Нашрияи Омӯзгор

Барои хонандагони синфи 11 имтиҳонҳои озмоишӣ оғоз ёфт

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 1 октябр имтиҳонҳои озмоиширо барои синфҳои 11 оғоз кард.

Ҳадаф аз баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ, ки дар онҳо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок мекунанд, шинос кардани хатмкунандагон бо тартиби имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла, тарзи иҷрои тест ва пур кардани варақаи ҷавобҳост. Дар имтиҳонҳои озмоишӣ китобчаҳои тести қисми А (имтиҳони умумӣ), ки се субтест – забони тоҷикӣ, математика ва асосҳои давлат ва ҳуқуқро дар бар мегирад, инчунин, варақаҳои ҷавобҳо ба иштирокдорон дар шакле, ки дар имтиҳонҳои воқеӣ истифода мешаванд, пешниҳод мегарданд.

Пас аз анҷоми имтиҳонҳо аз тарафи марказ маълумот дар бораи холҳои бадастовардаи иштирокдорон омода ва ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда мешавад. Хатмкунандагони дар имтиҳонҳои мазкур ширкаткарда, инчунин, дар бораи сатҳи омодагиашон ба имтиҳонҳо аз фанҳои дахлдор маълумот мегиранд.

Тибқи нақша, имтиҳонҳои озмоишӣ дар 22 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор мегарданд. Дар имтиҳонҳои мазкур, ки то 30 октябр давом мекунанд, беш аз 2100 нафар хонандаи синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок мекунанд.

Таҳияи Н. Охунзода

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш