрҳои ихтисосманд

таъмин мегарданд

– Таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб гардида, он ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон зич алоқаманд аст, - қайд кард вазири маориф ва илм. – Ба ҳолати 20 сентябри соли 2019 2777 нафар (65%) мутахассиси ҷавон ба ҷойи кор ҳозир гардиданд, ки 135 нафар (39,4 %) дар ВМКБ, 1169 нафар (73,1%) дар вилояти Хатлон, 683 нафар (62,3% дар вилояти Суғд, 160 нафар (61,7%) дар шаҳри Душанбе ва 630 нафарро (67,1%) дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ташкил медиҳад.     Баъди ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ҳарчанд ки сол аз сол вазъи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кадрҳои соҳибихтисос беҳтар мегардад, то ҳол мушкилоти бартараф кардани норасоии омӯзгорон дар якчанд шаҳру ноҳия ҳалли худро наёфтааст. Ин норасоӣ дар ВМКБ (100 нафар), шаҳри Душанбе (41 нафар) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (321 нафар) ба қайд гирифта шудааст, ки он асосан аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, забони қирғизӣ, математика, таъриху ҳуқуқ, физика, химия, технологияи информатсионӣ, биология, география, суруд ва мусиқи, тарбияи ҷисмонӣ, синфҳои  ибтидоӣ ва технологияи таълими меҳнат мебошад,  - иброз дошт вазир.

Илм – асоси рушди ҷомеа

– Бо дарназардошти таъ-кидҳои доимии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур аст, ки дар самти ташаккули ҷаҳонбинӣ ва рушди илмҳои замони муосир ҷавононро ба озмунҳои гуногун, корҳои илмиву ихтироъкорӣ, ҷустуҷӯӣ, таҳсил дар магистратура, докторантура ва посдокторантура ҷалб намуда, бояд ба рушду ташаккули илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем.

Дар ин давра «Қоидаҳои қабул ба магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қоидаҳои намунавии қабул ба докторантура аз рӯи ихтисос дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қоидаҳои намунавии қабул ба постдокторантура дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тартиби таҳияи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктор ҳабилитат дар постдокторантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тартиби ташкили кори илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ-таҳқиқотии постдокторантҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон» тасдиқ гардида, ҷиҳати иҷро ва корбарӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ ирсол гардид, - қайд кард Нуриддин Саид.

Сохтмони 244 иншоот

идома дорад

ҳамчунин, Нуриддин Саид таъкид намуд, ки соли равон дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 244 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 70591 ҷойи нишаст идома дошта, аз ин шумора сохтмони 37 бинои муассисаи таълимӣ барои 12446 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорон ва ба тариқи ҳашар сохтмони 48 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 5659 ҷойи нишаст идома дорад.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ дар вилояти Хатлон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» қабул гардид.  Дар натиҷаи  амалӣ гардидани барномаи мазкур дар вилояти Хатлон 566 бинои муассисаи таълимӣ барои 110150 ҷойи нишаст азнавсозӣ карда шуда, дар деҳаҳое, ки навбунёд ҳастанд, муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар доираи амалигардонии Барномаи мазкур сохтмони 59 иншоот барои 14980 ҷой нишаст идома дорад, ки баистифодадиҳии қисми зиёди он дар соли равон пешбинӣ гардидааст.

3640 нафар барои таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ

фиристода шуданд

Соли ҷорӣ қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» 35 нафарро (29 бакалавр, 4 аспирант ва 2 докторант) ташкил намуд, - зикр намуд вазир. – Соли ҷорӣ 3640 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаҳои гуногуни таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар  ва 7407 нафар шаҳрванди хориҷӣ, аз 13 кишвар дар 32 мактаби олии ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ  Созишномаи байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Созишнома байни Ҳукума-ти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва таҷҳизонидани моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишнома байни Вазорати маориф ва илм бо Хазинаи нуфуси СММ ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)  ба имзо расонида шуд.

Ҳамчунин, вазири маориф ва илм фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди вазорат, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва нашрияҳои соҳавиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, баҳри боз ҳам вусъат бахшидан фаъолияти онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар музокира сардори раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Абдуҷаббор Абдураҳимов  ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент Махсатулло Шарифов суханронӣ намуда, фаъолияти Вазорати маориф ва илмро қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Дар хотима  вазири маориф ва илм Нуриддин Саид  таъкид намуд, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмо-малӣ Раҳмон пайваста барои рушди илму маориф, тарбияи насли ҷавони худшиносу ватандӯст ва муҳофизи содиқи ин марзу бум равона шудаанд. Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм, кормандони соҳа мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дар амал татбиқ намоянд. Ҳамзамон, вобаста ба омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашну санаҳои муҳими милливу таърихӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, барои таъмини сифати таҳсилот, таълиму тарбияи насли наврас ва омода кардани мутахассисони соҳибтаҷрибаи ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ҳамвора талош менамоянд.  

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

Насриддин ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш