Нашрияи Омӯзгор

Ҷудо дар кишвар рушд мекунад

Сана: 2019-10-10        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

Дар шаҳри Душанбе толори варзишии «Ҳоҷӣ Шариф» дари худро барои хоҳишмандони риштаи ҷудо боз намуд. Ба ин муносибат миёни Федератсияи ҷудои ҷумҳурӣ, Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳоҷӣ Шариф» ва мураббӣ аз Ҷумҳурии Муғулистон Буувейбаатар Кишикбаяр шартномаи ҳамкорӣ баста шуд.

Директори ташкилоти ҷамъиятии «Ҳоҷӣ Шариф» Эргаш Маҳмадбеков ба мо иттилоъ дод, ки дар ин ҷо кӯдакону наврасони аз 5 то 15-сола дар ду вақт ба тамрин фаро гирифта мешаванд, ки асосан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт мебошанд. Барои бачаҳо беҳтарин шароит муҳайё гардидааст ва ҳадафи мо ин аст, ки ҳар як наврасро ҳамчун қаҳрамони олимпӣ тарбия намоем.

Толорҳои васеи барҳаво ва муҷаҳҳаз диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Ҳамчунин, ҳуҷраи алоҳида барои волидон низ омода мешавад, ки онҳо метавонанд бевосита аз тариқи монитор раванди тамрини фарзандашонро мушоҳида намоянд.  

Устоди варзиш, мураббӣ аз Ҷумҳурии Муғулистон Буувейбаатар Кишикбаяр нозукиҳои варзиши ҷудоро ба варзишгарон меомӯзад. Тавре номбурда қайд кард, дастпарваронаш дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ борҳо ширкат варзидаву ҷойҳои намоёнро ба даст овардаанд.

Ба гуфтаи директори ташкилоти ҷамъиятии «Ҳоҷӣ Шариф» Эргаш Маҳмадбеков, шурӯъ аз соли оянда ба кори клуб мутахассисон аз Ҷопон низ ҷалб карда мешаванд.  Лоиқи зикр аст, ки Эргаш Маҳмадбеков ҳамчун устоди варзиши ҷудо солҳои тӯлонӣ дар Федератсияи Россия фаъолият бинмудаву шогирдони зиёдеро тарбия кардааст, ки ҷудочиёни  шинохта Сомон ва Маҳмадбек Маҳмадбековҳо аз зумраи онҳо мебошанд.

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш