Нашрияи Омӯзгор

Забони модарӣ

Сана: 2019-10-17        Дида шуд: 777        Шарҳ: 0

Лафзи моро Ҳақ зи шаҳди  ноб ато бинмудааст,

З-ин сабаб ширинтарин лаҳне ба тоҷик будааст.

Бо ҳама буду набудаш дар замини зиндагӣ

Шодиовар будаасту қадри мо афзудааст.

Дар ҳама давру замона ин забони шаккарин

Ҳамраҳи тоҷик роҳи мушкиле паймудааст.

Ҳастии миллат ғизо бигрифтааст аз ин забон,

Ҷумларо дода ба душман, бо забон олудааст.

Ҳар ҳиҷою ҳарфи лафзи тоҷикӣ чун парчам аст,

Оқилу созанда буданро ба мо фармудааст.

Моли миллат, шоҳкору сарвату иқболи мост,

Нотавон бинмудани он кӯшиши беҳуда аст.

Зери боли тоҷикону дар мақоми давлатист,

Тоҷикистони шукуфо маҳди аслаш будааст.

Атласин бошад каломи ин забони илму ишқ,

Ифтихори миллии моро басо афзудааст.

Сабки шеъри Рӯдакӣ тоҷиктаборони маро

Бо ҳазоронсола будан сарбаланд бинмудааст.

Бобоҷони НУРЗОД,                                          

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш