Нашрияи Омӯзгор

Интернет зарар ҳам дорад?

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

 

Албатта, компютер имкониятҳои васеъ дорад ва мутаассифона, баъзан боиси ташвишу нигаронии волидон ҳам мегардад. Мавзӯи суҳбати  чанд нафар аз ҳамсуҳбатонамон ҳам аз ҳамин хусус буд. 

Муҳаммадалӣ  Ҷамолов,

соҳиби «Интернет – кафе», шаҳри Душанбе

- Панҷ сол боз чунин нуқтаи омӯзиширо ташкил дода, дар назди худу ҳамкоронам мақсад гузоштаам, ки ба бачаҳо мустақилона кор бо копютерро омӯзонем. Онҳо аз сайтҳо ва барномаҳо хеле хуб истифода мебаранд, фаъолияти хешро мукаммал мегардонанд. Аммо агар каме беназорат гузорӣ, тамом. Бинобар  ин, ба кормандонам дастур додаам, ки мувофиқи нақша кор бубаранд. Дар мо баъзан паси ҳам ин хел нуқтаҳо ташкил дода, мутаассифона, гоҳо аз таъсири бади он андеша намекунанд.

Шоҳрух Мансуров,

корманди «Интернет – кафе»:

- Ба бачаҳо хеле бодиққатонаю ҷиддӣ назорат бурдан даркор. Агар нигоҳ накунӣ, кӯдакон ба сайтҳое ворид мешаванд, ки пур аз фаҳшу шаҳват аст. Калонсолон ба ин гуна сайтҳо рағбату майли зиёд доранд. Ҳатто баъзеҳо ба хотири ҳамин гуна сайтҳо ба ин ҷо меоянд. Вале мо, албатта, назорат  мебарем. Охир, ахлоқ ва риояи одобу дигар меъёрҳои ахлоқӣ зинати инсон аст.

Бале, назорат кардан пеши роҳи чанд танеро мегирад. Аммо он наврасонеро, ки дар хонаашон компютеру интернет доранд, чӣ тавр назорат кардан мумкин аст? Дар ин масъала бояд калонсолон назоратро пурзӯр намоянд.

Абдулаҳад Комилов,

коршиноси масоили техникӣ:

- Ҳар кор бояд ҳадафмандона бошад.Ман мутмаинам, ки дар аксари оилаҳо падару модарон ба машғулияти фарзандон кам таваҷҷуҳ мекунанд. Бовар дорам, агар онҳо пас аз харидани воситаҳои техникӣ, масалан, компютер тарзи истифодаи онро ба фарзандон фаҳмонда, бо  кадом мақсад аз он истифода бурданро зери назорат бигиранд, ба фоидаи кор хоҳад шуд. Умуман, аз машғулиятҳои фарзандон огоҳ будану онҳоро ба роҳи нек ҳидоят кардан аз вазифаҳои аввалиндараҷаи волидон аст. 

Андешаи  равоншиносон: Олимони бритониёӣ бар он ақидаанд, ки рӯй овардан ба сайтҳои  шаҳвонӣ  метавонад оқибатҳои нохуш дошта бошад. Дар пурсише, ки дар ин хусус дар донишгоҳи Куинс (дар Белфаст) гузаронида шуд, дасту по заданҳо, хӯроккашӣ, садоҳои даҳшатноки яке аз ҳамсарон ба ҳисоби миёна ҳар шаб чилу нуҳ дақиқаи вақти хоби дуюмиро кӯтоҳ месозад. Ин зарари ҷиддӣ ба саломатист ва онро бояд бартараф намуд. Зеро шахсе, ки бо сабаби зиёд кор кардан бо компютер  ва тамошои бозиҳои шаҳвонӣ вақти худро гузаронидааст, дуруст истироҳат накарда, асабонӣ мешавад, ҷанҷол бармехезонад… Бо меъёри муайян кор фармудани ҳам калонсолону ҳам ҷавонон аз интернет ба манфиати кор аст.     

 

Ҳотами Ҳомид,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш