Нашрияи Омӯзгор

Ҳиммат баланд дор...

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

Бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 дар ҳаёти кишвар оғози марҳалаи нав мебошад.

Махсусияти ин марҳала, пеш аз ҳама, дар он аст, ки бахши хусусии иқтисод ва намояндагони он – соҳибкорон, бо дарки амиқи муҳимияти рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ махсусан, инфрасохтори онҳо, ҷиҳати ривоҷу равнақ додани раванди корҳои ободонии деҳот, вусъатбахшии соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  шуғли хешро такмилу тағйир дода,  батадриҷ, дар баробари соҳибкории тиҷоративу хизматрасонӣ, шакли дигари он – соҳибкории истеҳсоливу бунёдсозиро пешаи худ қарор медиҳанд. Ин комилан як амри табиист, зеро ки ҳар як фарди огоҳ аз рукнҳои рушди иқтисоди ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб мефаҳмад, ки нақши сайёҳии дорои инфрасохтори устувор ва муосир, дар пешрафту шукуфоии ин ё он мамлакат ниҳоят муассир мебошад.

Коршиносон ва иқтисоддонон бар он ақидаанд, ки дар иқтисоди ҷаҳони имрӯза ҳаҷми даромад аз сайёҳии байналмилалӣ баъди нафт ва маводи доруворӣ мақоми сеюмро касб мекунад ва 30 фоизи содироти хизматрасонӣ ба соҳаи мазкур рост меояд. Дар  ин радиф, таъмиру тармим, бунёди роҳҳо, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани онҳо, мукаммалгардонии инфрасохтори деҳоту соҳаи сайёҳӣ, инчунин эҳёву такомули истеҳсоли маҳсули дастони ҳунармандон ва пешкаши муштариёни дохилию хориҷӣ гардонидани дастранҷи ҳунармандон, барои ташаккулёбии сайёҳии дохилӣ ва байналмилалии ҷумҳурӣ заминаҳои асосӣ маҳсуб меёбанд.

Таҳлили фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ - соҳибкорони ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки тайи солҳои охир ҳиссаи бахши номбурда дар самти рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ батадриҷ меафзояд. Масалан, фақат дар нимсолаи якуми соли 2019 дар вилояти Хатлон бо саҳми соҳибкорон 327 биною иншоот ва корхонаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба маблағи  912,4  миллион сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят 83 километр роҳро таъмири асосӣ, 54 километрро таъмири ҷорӣ, 59 пулро таъмир  ва 728 километр роҳро  сангфарш карданд. 

Соҳибкорони ноҳияи Деваштич ва шаҳри Конибодом низ дар ҷодаи азнавсозии роҳҳо ҳиссаи сазовор мегузоранд. Бо мадади моддӣ ва молиявии онҳо беш аз 74 километр роҳҳои ҳудуди ноҳияи Деваштич таҷдиду азнавсозӣ гардидааст. Соҳибкорони шаҳри Конибодом Раҳматҷон Тошматов ва Фаррух Нуъмонов чандин қисматҳои роҳҳои атомобилгарди шаҳрро таъмир ва мумфарш кардаанд.

Бо маблағгузории соҳибкор аз шаҳри Ваҳдат Шамсулло Саъдуллоев корҳои таъмиру тармим, аз он ҷумла, мумфаршкунии роҳи нақлиёти автомобилии деҳаи Меҳрободи деҳоти ба номи Бозорбой Бурунов, ки дарозии он ду километр  ва паҳноии он аз 6 то 8 метрро ташкил медиҳад, анҷом дода шудаанд. Роҳи таъмирёфта маркази шаҳри Ваҳдатро тавассути маҳаллаҳои аҳолинишин бо деҳаи Меҳрободи деҳоти Бозорбой Бурунов мепайвандад.

Тайи ду соли охир бо неруи соҳибкорон дар ноҳияи Нуробод корхонаҳои коркарди шир ва парандапарварӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Чунин мисолҳо дар фаъолияти соҳибкорони дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ҷодаи таъмиру тармим ва бунёди роҳҳои автомобилгард зиёданд.

Ба андешаи мо, омили асосии ҳавасмандсозандаи неруи ақлонӣ ва созандаи аҳли ҷомеаи мо, аз он ҷумла, соҳибкорони асиламон, дар фарҳанги волои мардуми ободгару бунёдкори мо ниҳон аст. Ҳар як қавму миллат ва халқият ё худ хусусияти хосу асосӣ ва фарқкунандаи фарҳангӣ-таърихии худро дорад. Ободкориву созандагӣ дар хуну рагу пайванди хурду бузурги миллати куҳанбунёди мост.

Беҳсозии фазои сармоягузорӣ аз як тараф ва мораторияи санҷиши бахшҳои соҳибкории истеҳсолии бо ташаббуси  Сарвари давлат ҷоригардида аз тарафи дигар, инчунин, пешниҳодгардонии силсилаи имтиёзоти андозиву боҷи гумрукӣ имкон доданд, ки теъдоди соҳибкорон, иқтидори моддӣ ва молиявии онҳо афзоиш ёбад ва ҳамзамон ҳиссагузории соҳибкорон дар рушди тамоми соҳаҳо, аз он ҷумла, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ беш аз пеш гардад.

Дунёбегими  МИРЗОҚАНД,

Савлатшоҳи ХОВАРӢ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш