Нашрияи Омӯзгор

Аз технологияи  муосир самаранок истифода барем

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Дар гимназияи ба номи Абулфазли Балъамии шаҳри Ваҳдат бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илм семинар-машварат бо иштироки кормандони идораҳои зертобеи Вазорати маориф ва илми кишвар, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,  раёсати маориф ва директорони муассисаҳои таълимии қаламрави шаҳри Ваҳдат дар мавзӯи «Роҳҳои самаранок истифода бурдани технологияи муосир дар соҳаи маориф дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» баргузор гардид. Директори Маркази технологияи  информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Ғайратшо Гадоев дар оғоз баргузории онро дар самти омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи дастгоҳҳои технологӣ, аз қабили компютеру тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо аз ҷониби устодону омӯзгорон ва хонандагон муҳим арзёбӣ кард. Директори муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия Киромуддин Назаров дар мавзӯи  «Мақсад, вазифа ва самтҳои  асосии Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2000» сухан ронда, зикр намуд, ки ҳадаф аз гузаронидани семинар-машварати мазкур иҷрои бандҳои барномаи давлатӣ аз ҷониби сарварони таълимгоҳҳо, омӯзгорону устодон ва маъмурияти раёсати маорифи шаҳр ба шумор меравад. Тибқи нақша, дар шаҳри Ваҳдат ҳамасола бояд 432 компютер харидорӣ карда шавад. Мавсуф афзуд, ки  банди  дуюми барнома талаб мекунад, ки сарварони муассисаҳои таълимӣ бояд ба чӣ теъдод бо компютеру тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо ниёз доштани таълимгоҳҳои худро ба ҳукумати шаҳр (раёсату шуъбаҳои молия) маълум намоянд. Дар ҳар се моҳ аз рӯйи ин масъала раёсати маорифи шаҳр ба Вазорати маориф ва илми кишвар ҳисоботи худро пешниҳод кунад. Мутаассифона, ин талаби барнома дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла, шаҳри  Ваҳдат ба таври  бояду шояд иҷро намегардад. Сардори раёсати маорифи шаҳр Холмаҳмад  Тӯразода қайд намуд, аз таҳлилу гузоришҳо бармеояд, ки дар  тамоми муассисаҳои таълимии қаламрави шаҳри Ваҳдат норасоии васоити техникии навини муосир ба мушоҳида мерасад. Ҷиҳати  харидории компютеру тахтаи электронӣ ва видеопроекторҳо  ҳукумати шаҳр аз ҳисоби маблағҳои ҷудошуда ба раёсати маориф ва муассисаҳои таълимӣ ҳаддалимкон  кумак мерасонад. Дар ин масъала ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша хеле муҳим аст.

Корманди Хадамоти  давлатии назорат дар соҳаи маориф Ҳамза Наврӯзов суханронии худро ба мавзӯи «Роҳҳои беҳтар намудани сифати таълим тавассути истифодабарии технологияи муосир» (тахтаи электронӣ,  проектор, маводи электронӣ ва интернет) бахшид.  Сармутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат Завқибек Нозимов дар масъалаи  тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки моликияти давлатӣ мебошанд, ҳарф зад. Суханронии чанде аз иштирокдорони дигари машварат низ  ба мавзӯъҳои муҳим бахшида шуданд.

Дар семинар-машварат сарварони муассисаҳои таълимӣ ба музокира баромада, андешаҳои худро оид ба иҷрои бандҳои барнома ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар самти таъмини таълимгоҳҳо бо компютер, тахтаҳои электронӣ ва проекторҳо иброз намуданд.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш