Нашрияи Омӯзгор

Ҷавононро зиракиву ҳушёрӣ мебояд

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 772        Шарҳ: 0

Хатарноктарин зуҳуроти ҷомеаи муосир терроризму экстремизм аст, ки онҳоро «вабои аср» ном  мебаранд.

Барои эмин будан аз ин хатарҳо бояд бо донишу ҷаҳонбинии васеъ мусаллаҳ бошем ва аз  фитнаангезон  ҳамеша дурӣ  ҷӯем, зеро решаи терроризму экстремизм фитнаву дасиса ва иғвогарӣ мебошад.

Имрӯз душманони миллат, ки аслан дар хориҷи кишвар умр ба сар мебаранд, аз дур ба мисли афроди носипосу кӯрнамак дар муқобили давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз фитна  кор мегиранд ва дар сомонаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои ғаразноки худро иброз медоранд. Барои амалӣ намудани амалҳои зишти худ аз ҷавонони ноогоҳу камсавод истифода менамоянд.

Бинобар ин, ҷавонон бояд дарк намоянд, онҳое, ки худро  аз дуриҳо дилсӯзи давлату миллат меҳисобанд, аслан тарафдори манфиати ҳалқу миллат нестанд, балки дар пайи пиёдасозии афкори сиёсие, ки хоҷагонаш барои онҳо талқин мекунанд, мебошанд ва ҳатто наметавонанд аз хатти кашидаи онҳо берун раванд.

Солҳои донишҷӯӣ филмеро тамошо кардам, ки як гурӯҳи манифатхоҳ ҷавононро бо услуҳои хос «манқурт» карда, онҳоро ба манфиати худ истифода мебурданд. Имрӯз онҳое, ки аз хизмати хоҷагони худ қадаме берун рафта наметавонанд, рафтору кирдори онҳо шабеҳи «манқурт» мебошад. Алҳазар аз ин манқуртони ватанфурӯш!

Назокат Қурбонова,

омӯзгори таърихи муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии №57, ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш