Нашрияи Омӯзгор

Вақт мунтазир намешавад

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Вазъи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ ташвишовар аст

Вазъи захира намудани  ҳезуму ангишт ва сӯзишвории дизелӣ, инчунин, омода будани генератору печҳои аловӣ ва буғхонаҳо дар таълимгоҳҳои   ҷумҳурӣ дар соли равон  чӣ гуна аст. Бо ин суол мудири шуъбаи маркетинг  амвол ва хариди давлатии Вазорати маориф ва илми кишвар Аҳрориддин Бобизода чунин посух гуфт:

- Ҷиҳати иҷрои  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.03.2019, №117 «Оид ба  сари  вақт омода намудани  соҳаҳои  иқтисодиёт ва иҷтимоиёти  ҷумҳурӣ  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи  тирамоҳу зимистони  солҳои  2019-2020» талаботи  муассисаҳои таълимии  ҷумҳурӣ ба 46147,9 тонна ангишт, 4770,5м3 ҳезум ва 128567 литр сӯзишвории  дизелӣ баробар мебошад. То оғози  моҳи октябр дар шаҳру  навоҳии  кишвар 30018,2 тонна ангишт (65%-и нақша), 25746м3 ҳезум (53,9%-и нақша) ва 36022 (28%-и нақша) литр сӯзишвории  дизелӣ захира карда шудааст.

Мувофиқи маълумоти дастрасгардида, то ҳол дар шаҳру ноҳияҳои  Леваканд, Турсунзода, Тоҷикобод, Рашт ва  Лахш захира намудани  ангишт оғоз нагардидааст. Масъулини мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт ва  Лахш иброз медоранд, ки айни замон интизори  гирифтани  иҷозатномаи  истихроҷи  ангишти  ҶСК «Ангишти Камароб» буда, дар сурати  ҳалли  он ҳамаи  муассисаҳои  таҳсилоти  умумӣ ва ташкилотҳои соҳаи маорифи навоҳии мазкур бо ангишти навъи  аъло ва нисбатан арзон таъмин  карда хоҳанд шуд. Мутаассифона, дар шаҳру ноҳияҳои  Варзоб, Ваҳдат, Шаҳринав, Бохтар, Вахш, Кӯшониён, Восеъ, Дарвоз ва Рӯшон, Хуросон, Қубодиён, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, А.Ҷомӣ, Ёвон, Балҷувон ва Кӯлоб захираи  ангишт ҳамагӣ 50 фоизи  нақшаро ташкил медиҳаду халос. Ба иттилои  А.Бобизода, то санаи 01.10.2019 дар муассисаҳои таълимии  вилоятҳои Хатлон аз 9804,3 тонна ангишти нақшавӣ 3700,2 тоннна (37,7%), аз 22445м3 ҳезум 8637м3 ҳезум (38,5%), вилояти ВМКБ аз 5363,68 тонна ангишт 3243,7 тонна (60,5%), аз 7780,1м3 ҳезум 3745м3 ҳезум (48,1%), дар шаҳри Душанбе аз 225,8 тонна ангишт 115,3 тоннна (51%), аз 223,3м3 ҳезум 236м3 ҳезум (105%) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 11800,2 тонна ангишт 5157,1 тонна (43,7%) ва аз 9191м3 ҳезум 5091,5м3 ҳезум (55,4%) захира гардидаасту халос. Дар ин байн, вилояти Суғд нақшаи  захираи ангишт  (14265,7 тонна), ҳезум (7045 м3)-ро барзиёд иҷро намудааст. Дар муассисаҳои  таълимии  шаҳру навоҳии  вилояти  Хатлон вазъи омодагӣ  ба зимистони дарпешистода чандон хуб набуда, нақшаи дурнамои  захираи  ангишту ҳезум  ҳатто 50 фоизро ҳам   ташкил намедиҳад. Аз ҷумла, дар шаҳру  ноҳияҳои  Бохтар аз 257 тонна ангишти  нақшавӣ то ин дам 96 тонна (37,4%), аз 252 м3 ҳезум 226 м3 (89,7%), Вахш аз 903 тонна ангишти  ҳамагӣ 27 тонна (3%), аз 897 м3 ягон метри кубӣ ҳезум (сифр), Кӯшониён аз 776 тонна ангишт  121 тонна (15,6%), аз 607 м3 ҳезум 320 м3 (52,7%), Хуросон аз 368 тонна ангишт 86 тонна (23,4%), аз 1000 м3 300 м3 (30%) захира шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои  Ҷ.Балхӣ иҷрои  нақшаи  захираи  ангишт 33,2 %, ҳезум  сифр (0) буда, Ҷайҳун, захираи  ангишт 14,3 % ва ҳезум  55,3 %, А.Ҷомӣ,  ангишт 6,7% ва ҳезум 60%, Дӯстӣ, ангишт 94,7 %, ҳезум 65%, Панҷ,  ангишт 78,1% ва ҳезум 59,8%, Шаҳритус,  ангишт 100% ва ҳезум 100%, Ёвон,  ангишт 2,5% ва ҳезум 59,5%, Леваканд захира нашудааст, ҳезум бошад, 160м3, Носири Хисрав, ангишт 30,8% ва ҳезум 100%, Норак, ангишт 97,4% ва ҳезум 734 м3, Данғара, ангишт 100%, ҳезум 5,9%, Балҷувон, ангишт 18,8%, ҳезум 57,9 м3%, Кӯлоб, ангишт 15%, ҳезум 12,6%, Восеъ, ангишт 17,3%, ҳезум 11,2%, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ангишт 57,3%, ҳезум 49,4%, Фархор, ангишт 54,7%, ҳезум 33,2%, Темурмалик, ангишт 89,6%, ҳезум 24,4%, Ховалинг, ангишт 30%, ҳезум сифр (0), Муъминобод, ангишт 50%, ҳезум 62% ва Шамсиддини Шоҳин, ангишт 95,3% ва ҳезум 7,5%-ро ташкил медиҳад. Дар вилояти Суғд нақшаи захираи  ангишту ҳезум барзиёд иҷро шуда бошад ҳам, ҳанӯз нақшаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо сӯзишвории дизелӣ (аз 7170 литри пешбинишуда 1530 литр захира шудааст) иҷро нагардидааст. Вазъият дар шаҳру навоҳии ВМКБ низ ба талаби  рӯз ҷавобгӯ набуда, дар шаҳри Хоруғ то ҳанӯз ба захира намудани  ангишту  ҳезум шурӯъ накардаанд. Боиси нигаронист, ки то ҳол муассисаҳои таълимии қаламрави  вилоят бо ягон  литр сӯзишвории  дизелӣ  таъмин нашудаанд. Нақшаи захира намудани сӯзишвории дизелӣ 1300 литрро дар бар мегирад. Дар чаҳор ноҳияи  шаҳри Душанбе, дар маҷмӯъ захираи ангишт аз 225,8 тонна ангишт 115,3 тонна (51,1%)-ро ташкил медиҳад. Тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ мувофиқи мақсад набуда, кор дар ин самт  суст ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ҳанӯз ба захира намудани ангишт шурӯъ накардаанд.

Ноҳияи Сангвор нақшаи захираи ангиштро 30,3% ва ҳезумро 61% иҷро намудаву навоҳии Лахш, Тоҷикобод ва Рашт ба захира намудани  ангишт то ҳол оғоз накардаанд.

Ба масъулону мутасаддиёни шаҳру навоҳии вилоятҳои  Хатлону ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ зарур аст, ки аз вазъи мавҷуда хулосаи зарурӣ бароварда, баҳри дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин иҷро намудани нақшаи захираи ангишту ҳезум ва хариди сӯзишвории дизелӣ  чораҳои таъхирнопазир андешанд, зеро вақт мунтазир намешавад.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш