Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз пурҷилотарин ситораҳои осмони беканори адабиёти оламшумуламон мебошад. Ӯ тамоми илмҳои замонашро аз худ карда буд, бо асарҳои безаволаш вайро ҳамчун олим, нависанда, шоир ва файласуф мешиносанд.
Аз ин мутафаккир се девон, “Ҳафт авранг” (ҳафт маснавӣ), асари тарбиявии “Баҳористон”, “Чиҳил ҳадис” ва ғайра мерос мондааст.
Мавлоно Ҷомӣ асари “Баҳористон”-ро соли 1487 барои фарзандаш Зиёуддин Юсуф навиштааст. Ин асар дар пайравии “Гулистон”-и Шайх Саъдӣ офарида шудааст.
“Баҳористон” ба мисли “Гулистон” аз 8 равза (боб) иборат аст.
«Дӯсти ҳақиқӣ он касест, ки ба ҷуз дӯстӣ дигар ғаразе надорад. Онеро, ки барои неъмате ё мансабе ва ё чизаке худро дӯст вонамуд мекунад, махлуқи бешараф, сифлатабъ ва нокас мегӯянд».
Дар равзаи нахуст перомуни дӯст чунин ҳикояте оварда шудааст: “Шиблиро шӯр дар сар афтод, ба бемористон бурданд. Ҷамъе ба назораи вай рафтанд. Пурсид, ки:
-Шумо киёнед?
Гуфтанд:
-Дӯстони ту.
Санг бардошт ва бар эшон ҳамла кард. Ҷумла бигрехтанд.
Бихандид. Гуфт:
-Боз оед, эй муддаиён, ки дӯстон аз дӯстон нагрезанд ва аз санги ҷафояшон напарҳезанд.
Қитъа
Он аст дӯстдор, ки ҳарчанд душманӣ,
Бинад зи дӯст, беш шавад дӯстдортар.
Бар сар ҳазор санги ҷафо гар хӯрад аз ӯ,
Гардад бинои ишқаш аз он устувортар”.
Дӯсти асил аз ҷафои дӯст наметарсад ва намегурезад.
Аз каммеҳрие, ки баъзан дӯст зоҳир менамояд, набояд ранҷид, ба дил кина гирифт ва аз роҳи дӯстӣ берун рафт. Бинои дӯстӣ бояд, ки ҳамеша маҳкаму устувор боқӣ монад.
Танумандӣ, зӯрмандӣ, манманиву калонгапӣ ва зеболибосӣ ҳанӯз аз одамият дарак намедиҳад. Агар дар баробари сурат зебо доштанамон рафтору гуфторамон ҳам хуб мешуд, нуран алонур мебуд. Инсонро хулқу атвораш зебо мегардонад. Дар равзаи дуюм перомуни ин мавзӯъ бисёр ҳикояти аҷиб омадаст, ки моро аз суратпарастӣ мераҳонад: “Искандари Румӣ дар овони ҷаҳонгирӣ бо ҳилаи тамом ҳисореро бикушод ва ба вайрон кардани он фармон дод. Гуфтанд: “Дар он ҷо ҳакимест доно ва бар ҳалли мушкилоти ҳикмат тавоно”. Искандар вайро талаб кард. Чун биёмад, шакле дид, ки аз қабули табъ дур ва табъи аҳли қабул аз вай нуфур. Гуфт: “Ин чӣ сурати ғариб асту чӣ ҳайкали муҳиб?” Ҳаким аз он сухан барошуфт ва хандон-хандон дар он ошуфтагӣ гуфт:
Таъна бар ман мазан ба сурати зишт,
Эй тиҳӣ аз муруввату инсоф!
Тан бувад чун ғилофу ҷон шамшер,
Кор шамшер мекунад, на ғилоф!”
Дар ҳақиқат ҳаким ба Искандар ҷавоби хеле муносиб додааст.
Мавлоно Ҷомӣ таъкид намудааст, ки донишмандону ҳакимонро ба чашми кам дидану ҳақир шуморидан ва ба қадри онҳо нарасидан хуб нест. Хуб мебуд, агар Искандар баробари ба сурату зоҳири ҳаким аҳамият додан, ба донишу ҳунар ва хулқу атвори неки ӯ низ эътибор медод.
Равзаи 7-уми “Баҳористон” аз он ҷиҳат диққатҷалбкунанда аст, ки он ифтихори миллии моро афзун мегардонад. Мо аз ҳикоятҳои ин равза огоҳ мешавем, ки шоиру нависандагони мо чӣ гуна ҳаёт ба сар бурдаанд ва эҷодиёти онҳо чӣ муҳиммияте дорад. Масалан, ҳикояти “Фирдавсӣ” ифтихори моро аз гузаштагон боз ҳам зиёда мегардонад. Шоирони дарбории машҳургардондаи подшоҳон Фирдавсии бузургворро ба мусобиқа мекашанд ва ӯ бо мисраи гуфтааш дар он мушоира ғолиб меояд, вале аз шоҳи ҷоҳилу нодон меранҷад, ки “Шоҳнома”-ро қадр накард.
Ҳикоятҳои равзаи охирин сар то по тамсилиянду панду ҳикматанд. Адиби забардаст безабононро ба сухан дароварда, моро ҳушдор медиҳад, ки ба рафтору кирдори хеш нигарему дар ин дунё номи нек гузорем.
Ҳамчунин, дар дигар бобҳои асари худ Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба хайру саховат, ишқу вафодорӣ, ҷавонмардиву олиҳимматӣ, дӯстиву садоқат... ҳикоятҳои ҷолиб, ҳаҷвияҳои намакин оварда, дар охир ҳар кадом андешаҳояшро бо порчаҳои шеърӣ тақвият бахшидааст ва дар наср низ маҳорати устодии хешро собит намудааст.
“Баҳористон” монанди оби дарё ширину мусаффост, ки хонандаи ташна умре онро нӯши ҷон карда, боз мехоҳад бинӯшад. Ин асарро ҳар қадар, ки бештар мутолиа намоем, ҳамон қадар онро дӯст медорем.
Мирзоалӣ Бобоев,
омӯзгори коллеҷи
омӯзгории шаҳри Ҳисор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр